Пайвандҳои дастрасӣ

"Гирди номи падар чӣ мегардӣ?" Пешниҳоди нави тағйири номгузорӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон тарҳи нави қонуне дар баррасӣ аст, ки дар сурати қабули он ба сокинон имкон дода мешавад, насаби фарзанди худро аз номи бобояш бигиранд. Тарҳи қонуни «Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ"- ро Вазорати адлия ба ҳукумат пешниҳод кардааст.

Бар асоси қонуни феълӣ кӯдакон насабро аз падар ё модар мегиранд ва маъмулан насаби онҳо бар асоси номи бобо ё бобокалони падар ва чанд насл пештар гузошта мешавад.

Шаҳзод Муҳаммадиев, як сокини Душанбе мегӯяд, ҳар бор зимни гирифтани шаҳодатнома барои фарзандонаш мехоҳад номи падари худ, яъне бобои кӯдаконро ба онҳо насаб гузорад, аммо дар идораи сабти аснод ба дархости ӯ посухи рад медоданд.

Шаҳзод мегӯяд, насаби худи ӯ бар асоси номи бобокалонаш гузошта шудааст. Шаҳзод аз он нигарон аст, ки дар ин байн номи падараш аз байн меравад. Ӯ мегӯяд: ”Ин номумкин аст. Чаро падарони мо метавонистанд, номи бобои худро насаб гиранд. Масалан, ман медонам, ки бобои ман кӣ буд.”

Сабаби тағйир ҷанҷолу нофаҳмиҳо

Масъулини идораҳои сабти асно мегӯянд, рӯзе нест, ки сокинон барои гузоштани номи бобо ҳамчун насаб ба кӯдакон ба онҳо муроҷиат накунанд. Ин мавзуъ дар чанд соли ахир боиси ҷанҷолу нофаҳмӣ байни сокинону кормандони идораҳои мазкур шудааст.

Шарифа Қурбонзода
Шарифа Қурбонзода

Шарифамоҳ Қурбонзода, раиси Идораи сабти асноди расмӣ дар ноҳияи Сино мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ин мушкил, мудирони идораҳо зимни таҳияи лоиҳаи қонуни нав пешниҳод карданд, ки гузоштани насаб бар асоси номи бобо иҷоза дода шавад.

Ӯ гуфт: “Масалан ҳамин рӯз ба ман чанд нафар муроҷиат карда гуфтанд, ҳамин насаби ман ба номи ким кадом бобоям аст. Ман ӯро надидаам. Мехоҳам, номи падарам дар насаби фарзандам гузошта шавад. Мо мефаҳмонем, ки ин дар қонун нест ва насаб бояд аз решаи номи падар ва номи падар гузошта шавад. Бархе мефаҳманд, аммо бархе ҷанҷол мекунанд, ки ҳар тавре мо мехоҳем, ҳамон тавр бояд шавад.”

Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам соли 2017 дар як санҷиш дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нофаҳмиҳо дар ин масъаларо мушоҳида кардаанд ва ба вазорати адлия пешниҳод кардаанд, ки насабгузорӣ бар асоси номи бобо бояд манъ нашавад.

Нигарониҳо аз фаромӯш шудани "асли хеш"

Аммо бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки дар сурати аз номи бобо гирифтани насаб барои кӯдакон, насабҳои авлодӣ, ки аз насл ба насл мерос мондаанд аз байн мераванд.

Қонун “Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” соли 2006 қабул ва бори ахир соли 2016 тағйир дода шудааст. Дархости насаби бобоӣ дар ҳуҷҷатҳои расмӣ то имрӯз танҳо мушкили сокинон дар пушти идораҳо набуд.

10 рӯз ва 400 сомонӣ сарф кардем, то ӯро сенома кунем.

Бисёре аз сокинон дар чанд соли ахир, баъди шуруи маъракаи тағйири ном аз шакли русӣ ба тоҷикӣ ва тағйир ёфтани тартиби ному насабгузорӣ, маҷбур шуданд, чанд маротиба санадҳои худро тағйир диҳанд.

Бино ба иттилои расмӣ дар 3 моҳи ахир дар кишвар ҳудуди 13 ҳазор нафар барои тағйири ному насаб ба идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат кардаанд.

Аксарият онҳое будаанд, ки ному насабашон ба шакли тоҷикӣ ва дутаркиба буда, зимни гирифтани шиноснома ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд. Фарзия Ғаюрова, як сокини Душанбе, ҳафтае қабл, тамоми санадҳои писари 17- солаашро шурӯъ аз шаҳодатномаи таваллуд иваз кард.

Даҳ сол пеш дар санади таваллуд номи ӯро ду унсура сабт карданд ва зимни гирифтани шиноснома ба онҳо гуфтанд ин шакл нодуруст аст. Ӯ гуфт: “10 рӯз ва 400 сомонӣ сарф кардем, то ӯро сенома кунем. Ман ба кормандони ЗАГС шикоят кардам, ки агар иштибоҳ буд, чаро он замон чунин сабт кардед. Гуфтанд он вақт тартиб дигар буд.”

Ҳоло ба гуфтаи масъулини идораҳои сабти асноди расмӣ аксарият аз исмҳои хонаводагии сетаркиба, ки бо пасвандҳое мисли "зода" истифода мекунанд. Аммо онҳое ҳам кам нестанд, ки баръакс барои баргардонидани пасванди "ов", "ев" ва "вич" муроҷиат мекунанд.

Гирди номи падар чӣ мегардӣ?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Адиба Юсупова, як масъули идораи сабти асноди расмӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, сабаби баргаштан ҳам дарёфти шаҳрвандии Русия аст. Онҳое ҳам, ки ба шакли русии насабгузорӣ баргаштаанд, мегӯянд, дар Русия бо номи тоҷикӣ дучори мушкил шудаанд.

Шаҳзод Муҳаммадиев, ки низ дар муҳоҷират будааст, мегӯяд аксари онҳое, ки номи дутаркибаи тоҷикӣ доранд, дар бисёр ҳолат ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

“Дар бонк, терминалҳо зимни супурдани пули патент барояшон душворӣ пеш меояд. Чунки ному насабаш тоҷикӣ аст ва насаби ӯро намешиносанд. Аз ӯ номи падар мепурсанд, вале дар санадаш ин нест” -гуфт, ӯ.

Дақиқ нест, ки тарҳи нави қонун то куҷо кору тартиби санадгузориро барои сокинон осон мекунад, аммо баъди ҳар тағйир печидагиҳо дар гирифтани санад ва саргардониву навбат дар паси дари идораҳои сабти асноди расмӣ зиёд будааст.

XS
SM
MD
LG