Сокини 64-солаи Санкт-Петербург, ки дар тақаллубкорӣ ва қонунисозии ғайриқонунии муҳоҷирон муттаҳам мешавад, базудӣ дар додгоҳ посух хоҳад дод. Ба навиштаи оҷонсии Интерфакс, ин мард худро консули кишвари вуҷуднадоштаи «ASPI, воқеъ дар ҳавзаи Кариб” муаррифӣ карда, нафарони зиёд, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро фиреб кардааст. Ирина Волк, намояндаи расмии ВКД Русия рӯзи 19 феврал ба оҷонсии русӣ гуфт, ки таҳқиқи пешакии парвандаи ҷиноии як сокини маҳаллӣ анҷом шуда, ин шахс барои таҳия ва иҷрои як нақшаи тарҳрезишудаи фиреби шаҳрвандони хориҷӣ ва фурӯши шиносномаҳои қалбакии кишвари вуҷуднадошта муттаҳам мешавад”. Муфаттишон маълум кардаанд, ки шарикони ин ҷиноят аз номи як созмони тақаллубӣ шиносномаҳои шаҳрвандони кишвари вуҷуднадошта ва шаҳодатномаи ронандагӣ таҳия карда ин санадҳои сохтаро ба хориҷиҳо мефурӯхтанд. Дар парванда гуфта мешавад, ки кори ин ширкати тақаллубӣ аз соли 2015 ба ин сӯ ба роҳ монда шуда буд. Дар дохили шиносномаҳои тақаллубӣ мӯҳри убури марзи Беларус гузошта мешуд. Арзиши чунин санадҳо 15 то 100 ҳазор рубл таъин шуда буд. Аксар онҳое, ки мавриди тақаллуби онҳо қарор гирифтанд, шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва ҳам чанд дигар ҷумҳурии шӯравии пешин буданд, ки бо ҳадафи кор ба Русия рафтаанд.