Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз Раҷабзода аз Хадамоти гумрук ронда шудааст


Акс аз видеои ТВ Тоҷикистон гирифта шудааст
Акс аз видеои ТВ Тоҷикистон гирифта шудааст

Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, Шаҳбоз Раҷабзода, раиси Терминали рақами 1-и Душанбе баъд аз ҷаласаи рузи 10 май дар ҳузури президент аз кор озод шудааст.

Як масъули дафтари матуботии хадамоти гумрук рузи 13-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбоз Раҷабзода аз сафи ин хадамот, пас аз интиқоди президент Эмомалӣ Раҳмон ронда шуд. "Аз кор дар мақомоти гумрук озод шудааст ва ҳоло дигар дар куҷо аст, барои мо маълум нест," - гуфт ҳамсуҳбати мо. Талошҳо барои пайдо кардани худи Раҷабзода бенатиҷа буд.

Рӯзи 10 май дар мулоқот бо намояндагони соҳаҳои бонку молия ва гумруку андоз президенти Тоҷикистон Шаҳбоз Раҷабзода, корманди баландпояи гумрукро таҳти истинтоқи шадид қарор дод.

Шаҳбоз Раҷабзода писари Музаффар Раҷабзода, сардухтури маркази бемориҳои дил дар беморхонаи Қарияи боло аст. Худи Музаффар Раҷабзода субҳи 13-уми май дар пушти дари утоқи корияш бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат накард ва танҳо бо шунидани ин ки хабарнигор ҳастанд, фавран хост онҷоро тарк кунанд.

Ӯ бидуни шунидаи саволи хабарнигорон зоҳиран бо дарки асли мақсади ташрифи намояндагони матбуот гуфт: "Шахсияти ҳар кас дигар аст. Ҳар кас барои кори кори худаш ҷавоб гӯяд."

Дар саволу ҷавоби бисёр шадидлаҳни президент бо Шаҳбоз Раҷабзода, маълум шуд, ки ӯ давоми ҳамагӣ 1 солу 8 моҳ дар мақоми раҳбари яке аз нуқтаҳои гумрукии муҳими пойтахт кор карда, феълан соҳиби се хона ва як мошин аст. Дар ин муддати кӯтоҳ ӯ аз як лейтенанти оддӣ то рутбаи подполковникӣ расида ба гуфтаи президент 16 маротиба ба хориҷи кишвар сафар кардааст.

Бо вуҷуди иттиҳомоти зиёд раиси ҷумҳур аз Шаҳбоз Раҷабзода хост, ариза нависад ва корро тарк кунад. Вай ҳамҷунин дастур дод, ки Раҷабзода зиёни расонади худро ҷуброн намояд.

Мунтақидон мегӯянд, бо ин амалҳо раисиҷумҳур нақши муфаттишон ва додгоҳро бар душ гирифт. Ба қавли онҳо сарнавишт ва ҷаҳои Шаҳбоз Раҷабзодаро мебоист додгоҳ ҳал мекард.

XS
SM
MD
LG