Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозанашраш мегӯяд, ки аз рушди иқтисоди Русия дар соли 2018 се кишвари Осиёи Миёна – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон фоида диданд. Ин кишварҳо, ки ба унвони давлатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони корӣ арзёбӣ мешаванд, аз уфтухезҳои иқтисоди Русия вобаста ҳастанд. Мизони интиқоли пулии муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2018 дар маҷмӯъ 17 миллион доллар бештар назар ба соли 2017 будааст. Бинобар иттилои Бонки марказии Русия, муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2018 тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон 2 миллиарду 553 миллион доллар маблағ фиристодаанд. Ин маблағ баробар бо 36 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои пеш аз бӯҳрони иқтисодии Русия (то соли 2014) мизони интиқоли пулҳои муҳоҷирони тоҷик якуним-ду баробар бештар буд ва нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медод. Русия, ки бо сабаби ғасби Қрим ва шурӯи мухолифатҳои низомӣ дар шарқи Украина мавриди таҳрими Ғарб қарор гирифт, бо рукуди нишондодҳои иқтисодӣ, беқурбшавии рубл ва афзоиши бекориву камбуди ҷои кор рӯбарӯ шуд. Ин ҳолат дар даромади муҳоҷирони корҷӯи хориҷӣ ҳам таъсири манфӣ гузошт.