Ҳамоиши хонаводаҳои ҷангиёну террористон бо ҷомеа – мавзӯи нишастест, ки 16-17 май қарор аст дар Душанбе бо ташаббуси Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Дар ин бора рӯзи 8 май дафтари матбуоти ин сохтор дар Душанбе хабар дод. Ин нишаст дар ҳошияи конфронси байналмилалии “Ҳамкориҳои байналмилаливу минтақавӣ дар амри мубориза бо терроризм ва манобеи маблағгузори он” ташкил хоҳад шуд. Ин конфронсро ҳукумати Тоҷикистон, СММ ва Иттиҳодияи Аврупо муштаракан барпо хоҳанд кард.
Нишасти мазкур дар шароите барпо мешавад, ки охири моҳи апрел ҳукумати Тоҷикистон аз Ироқ бо як ҳавопаймо 84 кӯдаки то 18-сола - фарзандони ҷангиёни тоҷикро ба ватан баргардонид. Модарони ин кӯдакон, ки 43 нафар гуфта мешавад, дар зиндонҳои шаҳри Бағдоди Ироқ ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки баргардони кӯдакон ба ватан баъди он имкон дод, ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ҳукумати Ироқ ҳамкориҳои наздику ҳамаҷонибаи дипломатӣ барпо кард. Дар навбат нақшаи бозгардони ин занон ба Тоҷикистон аст, ки бояд бар асоси созишномаи истирдоди зиндониҳо сурат гирад. Фаъолон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ба ҷомеа ҳамоиш ёфтани ин шаҳрвандон хеле муҳим аст, ба он хотир, ки ояндаи хубу бидуни хушунат дошта бошанд. Аксари занону кӯдакон, ки баъди соли 2014 ба манотиқи ҷангзадаи Ховари Миёна зери парчами “Давлати исломӣ” рафтаанд, қурбонии тасмимҳои харобкоронам ҳамсару бародаронашон меноманд. Аз Тоҷикистон ба ин ҷангҳо беш аз 1900 шаҳрванд рафтааст.