Назарсанҷиҳо дар остонаи интихобот нишон дод, ки рақиби 41-солаи ӯ, ҳаҷвнигор Владимир Зеленский тарафдорони бисёр зиёд дорад. Дар як назарсанҷии “Рейтинг” - як муассисаи таҳқиқи афкори умум аз рӯзи 18-уми апрел тақрибан 58 дар сади мардум гуфтаанд, ба тарафдорӣ аз Зеленский раъй медиҳанд. Фақат 21 дар сад гуфтаанд, ки дар интихоботи рӯзи 21-уми апрел Петро Порошенкоро дастгирӣ мекунанд.
Владимир Зеленский, ки асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғибот мебурд ва аз мубоҳисаҳои сиёсӣ парҳез мекард, ба сабаби иқтисоди заиф, фасоди густурда ва ҷанги 5-сола дар шарқи Украина ҳаводорони зиёде ба даст овард.
Владимир Зеленский рӯзи 19-уми апрел дар мубоҳисаи сиёсӣ бо Петро Порошенко гуфт, ки “сиёсатмадор нест ва фақат як фарди оддӣ аст”, ки мехоҳад, низоми феълиро бишканад.
Петро Порошенкои 53-сола гуфт, Зеленский таҷриба надорад ва наметавонад, дар баробари Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия биистад. Ӯ афзуд: “Ту як сарвари заифи давлат хоҳӣ буд, ки наметавонад, худро аз зарбаҳои Путин муҳофизат кунад.”
Владимир Зеленский дар даври аввали интихобот дар рӯзи 31-уми март бештар аз ҳама ва 30 дар сади раъй мардумро ба даст овард. Порошенко фақат 16 дар сади овозҳоро соҳиб шуд ва аз рақибаш ақиб монд.
Ҳаҷвнигори украинӣ гуфтааст, ки тарафдори узвияти кишвараш дар Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ аст, вале ҳарфи ниҳоиро дар ин бора бояд мардум дар раъйпурсии умумӣ бизанад. Ӯ таъкид кардааст, ки Русия бояд нимҷазираи Қримро, ки соли 2014 ба қаламраваш ҳамроҳ кард, ба Украина баргардонад ва ҷуброн бипардозад.
Владимир Зеленский гуфтааст, ки барои ҳалли муноқиша дар шарқи Украина, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия онҷоро мустақил эълон кардаанд, бо бо Маскав мустақим гуфтугу кунанд. Русия ингуна пешниҳодро рад карда гуфтааст, ки ин муноқиша кори дохилии Украина аст аз Киев хостааст, бо ҷудоиталабон вориди гуфтугу шавад. Дар ин ҷанг дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск аз соли 2014 ба ин тараф 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят моҳи ноябри соли 2016 қароре содир кард, ки бар асоси он ҷанг дар шарқи Украина “муноқишаи байналмилалии мусаллаҳона байни Украина ва Русия аст”.
Петро Порошенко рӯзи 18-уми апрел зимни корзори тарғиботаш гуфт, “эксперимент (озмоиш) кардан бо мақоми раиси ҷумҳур ва фармондеҳи олӣ “ дар ин замон бисёр хатарнок аст ва аз мардум хост, як бори дигар ба ӯ имкон бидиҳанд. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Як бори дигар аз шумо мехоҳам, ки маро бубахшед. Ман аз он чӣ бисёр нороҳат ҳастам, ки баъзе аз корҳоро натавонистем, ба сомон расонем.”
Тарафдорони Петро Порошенко ӯро барои кӯмак ба артиши маҳрум аз васоили лозим ситоиш мекунанд. Дар замони Виктор Янукович, раиси ҷумҳури пешин, ки соли 2014 зери фишори тазоҳуроти мардум аз Украина гурехт, артиши ин кишвар маблағгузории хуб надошт.
Ӯ ҳамчунин бо Иттиҳодияи Аврупо созишномаи мушорикатро имзо кард ва барои сокинони кишвараш шароит фароҳам сохт бе гирифтани раводид ба кишварҳои узви ин иттиҳодияи сафар кунанд. Ӯ бо талоши зиёд, Усқуфи Константинополро водор кард, ки калисои Украинароаз тобеияти Калисои Православии Русия хориҷ кунад.