Масъулини варзишгоҳ пардохт нагардидани маоши кормандонро тасдиқ намуда, гуфтанд, феълан тавони пардохти онро надоранд. Муҳаббат Раҳимова, фарроши варзишгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо ба ҳукумати Ваҳдат муроҷиат кардаанд, ки муздик корашонро бипардозанд, вале посухи манфӣ шунидаанд.
Ҳамсӯҳбатамон гуфт, дар ҳукумат ба ӯ ва ҳамкоронаш гуфтаанд, ки агар намехоҳанд, корро бас кунанд: “Арзу додамонро ба куҷо гӯем, ҳукумати ноҳия рафтем ваъда доданд, лекин пардохт накарданд, боз дубора рафтем гуфтанд, зӯратон омада бошад кор накунед. Дигар ҳеҷ ҷой кор нест, дар куҷо кор кунем? Шавҳари бемор дорам, касе кор намекунад дар хонаводаамон, зиндагиро чӣ хел пеш барем?”.
Хонум Раҳимова афзуд, ҳамагӣ 355 сомонӣ мегирад ва ба ӯ маълум нест, ки маблағҳое, ки аз ҳисоби баргузории чорабиниҳо дар варзишгоҳ ба даст меоянд, ба куҷо мераванд.
Наход музди моро дода натавонанд?
Ӯ мегӯяд: “Консертҳои калон мешавад, бо пардохти пул сокинон ворид мешаванд, як корхонаи калон аст, наход ҳамин маоши моро дода натавонанд.”
Як корманди дигари варзишгоҳ, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба сабаби таъхири зиёд дар пардохти музди кор бархе ҳамкоронаш корро бас кардаанд: “Сенздаҳ моҳ шуд, бе маош кор мекунем, инҷо ба ғайр аз музди кор даромади дигаре нест, касе кори дигар меёбад, меравад. Ҳамагӣ 11 корманд мондааст, ки маош нагирифтаанд."
Ба андешаи ӯ, варзишгоҳ имкони пардохти музди корашонро дорад, зеро бе даромад нест: "Чандин корсертҳои бузург ва дигар чорабиниҳои варзишӣ дар ҳамин ҷо баргузор шуд, зиёда аз 25 ҳазор ҷойи нишаст дорад, ҳар як билетро ба ҳисоби миёна 40 сомонӣ ҳисоб кунед, танҳо аз як чорабинӣ 1 миллион сомонӣ зиёд маблағ ҷамъ мешавад, ҳоло он ки дар баъзе консертҳо одам хеле зиёд меояд, билетҳо то 80 сомонӣ ҳам фурухта мешаванд."
Нишондодҳои буҷа сабаби таъхир?
Дар ҳукумати ноҳияи Ваҳдат аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданднд ва танҳо гуфтанд, ки муассисаи давлатии Варзишгоҳи марказӣ худмаблағгузор буда, бояд масъулинаш ба масъалаи пардохт нагардидани маоши кормандон посух гӯянд.
Диловаршоҳ Давлатшоев, мудири варзишгоҳи Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз сабабҳои пардохт нагардидани маош, камбуд дар иҷрои буҷети ноҳия мебошад. Ӯ мегӯяд, маблағҳои ҷамъоваришуда аз ҳисоби чорабиниҳо ба буҷети ноҳия равона гардидаанд, вале бо далели он ки нақшаи буҷет иҷро нашудааст, ба ниҳоди зери раҳбарии ӯ маблағи кам ҷудо гардидааст.
Ӯ афзуд: “Дуруст аст, ки мо худмаблағгузорем, лекин маблағҳо пурра ба хазинаи буҷети ноҳия гузаронида мешаванд ва мо дастнигарӣ мақомот ҳастем. Ғайри ин муассиса навтаъис аст, баъзан ҳуҷҷатҳои лозимаро надошт. Ҳоло талош карда истодаем , ҳисобу китоб карда истодаем, ваъда доданд, ки ба зудӣ маоши кормандон мешавад”.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, напардохтани музди кор аз ҷониби корфармо поймол намудани ҳуқуқи корманд аст ва набояд камбуд дар иҷрои буҷа, ё мушкили дигари молии як ноҳия ё шаҳр далели таъхир дар пардохти музди корманд шавад.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бар асоси Кодекси меҳнат, ҳуқуқи кормандони Варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат аз ҷониби корфармо нақз шудааст ва онҳо ҳақ доранд барои нагирифтани маошашон ба додгоҳ шикоят баранд.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, аз варзишгоҳҳои калони кишвар ба ҳисоб рафта, моҳи моҳи июни соли 2017 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта буд. Ҳини ба истифода додани ин варзишгоҳ, масъулин гуфтанд, ки барои сохтмони он 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи марказӣ ҷудо гардидааст.