Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба муаллифи "Модар фаришта буд" дар Афғонистон ҷоиза доданд


Озар Салим, шоири тоҷик
Озар Салим, шоири тоҷик

Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон ба Озар Салим, шоири тоҷик ҷоизаи "Килки заррин»-ро тақдим кардааст.

Озмун барои дарёфти ҷоизаи "Килки Заррин" аз соли 2010 доир мешавад ва дар он ҳамасола шоирону нависандагони форсизабон бо пешниҳоди китоб ва ашъор иштирок мекунанд.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон рӯзи 23-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон нома дастрас карданд, ки шоири тоҷик барранда шудааст”.

Ӯ гуфт, ки имрӯз, 23-уми апрел дар як маросими вижа ҷоизаи “Килки заррин” ба намояндаи сафорат супурда мешавад. “Қадрдонӣ ва эътирофи шеъри тоҷик дар ду соли ахир боиси фахри мо ҳаст”-гуфт Имомов.

Шоир Озар Салим, ки дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад, соли гузашта бо эҷоди шеъри “Модар фаришта буд” шинохта шуд.

Дар як соли ахир беш аз 20 сарояндаи тоҷик, аз ҷумла Афзалшоҳи Шодӣ, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Эркин Одинаев, гуруҳи "Сорбон”, Содиқ Холов, Фаридуни Хуршед ва Хосияти Зарафшонӣ ба ин шеър оҳанг бастаанд ва онро суруданд.

XS
SM
MD
LG