Пайвандҳои дастрасӣ

 
Комроншоҳ  ва Темур аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҷоиза бармегарданд
Хабари нав

Комроншоҳ  ва Темур аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҷоиза бармегарданд


Темур Раҳимов
Темур Раҳимов

Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов, паҳлавонони номдори тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Ба иттилои Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 273 варзишгар (174 мард ва 99 зан) аз 40 кишвар ширкат дошт. Варзишгарон аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо – 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон барои дарёфти медалҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ҳафт гуштигир дохил буд:

Хайёмиддин Ҷабборов (-66 кг),

Сомон Маҳмадбеков (-73 кг),

Акмал Муродов (-81 кг),

Комроншоҳи Устопириён (-90 кг),

Саидҷалол Саидов (-100 кг),

Темур Раҳимов (+100 кг) ва

Шакармамад Мирмамадов (+100 кг).

Рӯзҳои 20-21-уми апрел қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни занон дар вазнҳои 48 кг, -52 кг, -57 кг, -63 кг, -70 кг ва байни мардон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг, -73 кг ва -81кг баргузор шуданд.

Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни зери 66 кило ҷойи панҷумро гирифт. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар Тони Ломо (Ҷазираҳои Соломон), Кензо Тагава (Ҷопон), Баскҳу Йондонперенлей (Муғулистон) ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале ӯ дар нимфинал аз Ерлан Серикжанови қазоқ, ки ғолиби ин вазн гардид, шикаст хӯрд. Баъдан қувваозмоиро барои ҷойи сеюм ба Артур Те (Қирғизистон) бохт.

Сомон Маҳмадбеков низ дар вазни зери 73 кило ҷои панҷумро азони худ кард. Ӯ дар даври аввал бар Рентаро Нагами азҶопон, дар даври дуюм бар Оқилбек Серик аз Қазоқистон дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз Муҳаммад Муҳаммадӣ, варзишгари Эрон, шикаст хурд. Сомон дар даври тасаллобахш бар намояндаи Австралия Калвин Кноестер пирӯз шуд, аммо дар рақобат барои ҷойи сеюм аз Ҳикматулло Тураеви узбекистонӣ мағлуб шуд. Дар ин вазн Тсогтбаатар Тсенд-Очир, ки дар финал бар Чангрим Ан (Кореяи Ҷанубӣ) дастболо шуд, бо медали тилло сарфароз гашт.

Акмал Муродов дар вазни зери 81кило баъд аз пирӯзӣ бар Ҷобир Алҳазрӣ аз Арабистони Саудӣ, дар даври дуюм аз Ласай Жа аз Чин шикаст хӯрд. Дар ин вазн Ууганбаатар Отгонбаатар (Муғулистон), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ Шарофиддин Болтабоеви узбекистониро шикаст дод, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Имрӯз, 22-юми апрел, қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни занон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг ва байни мардон дар вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100 кг баргузор шуданд.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни зери 90 кило рақобатро аз даври дуюм оғоз кард, нахуст Давлат Бобонови узбекистониро шикаст дод. Баъдан бар гуштигири Чин Небилиг Бу ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Комроншоҳ дар нимфинал бар Ислом Бозбоеви қазоқ дастболо шуда, ба финал баромад. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Косуке Машияма (Ҷопон) мағлуб гардид ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Машияма бо медали тилло, Бозбоев ва Небилиг Бу бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён ду бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё - дар Тошканди Узбекистон (соли 2016) ва Ҳонконг (соли 2017) - дар вазни зери 90 кило бо медалҳои тилло сарфароз шудааст. Зимнан, ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин ва ягона варзишгарест, ки ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Саидҷалол Саидов, ки дар вазни зери 100 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Ҳусайн Шоҳ (Покистон) шикаст хӯрд. Дар ин вазн Отгонбаатар Лхагвасурен (Муғулистон), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ҷонгҳун Вон (Кореяи Ҷанубӣ) ғолиб омад, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Дар вазни беш аз 100 кило Тоҷикистонро ду нафар намояндагӣ карданд. Темур Раҳимов, ки рақобатро аз даври дуюм шуруъ кард, бар Ракан Зайдон (Арабистони Саудӣ) пирӯзӣ ба даст овард. Сипас бар Дууренбаяр Улзиибаяр (Муғулистон) ғолиб омада, ба нимфинал баромад. Темур дар даври ниманиҳоӣ бар Юрий Краковетский аз Қирғизистон ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Сунгмин Ким (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд ва барои аввалин бор бо медали нуқраи қаҳрамонии Осиё мукофотонида шуд. Сунгмин Ким бо медали тилло сарфароз гашт.

Шакармамад Мирмамадов, ки дар даври аввал бар варзишгари Чин Йонгҷе Йин ғолиб шуд, дар даври дуюм бар Лиам Парк (Австралия) пирӯз гашт. Вале баъдан аз Сунгмин Ким (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, Бекболот Токтогоновро аз Қирғизистон мағлуб кард. Мирмамадов барои ҷойи сеюм аз Юрий Краковетский аз Қирғизистон мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб намуд. Минҷонг Ким (Кореяи Ҷанубӣ) ва Краковетский барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Ба ин тартиб, шоми имрӯз, 22-юми апрел, ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон ва дар вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100 кг байни мардон маълум шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Муғулистон бо касби 8 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 11 медал (2 медали тилло, 3 нуқра ва 6 медали биринҷӣ) ҷойи севумро аз они худ карданд. Дастаи Тоҷикистон бо ду медали нуқра ва 3 ҷойи панҷум дар байни 40 кишвар дар ҷойгоҳи 8-ум қарор гирифт.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи сешанбеи 23-юми апрел бо қувваозмоиҳои даставии омехта ба анҷом мерасад.

XS
SM
MD
LG