Як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо ҷурми ҷой кардани сездаҳ сӯзан дар бадани тифлаш ба ҳашт соли зиндон маҳкум карданд. Муҳайё Ёқубова то замони ба иҷро даромадани ҳукм ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ хоҳад буд. Даҳ рӯз фурсат дорад, то аз рӯи ҳукм шикоят кунад.
Бовар дорем, ҳеч модар нисбат ба фарзанди худ чунин корро раво намебинад. Ҳатто ҳайвон ба фарзанди худ зарар намерасонад
Айб: Қасдан расондани зарар ба саломатӣ
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба парвандаи зане, ки дар ҷой кардани сездаҳ сӯзан дар бадани тифлаш гумонбар аст, нуқта гузошт ва ҳукми ӯро эълон кард. Муҳайё Ёқубоваи 27-сола, модари Мудассир Каримов (ҳоло якунимсола, дар вақти ҳодиса 9-моҳа буд), ба "қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" айбдор ва ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд.
Ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 26-уми феврал содир шуд ва ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ёқубова ва хешовандонаш ҳақ доранд, ки дар даҳ рӯзи оянда аз рӯи ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кунанд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ин зан ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ хоҳад буд ва баъдан ба ҳабс гирифта мешавад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Муҳайё Ёқубова, модари Мудассир, баъди эълони ҳукми додгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан гуноҳро зери фишор ва таҳдиди пулис ба дӯш гирифта буд, "аммо дар асл ин корро накардааст". Ӯ гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест, "зеро ҳеч модар наметавонад дар ҳаққи фарзандаш чунин рафтор кунад".
Ёқубова афзуд, "дар идораи милиса маро бозпурсӣ ва таҳдид карда буданд. Гуфтанд, ки писари калониамро аз ман ҷудо мекунанд. Аз тарс нишондоди бардурӯғ додам. Аммо дар ҷараёни мурофиа ҳеч гоҳ маро бо онҳо рӯбарӯ накарданд.”
Вакил: "Ҳеч модар бо фарзанди худ чунин намекунад"
Кӯдаки якунимсола бехабар аз онки модараш маҳз бо гумони озору азияти ӯ ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст, намехост аз оғӯши ӯ дур равад. Мурофиаи ниҳоии Муҳайё Ёқубова таҳти раёсати додрас Ифтихор Асрорӣ, додситон Шоҳрух Раҷабзода ва вакили мудофеъ Муҳаббат Усмонова баргузор шуд. Ҳузури хабарнигорон ҳам озод буд, вале бидуни истифода аз дастгоҳи сабт.
Ҳарчанд додрасу додситон бо Радиои Озодӣ суҳбат накарданд, Муҳаббат Усмонова – вакили мудофеи гумонбар гуфт, аз рӯи ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.
“Ман ва нафари таҳти ҳимоятам бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ умуман розӣ нестем. Бовар дорем, ки ҳеч модар нисбат ба фарзанди худ ин корро раво намебинад. Ҳатто ҳайвон ҳам ба фарзанди худ зарар намерасонад”, - гуфт ӯ.
Қаблан Ифтихор Асрорӣ, додраси парванда, ҳангоми қироати ҳукм гуфт, "додгоҳ ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла зан-модар будани айбдоршаванда ва бори аввал ҷиноят содир кардани ӯро ба назар гирифт. Аз тарафи дигар қасдан содир кардани ҷиноят ва ба кӯдак хатарнок будани ҳузури ӯро низ ба эътибор гирифта, чунин ҳукм кард".
Назари наздикони Муҳайё Ёқубова чист?
Хешовандони Муҳайё Ёқубова, модари Мудассир Каримов мегӯянд, аз ин ҳукм розӣ нестанд ва ӯ зери фишору таҳдид ба ин гуноҳ иқрор шудааст. Муқаддас Ёқубова, модари Муҳайё дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт духтараш Мудассирро баъди ҳафт соли табобат таваллуд кард ва ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад, ки ӯ бо фарзандаш чунин муносибатро раво бинад.
"Ман духтарамро нағз мешиносам, агар ӯ бо писараш чунин рафтор мекард, чаро ҳар рӯз ӯро духтур мебурду табобат мекард? Духтарамро маҷбур карданд, тарсонданд, ваъда карданд, ки агар гуноҳро иқрор кунад, дар оянда барояш кӯмак мекунанд. Ман ба тамоми мардум гуфтанӣ ҳастам, ки ин кори модар буда наметавонад. Худатон мебинед, ки ин кӯдак ҳоло хурд аст ва ғайр аз модараш бо каси дигар намеистад. Агар инро зиндонӣ кунанд, ин кӯдак бо кӣ мемонад?,-афзуд Муқаддас Ёқубова.
Дар ҳоле, ки додгоҳ мегӯяд, ин зан ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст, аммо хонаводаи шавҳари Муҳайё мегӯянд, келинашон бо писари онҳо хушбахт буд ва фикр намекунанд, ки ӯ ба чунин кор даст зада бошад. Карим Маҳмадқулов, хусури Муҳайё гуфт, аз рӯзе, ки алайҳи келинаш барои ҷой кардани сӯзан дар бадани наберааш парванда боз шуд, дар хонаи онҳо оромиш нест ва худи ӯ гирифтори бемории фишорбаландӣ шуда, ҳоло як пояш дуруст кор намекунад.
Маҳмадқулов мегӯяд, барои он, ки келинаш зиндонӣ нашавад, то ба президент муроҷиат хоҳад кард, то ин парванда аз нав бозбинӣ шавад. Аммо Бахтиёр Маҳмадқулов, шавҳари Муҳайё, ки барои ширкат дар мурофиаҳои додгоҳии ҳамсараш аз Русия ба Тоҷикистон омадааст, пас аз ҳукми додгоҳ толорро тарк кард ва танҳо гуф,т ин ҳама айбномаҳо ба модари фарзандонаш "туҳмат" аст.
Сӯзан дар бадани кӯдак аз куҷо пайдо шуд?
Моҳи июли соли 2018 пизишкони бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз ошкор шудани 13 сӯзан дар бадани як кӯдаки 9-моҳа хабар доданд. Табибон гуфтанд, кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст.
Ташхиси “рентгенӣ” сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва бахшҳои дигари бадани кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафта буд. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро аз бадани Мудассир берун овардаанд. Ба гуфтаи табибон, 7 сӯзани дигар дар бадани Мудассир боқӣ мондааст ва берун овардани онҳо барои саломатии ӯ хатарнок мебошад.
Мудассир фарзанди дувуми хонавода аст. Падари кӯдак дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда, масъулияти тарбияи фарзандон ба уҳдаи модар аст. Табибоне, ки ин тифлро ҷарроҳӣ кардаанд, мегӯянд, чунин ҳодиса дар таҷрибаи кориашон собиқа надошт.