Дар ҳар шаҳру марказҳои ноҳия ва ҷамоату ҳатто деҳаҳои Тоҷикистон эълону овезаҳои ширкатҳои хусусӣ муҳоҷирони кориро ба сафари Русия бо автобусу микробусҳо мехонанд. Вале ин сафари назар ба ҳавопаймову қатора арзон, вале тӯлонӣ, сарсониву саргардонӣ ва азобу машаққатҳои муҳоҷиронро низ ба ҳамроҳ доштааст.
Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, баъзан ширкатҳо онҳоро мустақиман ба Русия набурда, дар Қазоқистон ҳаволаи тақдир мекунанд. Гурӯҳе аз чунин муҳоҷирони корӣ рӯзи ҷумъаи 12-уми апрел бо Радиои Озодӣ тамос гирифта, аз дармондани худ дар шаҳри Петропавловск Қазоқистон ва саргардон мондани худ хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки ширкати "Далер Осиё" онҳоро то Русия набурд ва дар ин шаҳри Қазоқистон ба ҳоли худашон вогузор кард.
Масъулони хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мегӯянд, ки иҷозаи бурдани сокинон ба Русия бо автобусро ба раҳбаладон вазорати нақлиёти кишвар медиҳад.
Зайнура Шарифӣ, сардори Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мегӯяд, кормандони ин ниҳод аз мушкили муҳоҷирони кории дар роҳ дармонда тавассути шабакаи ҷаҳонӣ бохабар шудаанд. Ӯ афзуд, мусофирон сокинони Ҳисор буданд, ки ширкати "Далер Осиё" ба Русия мебурд, вале ба сабаби нуқсони техникии автобус, онҳоро дар Петропавловски Қазоқистон дар нимароҳ гузошт. "Вале аз рӯи маълумотҳое, ки мо дорем, он мусофирони тоҷик сафари худро ба Русия давом дода, то шаҳри Екатеринбург расидаанд",-афзуд ӯ.
Вале маълум нест, ки муҳоҷирони кории тоҷикро ширкати мазкур то Русия бурд ё ба қавле "бо пойи худ" ба ҷойҳои кории худ расиданд. Шуморае, ки гурӯҳи муҳоҷирон аз шаҳри Петропавловски Қазоқистон ба Радиои Озодӣ занг заданд, хомӯш аст, то аз забони худи онҳо бишнавем, ки худро чӣ тавр то Русия расониданд.
Ба қавли хонум Шарифӣ, бори аввал нест, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар роҳ ба сӯи Русия ба чунин мушкил рӯбарӯ мешаванд. Дар зимистони гузашта низ гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон дармонданд ва пас аз машаққатҳо, бо мусоидати ин ниҳод сафари худро ба сӯи ватан идома доданд.
"Мушкил техникӣ буд"
Дар ҷои аз ҳама серодами шаҳри Хуҷанд назди бозори "Панҷшанбе", ширкати хусусии "Далерҷон" лавҳа гузошта, муҳоҷирони кориро ба сафари Русия дар автобус даъват мекунад.
Рӯзи душанбеи 15-уми апрел Саидолим Ҳақназаров, сардори ширкати "Далерҷон" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мусофирони автобуси ҳамин ширкат дар Петропавловски Қазоқистон дармонданд. Вале ба қавли ӯ, раҳбаладаш муҳоҷирони кориро дар нимароҳ "кидат" накардааст. Ба гуфтаи ӯ, мушкили пешомада дар Петропавловски Қазоқистон "техникӣ" буд ва пас аз бартараф шудан, муҳоҷирони кориро ба Свердловски Русия расониданд.
Ӯ гуфт, "автобус шикаст. Дар он ҷо 6 -7 соат монданд. Баъд ба ман телефон карданд. Аз Русия мошин оварданд, то Свердловск бурданд". Ӯ мегӯяд, раҳбалади ин ширкат, ки муҳоҷирони кориро ҳамроҳӣ мекард, дар соатҳои интизорӣ онҳоро дар хонаи иҷорае ҷо кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин гуна мушкилот дар роҳи сафари Русия гоҳе ғайримунтазира рух медиҳанд. Вале раҳбаладонаш мусофиронро дар нимароҳи Русия раҳо намекунанд. Иддаое, ки мусофирон баръакси онро мегӯянд.
Ба гуфтаи онҳо, раҳбалади ширкати "Далер Осиё", ки "Далерҷон" ширкати ҳамкори он аст, онҳоро дар Петропавловск раҳо кард ва дучори мушкил шуданд. Ин як намунаи сафари пурмашаққати муҳоҷиронии кории тоҷик дар автобус ба Русия аст.
Таҳаммули машаққат бар ивази сарфаи маблағ
Бо вуҷуди ин, муҳоҷирони кории тоҷик сафари пурмашаққати чандшабонарӯзӣ дар автобус ба Русияро ба хотири нисбатан арзонии сафар ва сарфаи маблағ, таҳаммул мекунанд. Аксари муҳоҷирони корӣ дар ватан ҷойи кориву имкони пулкоркунӣ надоранд ва барои сарфаи ҳар сомонӣ талош мекунанд. Имрӯзҳо арзиши сафар ба Русия тавассути ҳавопаймо ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ ва тариқи автобус аз 500 то 750 сомонист.
Давлатбек Ҷӯраев, як ҷавон барои бародараш, ки озими Маскав буд, дар автобуси ин ширкат ҷой банд мекард. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ман ба билетфурӯшии ҳавопаймоҳо ҳам даромадам, гуфтанд, ки нархи билети Хуҷанд-Маскав 1850 сомонӣ. Аммо ин ҷо, розиянд ба 750 сомонӣ то Маскав баранд. Дуюним баробар кам. Барои ҳамин автобусро интихоб кардем".
Бо шурӯи мавсими муҳоҷирати корӣ, дар Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон мисли "Далерҷон" даҳҳо ширкат ва ронандаҳои ҷудогона омодаи бурдани сокинон ба Русия ҳастанд. Боз шудани сарҳади Узбекистон роҳи сафарро наздику осонтар кардааст.
Аз мошин ба мошин...
Ҳаким, мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ мегӯяд, 8 сол боз ба муҳоҷирати кории Русия савори автобус меравад. Ва танҳо дар автобуси ширкате меравад, ки бовар дорад раҳбаладаш ӯро дар нимароҳ нахоҳанд гузошт ва то Тюмени Русия мерасонанд. Ба қавли ӯ, сафари Русия дар нақлиёти афроди ношинохта мушкилоте дар пай дорад.
Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "як раҳбалад дар Тоҷикистон пулро мегирад ва ваъда медиҳад, ки мустақиман масалан, то шаҳри Сургути Русия бурда мерасонад. Вале дар Қазоқистон ё Қирғизистон сар мешавад мошинивазкунӣ. Аз як нақлиёт ба дигарӣ мешинонанд. Дар Қазоқистон ба автобуси ин кишвар, дар Русия – ба автобуси русӣ. Баъзан бо сумкавҷу халтаҳо мусофирон як-ду километр пиёда раҳ тай мекунанд. Бо ин ҳама дар Русия ҳам мушкилӣ поён намеёбад. Пулиси рус мепурсад, ки пиёда наомада бошӣ , билетатро нишон деҳ. Хуб, ронандаҳо ва аксари ширкатҳо билети то Русия намедиҳанд ва пулис ба ин баҳона ҷарима мекунад".
Нақши раҳбалад
Номи раҳбалад - Норихон ба бисёре аз муҳоҷирони корӣ дар Хуҷанду Душанбе ошност. Ӯ аз бособиқатарин раҳбаладон аст, ки бо автобусҳояш 28 сол ба Русия муҳоҷирони кории тоҷикро мебарад ва меорад. Ҳоло ҳафтае ду бор -- рӯзҳои сешанбеву ҷумъа ду автобуси ӯ аз маркази Хуҷанд озими Русия мешавад. Ду писар ва як духтараш ҳоло канори модар раҳбаладӣ мекунанд.
Норихон мегӯяд, муҳоҷирони кориро ронандаҳое дар нимароҳи сафар раҳо мекунанд, ки ба онҳо кафолати то манзил расониданро намедиҳанд. Ӯ рӯзи 15-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "сабаби асосиаш ҳамин, ки онҳо бе раҳбалади ботаҷриба ё умуман – бе роҳбалад ба роҳ мебароянд. Барои ҳамин, вақте мушкиле пеш омад, масалан мошинашон вайрон шуд ё дигар, то 3-4 шабонарӯз ҳам дар роҳ дармемонанд. Ин бештар дар Қазоқистон рӯй медиҳад. Вақти сафар ба Русия дар шаҳрҳои сари роҳи Қазоқистон гурӯҳи муҳоҷирони кории дармондаи тоҷикро дидан мумкин аст".
Мусоҳибам афзуд, ширкаташ, ба чандин шаҳрҳои Русия, мисли Маскаву Тюмену Сургут муҳоҷирони кориро мустақиман мебарад, вале ба шаҳрҳои дигар дар ҳудуди Русия автобусҳои ин кишвар мешинонанд. Ба қавли ӯ, дар сурати ҳамоҳанг нашудани кори раҳбаладон ба ҳамтоёни худ аз Қазоқистону Русия, мусофирон дар нимароҳ дармемонанд ва сафарашон ба дарозо мекашад ва ба ранҷу машаққат рӯбарӯ мешаванд.
Масъулони Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мегӯянд, иҷозаи бурдани сокинон ба Русия дар автобусро ба даҳҳо тан аз раҳбаладон вазорати нақлиёти кишвар медиҳад. Ӯ гуфт, вале теъдоди ками раҳбаладон ба мусофирон кафолати то Русия дар 3- 4 шабонарӯз ва беосеб расониданро медиҳанд.
Аз ин рӯ, Хадамоти муҳоҷират аз вазорати нақлиёт хостааст, раҳбаладон қаблан сафари худро бо ин хадамот мувофиқа кунанд ва вақти билетфурӯшӣ кафолати дар нимароҳ нагузоштани мусофиронро бидиҳанд.