- Дар ҳоли ҳозир як киловатт-соат нерӯи барқ барои аҳолӣ тақрибан бист дирам, муодили беш аз ду сенти амрикоӣ аст. Сокинон мегӯянд, бе ин ҳам қимати барқ дар Тоҷикистон гарон аст ва афзоиши паёпайи он ба будҷаи хонаводаҳо зарба мезанад.
Ба рақамҳое, ки "Барқи Тоҷик" меорад, намешавад чандон бовар кард, чун кори ширкат шаффоф нест. Вақте ҳисобу китоби ширкат шафоф нест, созмонҳои байналмилалӣ бо кадом асос аз боло бурдани нархи барқ ҷонибдорӣ мекунанд?
Боло бурдани нархи барқ яке аз нуктаҳои барномаи наҷоти ширкати "Барқи Тоҷик" аст, ки ҳукумати Тоҷикистон таҳия кардааст. Нусхаи барнома рӯзи 26-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Мувофиқи барнома нархи барқ дар соли 2025 ба ҳолате мерасад, ки хароҷоти "Барқи Тоҷик"-ро рӯйпӯш кунад. Ба таъкиди муаллифон, айни замон "Барқи Тоҷик" нерӯи барқро бо нархе мефурӯшад, ки "хароҷоти тавлиди онро рӯйпӯш намекунад ва бинобар ин ҳар рӯз зиёни молии ширкат бештар мешавад".
Ташхиси аудитории "Барқи Тоҷик" собит кардааст, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст. Аудит ё ташхиси ҳисобдории "Барқи Тоҷик"-ро ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL, марказаш дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия анҷом дода буд. Аудиторон дар яке аз бандҳои хулосаашон навишта буданд, ки фаъолияти "Барқи Тоҷик" "бо номуайянии амиқ рӯбарӯ аст".
Мақомоти "Барқи Тоҷик" мегӯянд, қарзи ширкат ба 22,9 миллиард сомонӣ, муодили 2,4 миллиард доллар расидааст. Аз ин ҳисоб як миллиард сомонии он қарзи аҳолӣ аз ширкат гуфта мешавад. Рақаме, ки сокинон шубҳаовар медонанд.
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ кумак хост ва чӣ шунид?
Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои тарҳи наҷоти "Барқи Тоҷик" аз Бонки Ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари байналмилалии молӣ кумак хостааст. Аз миёни созмонҳо, Бонки Ҷаҳонӣ барои кумак ба Тоҷикистон ризоият додааст. Интизор меравад, ин созмон дар доираи лоиҳаҳои "Барнома барои натиҷа" тарҳи наҷоти "Барқи Тоҷик"-ро низ сарпарастӣ кунад.
Ҳанӯз маълум нест, Бонки Ҷаҳонӣ барои ин барнома чӣ миқдор маблағ ҷудо карданист. Вале ин бонк пешнависи барномаи кумак ба "Барқи Тоҷик"-ро таҳия карда, таъсири иҷтимоӣ ва экологии онро муайян намудааст.
Дар ин пажуҳиш иқтисоддонҳо 7 сабаби нокомӣ ва вазъи бади молии ширкати "Барқи Тоҷик"-ро номбар кардаанд, ки фурӯши барқ бо нархи камтар аз хароҷоти тавлиди он яке аз онҳост.
Бинобар ин, муаллифон боло бурдани нархи нерӯи барқро барои ба эътидол овардани вазъи молии "Барқи Тоҷик" ва пурсамар кардани кори он ногузир хондаанд.
Айни замон Бонки Ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки болоравии нархи барқ ба будҷаи хонаводаҳои нодор зарба мезанад ва маҳз бинобар гароншавии нархи барқ эҳтимол тақрибан 58 ҳазор нафар зери хатти фақр қарор бигиранд.
"Нархи барқро боло баред, вале..."
Боло бурдани нархи барқ, ки ба ҳар хонавода таъсир хоҳад дошт, иқдоми дардноке хоҳад буд ва эҳтимол норозигии иҷтимоиро низ дар пай дорад. Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ менависад, барои маҳор кардани таъсири бади гароншавии нархи нерӯи барқ ба хонаводаҳои фақир дар Тоҷикистон солона на кам аз 400 сомонӣ ҷубронпулӣ дода шавад.
Тоҷикистон аз соли 2011 бо ташвиқи созмонҳои байналмилалӣ барномаи кумаки инфиродии иҷтимоиро роҳандозӣ кардааст. Ҳукумат дар аввал пардохти кумакпулиҳоро танҳо дар ду ноҳия -- Ёвон ва Истаравшан -- ба таври санҷишӣ ба роҳ монд. Айни замон ҳудуди 100 ҳазор хонавода дар 40 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ камбизоат эътироф шуда, соле 400 сомонӣ аз давлат кумак мегиранд. Қарор аст, то соли 2020 ҳама минтақаҳои кишвар шомили ин барнома шуда, ҳудуди 200 ҳазор хонавода аз ин кумакҳо баҳравар шаванд.
Коршиносон: Ташвиқот суолбарангез аст
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, беш аз 90 дарсади барқи Тоҷикистон аз ҳисоби нерӯгоҳҳои обӣ ба даст меояд, ки нерӯи барқи арзонтарин ба шумор меравад.
Анатолий Колесниченко, муҳандисе, ки таҷрибаи беш аз 30-солаи кор дар Тоҷикистонро дорад, гуфт, борҳо даъвати созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳониро барои боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон шунидаву хондааст.
"Аммо дар ягон ҳисобот ва пажӯҳиши ин бонкҳо нахондаам, ки асоснок нишон дода бошанд, нархи истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон чанд аст. Ба он рақамҳое, ки "Барқи Тоҷик" меорад, намешавад чандон бовар кард, чунки кори ширкат шаффоф нест. Вақте ҳисобу китоби ширкат шафоф нест, ба кадом асос созмонҳои байналмилалӣ аз боло бурдани нархи нерӯи барқ ҷонибдорӣ мекунанд", -- гуфт ҷаноби Колесниченко.
Ин коршинос дар тақвияти гуфтаҳояш аз таҷрибаи ширкати "Помир Энерҷӣ" ёдовар шуд, ки "бинобар ҳисобу китоб ва муҳосиботи шаффоф вазъи молии хуб дорад" ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро бо нерӯи барқ таъмин мекунад.
Бино ба таърифаҳои тасдиқкардаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳоло "Барқи Тоҷик" як киловатт-соат нерӯи барқро ба аҳолӣ ба қимати 19,37 дирам мефурӯшад. Корхонаҳо, ба истиснои ширкати “Талко” ва корхонаи металлургии Ҳисор, як киловатт-соат нерӯи барқро ба 47 дирам мехаранд.
Дафъаи охир моҳи ноябри соли гузашта нархи барқ дар Тоҷиикстон понздаҳ дарсад афзуда буд. Мақомот дар посух ба норозигии ошкору ниҳони сокинон гуфта буданд, ки барои баргардондани қарзи ширкат ба ин кор маҷбур буданд.