Наздикони Амирҷони Сатторов, як тифли тоҷик, ки баъд аз ду ҷарроҳӣ ва ду моҳи муолиҷа дар беморхона даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд. Ба иддаои онҳо, Амирҷони дусола қурбони иштибоҳи як ҷарроҳ дар Маркази миллии тиббӣ, мавсум ба "Қарияи Боло"-и Душанбе шудааст.
Шикояти волидони тифл дар ҳолест, ки ҷарроҳ дар беморхона бо дарди қалб бистарӣ шудааст. Ду рӯз пеш, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба дидани Амирҷон рафтанд, ӯ нафаси сунъӣ мегирифт ва зоҳиран охирин лаҳзаҳои зиндагиаш буд ва замоне, ки гузориш таҳия мешуд, хабар расид, ки ӯ фавтидааст.
"Ба ҷои беҳтар шудан, инҷо аз пешоб кардан монд"
Мавлуда Худойдодова мегӯяд, табиб ба ӯ гуфта буд, ки гурдаи кӯдак зардоб ва гӯшти зиёдатӣ дорад ва бояд ҷарроҳӣ шавад, аммо ба модари кӯдак фаҳмонидааст, ки бояд пешобдони Аминҷонро ҷарроҳӣ кунанд.
Мавлуда Худойдодова, сокини Кӯлоб ва модаркалони Амирҷон, рӯзи 14-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз чанд соати ҷарроҳии гурдаи тифл, вазъи ӯ якбора бад шудаву аз онҳо барои ҷарроҳии дуввум иҷозат пурсиданд. Баъди ин ду ҷарроҳӣ ба гуфтаи Мавлуда, кӯдак фақат хун пешоб мекард ва беҳол шуд.
Ба гуфтаи Худойдодова, як рӯз пас аз ҷарроҳӣ табибон бо онҳо дар тамос шуда ва вазъи кӯдакро сангин гуфтанд ва ризояти наздикони Амирҷонро барои ҷарроҳии дигарбора пурсиданд, зеро шиками ӯ варам карда буд. Модаркалони Амирҷон мегӯяд, ин бор ҷарроҳӣ 5 соат давом кард ва фаҳмиданд, ки меъдаи наберааш кафидааст ва рӯдаҳо заҳролуд шудаанд. "Баъд аз ин ҷарроҳӣ, мо дигар табибро надидем",-мегӯяд ӯ.
Фарида Шоева, модари Амирҷон мегӯяд, ки фарзандашро моҳи ноябр бо дарде дар пешобдон ва таби баланд ба беморхонаи "Қарияи боло" оварданд.
Табибон ба онҳо гуфтанд, ки пешобдони ӯ нуқси модарзод дорад. "Кӯдак роҳ мерафт, хуб мехӯрд, чанд маротиба дар узви таноcулаш лула монданд. Ба ҷойи беҳтар шудан, аз пешоб монд. Ду моҳ чизе намехӯрд, қай мекард. Дигар роҳ намерафт", афзуд Фарида Шоева.
"Баъди ҷарроҳӣ дигар табибро надидем"
Волидони кӯдак мегӯянд, баъди ҷарроҳӣ ва бад шудани вазъи кӯдак, онҳо дигар табиберо, ки ӯро ҷарроҳӣ карда буд, надиданд. Дар беморхона ба онҳо гуфтаанд, ки табиб бемор шудааст ва дар шуъбаи бемориҳои қалб бистарӣ аст.
Дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи беморхонаи "Қарияи боло" ба Радиои Озодӣ ҳам гуфтанд, ду ҷарроҳе, ки яке гурда ва дигари меъдаи Амирҷонро ҷарроҳӣ кард, сактаи қалб шуда, бистариянд.
Аммо табибе, ки дар охирин рӯзҳои зиндагӣ Амирҷонро табобат мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи дуруст ё нодуруст ҷарроҳӣ шудани Амирҷон чизе гуфта наметавонад, аммо ташхиси муайянкардаи ҷарроҳ дуруст аст.
"Нуқси модарзод дошт"
Фахриддин Сафедов, табиби шӯъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи Беморхонаи "Қарияи боло" мегӯяд, ки Амирҷон "нуқси модарзодӣ" доштааст ва рагҳои иловагие, роҳи пешобдонро бастааст ва пешоб ҷамъ шуда, қисми он ба гурда меравад.
"Ин гуна беморӣ дар натиҷа ба гурдаҳо рафта, онҳоро пажмурда мекунад. Наздиконаш гуфтанд, ӯро як дард мегирифт. Дар натиҷаи дар хона табобат кардан, дард рӯдаҳояшро сӯрох кардааст. Табиб рӯдаро ҷарроҳӣ кард, гурдаро пок кард", афзуд Фахриддин Сафедов.
Дар пайи муроҷиати волидони кӯдак ба вазорати тандурустӣ, чанд намоянда ҳам барои тафтиши ташхису бемории кӯдак ба беморхона сафарбар шуданд. Вале волидони кӯдак мегӯянд, онҳо ҳам барояшон ягон хулосаи дақиқ пешниҳод накарданд.
Волидони Амирҷон мехоҳанд, ки табиб муҷозот шавад
Масъулини Вазорати тандурустӣ ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, сабаби марг ва дурустӣ ё нодурустии ҷароҳии Амирҷонро танҳо Хадамоти назорат оид ба тандурустӣ пас аз таҳқиқ муайян хоҳад кард. Ба гуфтаи масъулини вазорат, ин таҳқиқ танҳо дар пайи шикояти волидон ба хадамот сурат мегирад.
Волидони кӯдак, ки дар марги фарзандашон табиби ҷарроҳро гунаҳкор медонанд, мехоҳанд ӯ муҷозот шавад, то дигар ягон тифле ба сарнавишти фарзанди онҳо рӯбарӯ нашавад. Ҳоло дақиқ нест, ин даъвои онҳо чӣ натиҷа хоҳад дод. Онҳо ба додситонӣ ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ шикоят кардаанд ва ваъда гирифтаанд, ки шикояташон баррасӣ мешавад.
Шикоят аз кори табибон дар Тоҷикистон
Шикояти сокинон аз кори табибон ва иштибоҳҳои онҳо кам нест. Дар паёми ахири худ президенти Тоҷикистон ҳам, аз арзу шикояти сокинон нисбати табибон гуфт ва аз сифати пасти хизматрасонӣ ва муоширати табибон нигаронӣ кард. Дар зимн, вазири вақти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳам ошкор гуфта буд, табибони тоҷик баъзан ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.
Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - ниҳоди зери назари вазорати тандурустӣ, дар 10 моҳи соли 2018 дар пайи шикояти сокинон беш аз 40 пизишкро барои роҳ додан ба хато зимни муолиҷа ва ё муносибат бо беморон, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.
Масъулини ин ниҳод мегӯянд, "ин духтурон тибқи моддаҳои 110 ва 123-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва фармони 600 ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд".
Аммо корафтодаҳо ва коршиносон мегӯянд, "иштибоҳҳое, ки ин хадамот ошкор кардааст, қатрае аз баҳранд". Гуфта мешавад ҷараёни таҳқиқи чунин ҳодисаҳо ва муайян кардани он кори мураккаб аст ва дар баъзе мавридҳо баҳси онҳое, ки аз ҳалокати наздикони худ дар натиҷаи иштибоҳи духтурон ба шикоят мекунанд, зимни пеш омадани зарурати колбадшикофӣ нотамом мемонад. Чун наздикони афроди фавтида мухолифат мекунанд.
Як пора устухонро бароварданд, гуфтанд, хато кардаанд
Абдулваҳҳоб Каримов, сокини 32-солаи Душанбе, ки дар пайи як садама аз сутунмуҳрааш осеб дид, мегӯяд, дар пайи 4 ҷарроҳӣ табибони тоҷик натавонистанд бемории ӯро мушаххас ва дардашро рафъ кунанд. Ӯ мегӯяд, баъд аз ҷарроҳиҳо пурра аз пои равон монд ва барои муолиҷа ба Русия рафт. Табибони рус аз бадани ӯ порае аз устухони шикастаро гирифтанд ва мегӯяд вазъаш беҳтар шуд.
"Мо шикоят бурда будем то ба додситонӣ, вале натиҷае надод. Дар Русия ҷарроҳӣ ва баъди он каме сабук шудам. Онҳо як пора устухонро бароварда гуфтанд, ин иштибоҳи духтурони шумо аст. Гуфтанд, устухони шикаста мондааст, табибон онро надиданд ва он устухон ҳароммағзро зер кардаст. То ду сол азобам дод, 4 бор ҷарроҳӣ карданд, чизе нафаҳмиданд. Пули калон додем, хонаамро фурӯхтам. Чизе нашуд, ҳоло дар хонаи ҳар кас зиндагӣ дорам".
Ин мусоҳиби мо ҳоло дар Душанбе аст ва бо кӯмаки як табиби дигар талош дорад, ба по хезад. Мегӯяд, дар кишвар ҳам табибони касбӣ кам нестанд, аммо иштибоҳи чанд нафар метавонад, боиси дилсардии бисёри сокинон аз табибон шавад.
Абдулло Давлатов, табиби тоҷик, ки муқими шаҳри Маскав аст, мегӯяд, бисёре аз пизишкони варзида бинобар маоши пасту ночиз аз кишвар берун рафтаанд. Ба гуфтаи ин табиби ботаҷриба, соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ба ислоҳоти фарогир ниёз дорад.