Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ОSCE аз Тоҷикистон хост, бастани сайтҳоро бас кунад


Ҳарлем Дезир
Ҳарлем Дезир

Як масъули баландпояи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз давлати Тоҷикистон хост, дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва хадамоти Гуглро барқарор кунад.

Ҳарлем Дезир, намояндаи созмон дар умури озодии матбуот рӯзи 7-уми май дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Ман аз мақомот дархост мекунам, ки дастрасии комил ва номаҳдуди шаҳрвандон ба расонаҳои интернетӣ, чӣ миллӣ ва чӣ байналмилалӣ ва ҳамчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷустӯҷугарони интернетиро фароҳам кунад.”

Ҳарлем Дезир афзудааст, бидуни дастрасии бемамониат ба интернет озодии баён вуҷуд надорад.

Дар ду ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Твиттер, Ютуб, Вотсапп, Вайбер ва Телеграмм баста буд. Корбарон ҳамчунин шикоят доранд, ки онҳоро аз ҳаққи дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ ба мисли Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва Авесто маҳрум кардаанд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, ки масъули созмон дар умури озодии матбуот борҳо масъалаи бастани вебсайтҳо ва дигар манобеи хабарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро бо мақомоти кишварҳои минтақа дар миён гузоштааст.

XS
SM
MD
LG