Паёмрасони Telegram аз корбарон даъват кард, ки ба нишони эътироз алайҳи инзиво ё басташавии Интернет дар Русия ба кӯча бароянд.
"Беш аз 10 моҳ аст, ки Роскомнадзор ҳамарӯза ҳазорон IP-ро маҳдуд карда, бо ин роҳ талош дорад, ба кори Telegram дар Русия монеа эҷод кунад", - омадааст дар муроҷиатномаи паёмрасон. Ҳадафи қабули қонун дар бораи инзивои бахши русии интернет - ба роҳ мондани сензураи қатъӣ дар Русия аст,- навишта шудааст дар муроҷиат.
"Бо харҷи миллиардҳо рубл мақомот тасмим доранд, ки Русияро аз ҷаҳон канда кунанд ва баъдан битавонанд, шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ ва паёмрасонҳоро масдуд созанд", - менависанд муаллифони муроҷиатнома.
Аз корбарон даъват шудааст, ки 10 марти соли ҷорӣ соати 14 баъди нисфирӯзӣ дар шаҳрҳои Москва, Хабаровск ва Воронеж ба кӯча бароянд.
Лоиҳаи қонуни инзивои Рунет моҳи декабри соли 2018 вориди порлумон шуд. Лоиҳаро раиси кумитаи Шӯрои Федератсия Андрей Клишас ва вакили думаи давлатии Русия Андрей Гуловой таҳия кардаанд. Муаллифон пешниҳод доранд, имкони техникие фароҳам шавад, ки бахши русии интернет ҷудо аз Интернети ҷаҳонӣ фаъолият кунад.
Лоиҳаи қонун дар расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ширкатдорони бозори мобилӣ танқид шуд. Моҳи апрели соли 2018 муассиси Telegram Павел Дуров аз корбарон даъват карда буд, ки бо нишони эътироз зидди бастани ин паёмрасон дар Русия ба кӯча бароянд. Ба иттилои нозирон, то 12 ҳазор корбарон соли гузашта дар пайи даъват Дуров ба кӯча баромада буданд.