- Раҳбарияти коллеҷ даъвои омӯзгоронро дуруст шумурданд, аммо гуфтанд, ки ҳалли мушкил ба дасти онҳо нест. Мақомоти нерӯгоҳи “Роғун” ҳозир нашуданд, ки вазъиятро шарҳ диҳанд. Онҳо гуфтанд, дар ин бора танҳо ба номаҳои расмӣ посух мегӯянд.
Ба нерӯгоҳи “Роғун”, ки маблағгузорӣ шуд, ба мо ҳам маблағгузорӣ мешавад. Агар не, интизор мемонем
"Аз дӯкони ҳамсоя беш аз 1000 сомонӣ қарздор шудам"
Як устоди Омӯзишгоҳи техникии вобаста ба нерӯгоҳи “Роғун” ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ӯ музди меҳнат ягона манбаи даромад аст "ва барномаи зиндагиашро дар чаҳор моҳи охир ба ҳам задааст". Ҳамсӯҳбати мо рӯзи 27-уми апрел гуфт, борҳо аз раҳбарият ҳаққи худро талаб карданд ва дар ҷавоб инро шуниданд: "Маблағ нест, ҳар вақте пул шуд, маоши худро мегиред."
Корманди дигари омӯзишгоҳ мегӯяд, дар бештар аз се моҳи охир аз дӯкони назди хонааш ба маблағи беш аз ҳазор сомонӣ қарздор шудааст. Ӯ гуфт, "ба ҳар шакле бояд аробаи зиндагиро чархонд. Маҷбур шуда, аз мағоза маводи ғизоиро қарз гирифтам. Азбаски мешиносанд, бовар карданд. Ба умеди он ҳастам, ки маоши се-чаҳормоҳаро диҳанд ва мо зиндагиро ба маҷрои пешина баргардонем."
Шарҳи мудири Омӯзишгоҳ
Коллеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун, ки дар он садҳо донишҷӯ таҳсил мекунанд, дар маҷмӯъ беш аз 50 корманд дорад.
Самариддин Ёқубов, мудири Коллеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун, рӯзи 26-уми апрел шикояти омӯзгорони муассисаи зери раҳбарияшро тасдиқ кард.
Ӯ гуфт, кормандони ин муассисаи таълимӣ аз моҳи январ ба ин тараф маоши худро нагирифтаанд. Ёқубов сабаби таъхир дар пардохти маоши омӯзгоронро Самариддин чунин шарҳ дод: "Ҳозир маблағгузорӣ дар Коллеҷи муҳандисӣ-техникӣ, дарвоқеъ, мушкил дорад. Ба нерӯгоҳи “Роғун”, ки маблағгузорӣ шуд, ба мо ҳам маблағгузорӣ мешавад. Агар не, интизор мемонем.”
Қаблан чанд нафар аз кормандони ширкатҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун” ҳам ба Радиои Озодӣ аз дарёфт накардани ҳаққи меҳнаташон хабар дода буданд. Аммо он вақт раҳбарияти нерӯгоҳ чунин иддаоро рад намуданд.
Тарҳи "Роғун"
Нерӯгоҳи "Роғун" яке аз тарҳҳои муҳими Тоҷикистон ном бурда мешавад. Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон соли 2019 ба сохтмони он аз будҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) ҷудо кардааст. Соли гузашта барои сохтмони Роғун кишвар 4,7 миллиард сомонӣ равона карда буд, ки аз он 3,4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби будҷа ва боқӣ аз пули евробондҳо ба даст омада буд.
Ҳарчанд Тоҷикистон то ба ҳол бештар бо маблағҳои худӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро давом медиҳад, аввали моҳи апрел ин кишвар барои ҷалби сармоя ба идомаи ин сохтмон аз Бонки Ҷаҳонӣ кумак хост.
Мушкили маоши омӯзгорон
Дар Тоҷикистон бо таъхир пардохта шудани маоши омӯзгорон ҳодисаи нав нест. Сари чанд вақт омӯзгорон аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон дар ин бора шикоят мекунанд.
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, азбаски ин муассиса дар тобеияти “Роғун” аст, маоши муаллимон аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ пардохта мешавад. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорат гуфт, “дар сурати ҳал нашудани мушкил, Вазорати маориф метавонад бо ирсоли номаи расмӣ ба мақомоти маҳаллӣ ҳалли онро талаб кунад. Дар ғайри сурат, Вазорати маориф ва илм ба Вазорати молия ва ба номи сарвазири Тоҷикистон мактуби расмӣ мефиристад.”
Омӯзгорӣ дар Тоҷикистон аз касбҳое ҳаст, ки ба қавли худи муаллимон заҳмати зиёд металабад, аммо маоши кам дорад. Ба омӯзгорон аз тақрибан 500 то 1500 сомонӣ маош дода мешавад. "Ҳаминро ҳам на ҳамеша саривақт ва пурра ба даст мегирем. Аз музди меҳнати мо барои обуна ба нашрияҳои расмӣ ва корҳои ободонӣ ҳам мегиранд", -- гуфт як омӯзгор.