Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Задухӯрд"-и бераҳмонаи Порошенко ва Зеленский. ВИДЕО


Петр Порошенко ва Владимир Зеленский.
Петр Порошенко ва Владимир Зеленский.

Дар варзишгоҳи Олимпии Киев шоми 19-уми апрел баҳси рӯбарӯйи номзадҳои интихоботи президентии Украина: раисиҷумҳури феълӣ Петр Порошенко ва рақиби ӯ, ҳунарпеша ва ҳаҷвнигор Владимир Зеленский баргузор шуд.

Ибтидо дар варзишгоҳ ду саҳна сохта буданд ва ҳар номзад бояд рӯйи саҳани худ қарор мегирифт, аммо ғайримунтазира Порошенко ба саҳнаи Зеленский баромад ва ҳарду номзад дар саҳна суханронӣ карданд.

Бино ба қуръапартоӣ, баҳсро дастаи Зеленский сар кард. Мубоҳисаро рӯзноманигорон Андрей Куликов, ки аз ҷониби ситоди Порошенко пешниҳод шуда буд ва Елена Фроляк аз тарафи ситоди Зеленский гардонандагӣ карданд.

Шабакаи телевизионии Настоящее Время аз ҷараёни мубоҳиса гузориши зинда нашр кард ва гуфтугӯ ҳамзамон ба забони русӣ баргардон шуд.

Суханони шавқангезе, ки дар рафти ин баҳси рӯбарӯ садо доданд, чунин буданд:

"Соли 2014 ман барои Шумо овоз додам, ҷаноби Порошенко. Акнун дар ин ҷо, дар муқобили Шумо истодаам ва ман иштибоҳи Шумоям, ҷаноби президент", – Зеленский.

"Шумо мегӯед, ки машқи сарбозиро сар кардаед, Владимир, лек мебоист инро чаҳор сол пеш, вақте ки аз хидмати ҳарбӣ гурехтед, сар мекардед", – Порошенко.

"Имрӯз мо дар пеши чашми худ бесалоҳиятии комилро мебинем", – Порошенко роҷеъ ба суолҳои Зеленский.

"Агар Шумо дар ҷабҳаи ҷанг мебудед, медонистед, ки ба сари мардуми Дебалтсево чӣ омад ва дар Иловайск чӣ мегузарад", – Порошенко дар бораи он ки Зеленский ҳаргиз дар ҷабҳа набудааст.

"Агар медонистед, ки ман кишварро дар соли 2014 дар чӣ ҳоле қабул кардам, бе захираи тило ва пул, бе артиш, бе будҷа, баъд мефаҳмидед", – Порошенко дар бораи дастовардҳояш.

"Дар панҷ соли сарварии ман мо барои Украина бештар аз оне кор кардем, ки дар 25 соли гузашта кардаанд. Он вақт Шумо куҷо будед? Дар Русия?" – Порошенко.

Баҳси тунди Порошенко ва Зеленский:

Баҳси тунди Порошенко ва Зеленский
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

"Шумо он вақт аз будҷаи Русия пул мегирифтед ва дар ҳаҷвияҳои худ Украинаро фоҳиша нишон медодед", – Порошенко роҷеъ ба эҷодиёти Зеленский.

"Шумо ба ҳавопаймое савор мешавед, ки пилоташ навшогирд бошад? Ва зери теғи ҷарроҳе мехобидед, ки анун корро меомӯзад? Давлати моро таҳқир накунед", – Порошенко дар бораи он ки Зеленский дар мақоми президент "корро хоҳад омӯхт".

"Ман аз касе пинҳон нашудаам, одами ҷамъият ҳастам. Чаро Шумо президент ҳастеду дурӯғ мегӯед?" – Зеленский дар бораи гурехтан аз хидмати ҳарбӣ.

"Ман аз оғози ҷанг ба Русия нарафтаам, ин гапи дурӯғ аст", – Зеленский дар бораи консертҳо дар Русия.

"Ман ҳаргиз бо Путин гап назадаам, мисли Шумо, ки шахсан гап задаед ё бо миёнаравии Медведчук", – Зеленский.

"Шумо гуфтед, ки гурбае дар халтаам. Гурба будан беҳтар аст аз гургу будан дар пӯсти гӯсфанд", – Зеленский.

"Тамоми чизе, ки Владимир мегӯяд, дурӯғи маҳз аст", – Порошенко.

"Президент набояд олигарх бошад, вай бояд намояндаи халқи украин бошад", – Зеленский.

"Как дезертир будет главнокомандующим?" Порошенко о Зеленском перед дебатами
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

​Ин нахустин баҳси рӯбарӯйи ду номзад буд. Андешаи баргузории он дарҳол пас аз эълони натиҷаҳои давраи аввал садо дода буд. Он гоҳ Зеленский 30 дарсад ва Порошенко ҳамагӣ 16% овоз гирифтанд. Маҳз Зеленский рақиби худро ба баҳси тан ба тан дар варзишгоҳ даъват намуд.​

Бино бар назарсанҷиҳои охири Пажуҳишгоҳи байнулмилалии ҷомеашиносии Киев, эҳтимол меравад дар даври дувум Зеленский 48,4% ва Порошенко 17 дарсад раъй оваранд. Ҳамзамон 17,9 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG