Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди муҳлати боздошти 12 маллоҳи Украина


Чаҳор нафар аз маллоҳони Украина дар додгоҳи Лефортово.
Чаҳор нафар аз маллоҳони Украина дар додгоҳи Лефортово.

Додгоҳе дар шаҳри Маскав муҳлати боздошти чанде аз 24 маллоҳи украиниро, ки моҳи ноябр дар наздикиҳои нимҷазираи Қрим дастгир шуданд, тамдид кард.

Додгоҳи ноҳияи Лефортово рӯзи 17-уми апрел баъди шунидани дархости додситонҳо қарор кард, ки 12 маллоҳ то рӯзи 24-уми июл то замони анҷоми тафтиши парвандаашон дар боздошт бимонанд. Муҳокима дар се толори алоҳида ва дар ҳузури хешовандони сарбозон сурат гирифт.

Сарбозони Украинаро дар зиндони Лефортово нигаҳ медоранд ва ҳангоми муҳокима як нафар дар назди додгоҳ дар даст шиоре бо ин мазмунро дар даст дошт: “Маллоҳони Украинаро раҳо кунед”. Неруҳои баҳрии Русия рӯзи 25-уми нобяри соли гузашта ба сӯи се киштии Украина дар гулугоҳи Керч оташ кушоданд ва онҳоро дастгир карданд.

Киштиҳо мехостанд, аз Баҳри Сиёҳ ба бандари Мариуполи Украина дар Баҳри Азов бираванд. Русия гуфт, ки киштиҳо ғайриқонунӣ ба қаламравҳои обии он кишвар ворид шудаанд ва маллоҳони Украинаро ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам кард. Украина ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG