Таҳқиқи шикояти маҳбусони зиндони 4-и Душанбе дар мавриди “шиканҷа ва ситондани маблағ аз маҳкумшудаҳо” оғоз шудааст.
Бо наздикони маҳбусон суҳбат кунед. Аз онҳо пурсед. Агар пул дода бошанд ба мо нависанд, ҳатман баррасӣ мекунем.
Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шикояти маҳбусони зиндони рақами чорро аз Интернет хонд. Ӯ афзуд, амр додааст, ки “кормандони ниҳоди зери раҳбариаш ба санҷиши шикоятҳо шурӯъ кунанд.”
"Моро... халос кунед"
Рӯзи 26-уми март дар вебсайти “Ислоҳ”, ки наздик ба мухолифони тоҷик дар хориҷа аст, шикояти гурӯҳе аз зиндониён ба сардори Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон нашр шуд. Дар он аз “азияту бадрафторӣ” ва “пулситонии кормандони маҳбас” шикоят шудааст.
Дар матлаб, аз ҷумла, омадааст: "Аз Шумо, Мансур Умаров хоҳиш дорем, ки моро аз шарри раҳбари муассиса Хушвақтзода Ҷамолиддин, муовинаш Мирзоназаров Каромат, сардори режим Нуруллоев Рустам ва кормандони оперативиаш Шарипов Бобоҷон, лейтенанти калон Абубакр, капитан Беҳрӯз, капитан Меҳроб наҷот диҳед."
Муаллифони матлаб мегӯянд, шикояти маҳбусон тариқи сабти садоӣ дастрас ва баъдан дар шакли матн нашр шуд. Дар шикоят, аз ҷумла, гуфта мешавад, раҳбарияти зиндон ва зердастонашон “ҳар рӯз зиндониёнро азоб медиҳанд, латту кӯб мекунанд ва дар ШИЗО ҷой мекунанд.”
Тақсими маҳбусон ба ду гурӯҳ?
Дар матн инчунин гуфта мешавад, зиндониҳо ба ду гурӯҳ – “ҳизбиҳову ҳаётиҳо” тақсим шуда, азияту бадрафторӣ нисбат ба “ҳизбиҳо” ваё ба қавли онҳо, “маҳкумшудаҳо барои фаъолиятҳои мазҳабӣ” бештар аст. Дар матн аз мавридҳои “пулситонии маъмурони зиндон” шикоят шудааст.
“Боз як низом доранд, зиндониёнро болои бетон хоб мекунонанд ва талаб мекунанд, ки барои халосӣ 1500 ё 2000 сомонӣ пул диҳанд. Касе пул надорад, дар ҳамон ҷо хоб меравад. Барои вохӯрии дарозмуддат бо оила дар даромадгоҳ барои як шабонарӯз 100 сомонӣ мерӯёнанд. Аз рӯи қонун дар се моҳ 3 рӯз бояд вохурӣ ройгон сурат гирад. Аммо агар пулро кам диҳем, ду шабонарӯз иҷоза медиҳанд. Баҳона мекунанд, ки одам бисёру ҷой нест, чунки ба ҷои 700-800 нафар дар он ҷой 2500 нафарро нигоҳ медоранд”.
"Мо ба ин масъала нуқта мегузорем"
Мансурҷон Умаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд шахсан ба ин иттиҳомот “бовар намекунад”, вале ҳатман ин шикоятҳо “санҷида хоҳад шуд”.
Ӯ гуфт, “мо худи ҳамин рӯз ҳатман ба ин масъала нуқта мегузорем, лекин бар асоси маълумоте, ки дар даст дорем, ин ҳақиқат надорад. Дар инҷо ҳизбиҳо бештар чунин ҳарфҳоро мезананд. Ҳизбиҳо гуфта аъзои ҳаракату созмонҳои террористиро дар назар дорам, ки аз реҷаи муассисаҳои мо сарпечӣ мекунанд, проблемаҳои зиёд эҷод мекунанд. Мо, албатта, дар доираи қонун амал мекунем ва масъалаи мавҷудро ҳаллу фасл мекунем.”
Умаров гуфт, баъди таъйин шуданаш ба мақоми сардори раёсати зиндонҳо дар охири моҳи ноябри соли 2018, аз ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ дидан кард ва бо зиндониҳо ва шикоятҳои онҳо шинос шуд. Моҳи феврали имсол Умаров гуфта буд, “он мушкилиҳое, ки буданд, масъалаи ҷиноятҳои коррупсиониву дигар, мо қариб аз байн бурдем.”
"Агар пул дода бошанд, ба мо нависанд"
Рӯзи 26-уми март Мансурҷон Умаров дар робита бо шикояти нави маҳбусон гуфт, “сад дар сад аз байн бурдани коррупсия имкон надорад, вале ман ҳама шикоятҳоро дар ин замина хеле ҷиддӣ мегирам ва назорати қатъӣ мебарам”.
Ӯ афзуд: “Марҳамат, бо наздикони маҳбусон суҳбат кунед. Аз онҳо пурсед. Агар пул дода бошанд, ба мо нависанд, ҳатман баррасӣ мекунем. Ин масъалае нест, ки аз назари ман дур монад. Лекин бовар надорам, хусусан дар мавриди мулоқоти маҳбус бо оила, ки гӯё нозирони маҳбас пул мегиранд. Ба ҳар сурат санҷиш таъйин кардем.”
Бархе аз маҳбусҳо дар ибтидои ба вазифаи сардори маҳбасҳо омадани генерал Умаров ба наздиконашон гуфтанд, ки масъалаи пулситонӣ дар вақти мулоқот бо ҳамсар аз байн бурда шудааст. Дар номаи маҳбусони зиндони рақами чаҳор гуфта шудааст, ки бо гузашти як муддат (баъди санҷиши раҳбарияти зиндонҳо) “кормандони маҳбасҳо дубора ба ин амали ғайриқонунӣ оғоз кардаанд”.
Вокуниш дар шабакаи иҷтимоӣ
Яке аз маҳбусҳои собиқи ҳамин зиндон – ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ду солу ҳафт моҳи умри худро дар зиндони рақами чаҳор сипарӣ кардааст. Ӯ дар зери ин матлаб дар шабакаи Фейсбук рӯзи сешанбе навишт, аз қонунувайронкуниҳои кормандони зиндон огоҳ аст.
"Навиштаҳо дар мавриди раҳбари муассиса, Хушвақтзода Ҷамолиддин, ҷой дорад. Ва худи ман борҳо бо ӯ дар бархе масоили марбут ба шароити зиндон баҳс кардаам”.
Кумитаи мубориза зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта аз беҷазо мондани маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.
Шикоят аз поймолкунии ҳуқуқи зиндониҳо дар Тоҷикистон бори аввал садо намедиҳад. Дар пайи ошӯби зиндониҳо дар маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 2018, ки бо марги 25 нафар, аз ҷумла ду зиндонбон анҷомид, яке аз сабабҳои ин ҳодиса, ба гуфтаи бархе зиндониҳои собиқ, бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо будааст. Ҳарчанд мақомоти тоҷик ин ҳодисаро шарҳ надодаанд, баъди ин раҳбарияти низоми зиндонҳои кишвар иваз шуд.
Паси панҷараи зиндон
Баъзе мунтақидон мегӯянд, ҳодисаҳои поймолшавии қонун дар зиндонҳо ба хотири баста будани ин муассисаҳо аз чашми ҷомеа рух медиҳад ва зиндониҳо дар ҳолати вобастагӣ аз амру хости зиндонбон қарор мегиранд. Дар сурати шикояти онҳо ба сохторҳои дахлдор, исбот кардани қонуншиканиҳо душвор аст.
“Дар сурати набуди низоми додгустарии мустақил ва бо ҳам дар ҳамкориву иртибот будани ходимони ҳифзи қонун, тантанаи адолатро нисбат ба зиндониҳо мушкил мекунад”, - гуфт як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Пешниҳоди роҳи ҳал аз тарафи вакили мудофеъ
Вале бархе дигар аз ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, роҳҳои аз байн бардуни шиканҷаву фасод дар зиндонҳо вуҷуд дорад, агар аз тарафи масъулони Сарраёсати маҳбасҳо ва Додситонии назорати зиндонҳо ин масъала таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад. Абдураҳмон Шарифов, ҳуқуқшиноси Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа ду роҳи аз миён бурдани масъалаҳоро пешниҳод кард:
- "Аввал, ба номи зиндониён суратҳисоб боз карда шавад, то пулеро, ки аз наздиконашон барои харидани чизе мегиранд, бе миёнрав дастрас кунанд. Дувум, Додситонии назорати маҳбасҳо ба таври амалӣ ва воқеӣ назорати маҳбасҳо ва муносибати нозирони маҳбасҳоро ҷиддӣ гирад, ки дар ҳоли ҳозир ба таври бояду шояд нест."
Шарифов афзуд, тайи чанд соли охир мониторинг ва ё бозрасии маҳбасҳо ва боздоштгоҳҳо аз тарафи намояндагони Омбудсмен ва Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа сурат мегирад. “Бо назардошти интишори натиҷаи ҳар бозрасӣ беҳбудӣ дар маҳбасҳо ба назар мерасад, вале ҳанӯз қонеъкунанда нест”, - гуфт ӯ.
Кумитаи мубориза зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта аз беҷазо мондани маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои шиканҷа ва рафтори дағалона дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд. Ин созмон дар хулосаи худ гуфт, Додситонии кулли Тоҷикистон солҳои охир дар мавриди шиканҷа 89 шикоят дастрас кард, аммо фақат чаҳор корманди сохторҳои ҳифзи қонун ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.