Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 соли зиндон барои қасди пайвастан ба ДОИШ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як ҷавони 23-соларо барои қасди пайвастан ба гуруҳи ба ном Давлати исломӣ ба солҳои тулонии зиндон маҳкум кард. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Анварҷон Ҳакимов, сокини ноҳияи Рӯдакиро ба он гунаҳкор донистааст, ки ӯ соли 2018 ҳангоми муҳоҷират дар Русия фирефтаи ақидаҳои ифротии ДОИШ шуда ва хостааст ба Сурия биравад ва ба сафи он бипайвандад.

Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 10-уми апрел содир шудааст, омадааст, Анварҷон Ҳакимов баъди тамошои видеову дигар маводи таблиғотии ҷангҷӯёни гуруҳ дар Интернет қарор кардааст ба Сурия биравад. Ба гуфтаи додгоҳ, Анварҷон Исмоилов моҳи январи имсол ба Туркия рафта ва аз онҷо бо раҳбаладии гумоштаҳои “Давлати исломӣ” хостааст, аз марзи ин кишвар ба Сурия бигзарад.

Дар ҳукм омадааст,“ Анварҷон Ҳакимов бо роҳбаладии аъзои фаъоли «Давлати Исломӣ» ба шаҳри Адана ва аз он ҷо тавассути автобус ба самти сарҳад раҳсипор шудааст, вале дар наздикии сарҳади давлатҳои Туркия ва Сурия аз ҷониби кормандони полиси давлати Туркия дастгир шуда, маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонида шудааст.”

Ба гуфтаи додгоҳ, ҳарчанд Анварҷон Тошмуҳаммадов ба мақсади ниҳоии худ нарасид, вале бо вуҷуди ин ба 12 солу 6 моҳи зиндон ва адои ҳукм дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум шуд. Додгоҳ гуфтааст, ки ӯ гуноҳашро эътироф кард, вале назари вакили дифои ӯ ба Радиои Озодӣ маълум нест. Аз Тоҷикистон то кунун бештар аз 1000 нафар ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва бисёре аз онҳо ба сафи гуруҳҳои ифротиву террористӣ пайвастаанд.

XS
SM
MD
LG