Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамошои Афғонистон аз кӯҳҳои гулпӯши Фархор. АКС


Ҷангалбонҳо дар пайи ҳифзи майдонҳо дар кӯҳҳои ҳаммарз бо Афғонистон, тавонистанд зебоиҳои аз дастрафтаи ин кӯҳҳоро дигарбора барқарор кунанд. Ба қавли сокинон, даҳсолаҳо дар кӯҳҳои деҳаи Кокули ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор гули лола ва амсоли онҳо намерӯид.

Табиати зебо ва манзараҳои дилфиреб ҳоло даҳҳо тан аз сокинонро дар фасли баҳор ба тамошо ва сайри кӯҳ баровардааст. Дар ин минтақаҳо ҳоло аз сӯи ҷангалбонҳо пайроҳаҳо сохта шуда ва сокинони дуру наздик тариқи онҳо ба талу теппаҳо ба сайёҳат мераванд.

Сокинони таҳҷоӣ мегӯянд, ки дар сурати пурзӯр кардани ҳифозати муҳити зист ва ҷарима шудани қонуншиканҳо, метавон зебоиҳои табиатро бештар ҳифз кард.

Умаралӣ Қурбонов, як сокини деҳаи Кокули ҷамоати Ғалаба, ки барои истироҳат ба кӯҳҳои ҳаммарз ба вилояти Тахори Афғонистон рафта буд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз хурдӣ дар ин макон бузург шуда, чунин зебоии табиатро надида буд.

Қурбонов гуфт, ки ҳудуди панҷ сол мешавад, ки дар ин кӯҳҳо ниҳоли писта шинондаву аз сӯи ҷангалбонҳо назорат мешавад, то касе онҳоро қатъ накунад ва ё молу говашро ба ин минтақаи муҳофизатӣ ба чаро набарад.

"Хонаи мо дар поён аст ва мо дар ҳамин кӯҳҳо бузург шудем. Бовар кунед, чунин табиатро то соли пеш надида будем. Ҳарчанд барои истироҳат меомадем, аммо ингуна гулҳо набуданд ва намерӯиданд. Аз соли 1988 чунин табиатро надида будам. Ҳоло мо дар маконе қарор дорем, ки инҷо муҳофизат мешавад, агар чорвое дар он бошад, омада онро аз ин макон берун ва ҳатто ҷарима низ мекунанд. Ҳамин нигоҳубин буд, ки ин табиат дигар шуд",-гуфт мусоҳиби мо.

Тамошои Афғонистон аз кӯҳҳои Кокули Тоҷикистон

Ин сокини Фархор мегӯяд, ки хонаи ӯ дар наздикии роҳ аст ва ҳамарӯза рафтуомади шумораи зиёди одамонро мушоҳида мекунад. Мегӯяд, ки сокинон низ чанд сол боз ташнаи дидани чунин табиати дилфиреб буданд.

Умаралӣ Қурбонов дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ки ҳоло бо даъвати ӯ наздиконаш аз Кӯлоб барои дидани табиат ва истироҳат ба ин кӯҳҳои ҳаммарз бо Афғонистон омадаанд. Қурбонов афзуд, аз ин макон тамошои деҳаҳои вилояти Тахори Афғонистон имкон дорад. Ӯ мегӯяд, ки ҳарчанд дар гузашта алафзори ин макон дарав мешуд, вале ҳоло ин амал манъ шудааст.

"Аз Кӯлоб ва тамоми ҷо одам меояд, зеро кӯҳ чанд намуд ранг дорад. Гули лола, гули нахут мегӯем, рангаш кабуд аст. Гулҳои зард ҳисоб надоранд. Одамон ҳатто омада шаб низ дар инҷо хайма зада, истироҳат карда мераванд. Ҳоло дар паҳлӯи мо чандин нафар барои истироҳат омадаанд ва хаймаи худро дуруст карданд. Маълум аст, ки шабро дар ин макон рӯз мекунанд",-гуфт мусоҳиби мо.

Сокинон низ мегӯянд, ки аз дидани чунин манзараҳо сер намешаванд ва мехоҳанд, ки дар ҳар мавзеи он селфӣ ё акс гиранд. Ба гуфтаи сокинон, ҳатто нарафтаҳоро бо нишон додани аксҳои мавзеҳои зебо барои рафтан ташвиқ мекунанд.

"Дугонаҳоямро ташвиқ мекунам"

Нозанин, як сокини Кӯлоб мегӯяд, ки аксҳои гирифтаашро ҳатман ба дугонаҳояш нишон медиҳад ва онҳоро ташвиқ мекунад, ки ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз ин маконҳо дидан кунанд. Нозанин гуфт, ки ҳарчанд дар деҳот бузург шудааст, вале бори аввал лолазори васеъро мебинад.

"Бисёр акс гирифтам ва ҳоло бурда ба наздикон нишон медиҳам, чигуна табиат шудааст дар кӯҳҳо. Дар қишлоқ калон шудам, аммо чунинашро нав дидам. Аз як тараф кӯҳҳои кишвари худамон ва боз аз як тараф деҳаҳои Афғонистонро наздик мебинӣ. Рости як табиати афсонавиро тамошо мекунӣ. Ҳоло боз чанд нафари дигарро ташвиқ мекунам",-гуфт ӯ.

Ҳоло дар майдонҳое, ки аз сӯи ҷангалбонҳо ҳифз мешавад, барои рафтуомад пайроҳаҳои махсус омода карда шудааст. Аммо бархе сокинон то ҳол ин қоидаҳоро риоя намекунанд ва зебоиҳои табиатро зери по мекунанд. Сокинони таҳҷоӣ мегӯянд, ки дар сурати пурзӯр кардани ҳифозат аз муҳити атроф ва ҷарима шудани қонуншиканҳо, метавон зебоиҳои табиатро бештар ҳифз кард.

Умаралӣ Қурбонов мегӯяд, ки аксар вақт ба сокинон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми селфӣ ё акс гирифтан аз эҳтиёт кор гиранд, то аз мору ҳашароти мавҷуд дар миёни алафзор ба онҳо осебе нарасад. Аммо ба гуфтаи Умаралӣ Қурбонов, бо вуҷуди таъкидҳояш сокинон бо дидани манзара аз пайи гирифтани селфӣ ва ё акси худ шуда, парвои мору ҳашарот надоранд.

XS
SM
MD
LG