Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи маргбор дар Балҷувон. Шаш кушта ва ҳашт захмӣ


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тафсилоти бештари садамаи маргбори автомобилӣ дар ноҳияи Балҷувонро нашр кард. Ба иттилои ВКД, дар ин ҳодиса шаш нафар ҷон бохта ва ҳашт тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби ҳодисаи рӯзи 8-уми апрел, "аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадан"-и ронанда гуфта шудааст. ВКД мегӯяд, ронандаи "Урал-43202" Шарофиддини Шовалии 28-сола аз роҳе истифода кардааст, ки барои ҳаракати нақлиёт пешбинӣ нашуда буд.

Шоҳидон мегӯянд, ки ронанда пеш аз баромадан ба кӯтал (баландӣ), аз мусофирон даъват карда буд, ки аз мошин поин шаванд, то ҳодисае рух надиҳад.

Ҳамаи қурбониён ва захмиёни ин ҳодиса сокинони деҳаҳои Шаҳидон, Боғи Зоғон, Моҷак ва Шипдараи Балҷувон ва як нафари онҳо сокини шаҳри Левананд будаанд. Дар ин ҳодиса Зариф Саъдиев, Эмомалӣ Ҳафизов, Шамъигул Воҳидова, Мирзохон Неъматов ва Муродалӣ Назаров дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Солеҳ Муҳаббатов чанд соат пас аз ин ҳодиса даргузашт

Ба гуфтаи манбаъ, ҳашт тани дигар - Юсуф Саидов, Сайрамбии Шариф, Ибодати Абдураҳмон, Оишамои Ҷумахон, Ҷамолиддин Носиров, Марзон Маҳмадиев, Сабоҳат Саидова ва Ҷурахон Давлатзода ҷароҳат бардошта ва ҳоло дар бемористон қарор доранд.

Мақомот дар Балҷувон аз ин қабл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса баъд аз зӯҳри 8-уми апрел дар деҳаи Дошмандии ҷамоати Сари Хосор рух додааст. Як масъули ҳукумати ноҳияи Балҷувон сешанбеи 9-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир захмиёни ин ҳодиса дар бемористон қарор доранд ва зери муроқибати табибон ҳастанд.

​"Вазъашон бисёр сангин аст. Якеро пояш дарида, дигарерро дасташ шикаста, ҳамингуна ба бемористони ноҳиявӣ интиқолашон доданд. Шаб ҳатто яке аз онҳоро ҷарроҳӣ карда буданд. Хулоса, як манзараи нодиданӣ аст",-гуфт мусоҳиби мо.

Сокинони ҷамоати Сарихосор, ки шоҳиди ин садама будаанд, гуфтанд, ки ронанда пеш аз баромадан ба кутал (баландӣ), аз мусофирон даъват карда буд, ки аз мошин поин шаванд, то ҳодисае рух надиҳад. Ба гуфтаи сокинон, ҳарчанд қисме аз мусофирон поин шуданд, аммо мошин ҳини боло шудани баландӣ қувват накард ва қафо гашта, чаппа шуд.

"Мошин ба пушт чаппа мешавад ва бархе аз онҳое, ҳам, ки аз мошин поин шуда буданд, зери он мемонанд. Дар деҳаи Дошмандӣ як кутали бисёр вазнин аст, зеро дигар дар даруни сангов роҳ намемонанд ва ҳар ронанда маҷбур аст, ки бо ин роҳ барояд. Ронанда мегӯяд, ки бачаҳо, мошинро холӣ кунед, ки дар кутал баромада наметавонад. Ҳарчанд қисме аз мусофирон аз мошин мефароянд, вале бо вуҷуди ин, мошин қувваи баромадан намекунад ва ба қафо рафта чаппа мешавад”,-гуфт ин сокини Балҷувон.

Зимнан, сокинони ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба гуши масъулон доди онҳоро расонанд, то аз вазъи онҳо бохабар шуда, барои бунёди роҳ то Сарихосор кореро анҷом диҳанд. Ба гуфтаи сокинон, соле нест, ки дар ин роҳ як ё ду нафар бар асари садамаҳо, ҷони худро аз даст надиҳанд.

Ҷамоати деҳоти Сарихосор калонтарин ҷамоати Балҷувон ба ҳисоб рафта, дар ин роҳ мошинҳои давраи шӯравӣ, назири "Урал" ва "УАЗ" бештар рафту омад мекунанд. Сокинон мегӯянд, молу колояшонро маъмулан бо "Урал" ба Сарихосор интиқол медиҳанд, ки дар ҳолатҳои зиёде ба садамаҳо дучор мешаванд.

Ин дувумин садамаи пурқурбонӣ дар Тоҷикистон давоми чаҳор моҳи ахир аст. Аз ин қабл, рӯзи 29-уми январ бар асари садамаи автомобилӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз, 9 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса занон ва кӯдакон буданд. Мошини сокинони деҳаи Курговади Дарвоз ба дарё Панҷ сарозер шуд ва ҳамаи сарнишинони он ба ҷуз ронанда, ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG