Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибони дастёрони кишоварзонро дар Данғара ҷазо доданд ВИДЕО


Ҳукумати Данғара алайҳи ҳафт сокини ин ноҳия барои бесаробон мондани улоғ ё харҳояш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, ки аксар вақт боиси садамаҳои маргбор мешавад, ҷораҷӯӣ кардааст.

Соле пеш аз сӯи раиси ноҳияи Данғара қароре ба тавсиб расида буд, ки тибқи он, дар сурати сар задани садамаҳои маргбор бинобар ҳайвоноти хонагӣ, аз ҷумла улоғ, соҳибони он муҷозот мешаванд.

Мақомоти Данғара мегӯянд, шуморе аз харҳо беназорат ва бесоҳиб мебошад ва ба сабаби онҳо, ҳодисаҳои маргбори автомобилӣ иттифоқ афтодааст.

Маҳмурод Саидов, сардори Маркази назорати бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Данғара авоили моҳи ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ноҳия 5300 сар улоғ ба қайд гирифта шудааст. Ӯ ҳамзамон гуфт, шуморе аз харҳо беназорат ва бесоҳиб мебошад ва ба сабаби онҳо, чандин ҳодисаҳои маргбори автомобилӣ иттифоқ афтодааст.

Ӯ афзуд, ки алайҳи ҳафт сокини ноҳия барои беназорат гузоштани улоғҳояшон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба пулис супурданд. Аммо ин масъули ҳукумати ноҳияи Данғара нагуфт, ки дар ниҳоят мақомоти интизомӣ дар нисбати соҳибони харҳо чигуна муҷозот раво диданд.

"Дар ҳақиқат ин ҳодиса вуҷуд дорад, зеро тибқи таҳқиқҳо, харҳои бесоҳиб бисёранд. Дар давоми сол алайҳи ҳафт сокини ин ноҳия барои беназорат мондани харҳояшон протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба шӯъбаи вазорати корҳои дохилаи ноҳия супоридем ва аз сӯи милиса чораандешӣ сурат гирифт. Ҳоло ҳар нафаре, ки дар ноҳия ҳайвоноти хонагӣ, аз ҷумла харҳояшонро беназорат мемонад, аз сӯи мо чора андешида мешавад",- афзуд Маҳмурод Саидов.

Дар Данғара соҳибони харҳои бесоҳиб муҷозот шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Ин иқдоми ҳукумати Данғара дар ҳоле аст, ки дар ҳама фаслҳои сол, ба вижа мавсими сармо улоғҳои бесаробон дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар қаламрави ин ноҳия зиёд ба мушоҳида мерасад ва боиси садамаҳои нақлиётӣ мешавад. Ронандаҳо низ яке аз омилҳои садамаҳои маргбор дар ин масирро вуҷуди ҳамин улоғҳои беназорат медонанд.

Билол Шамсов, як сокини Восеъ, ки бештари вақт дар масири Душанбе-Кӯлоб сафар мекунад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки харҳо бештар дар қад-қади роҳи Данғара дар фасли сармо ба мушоҳида мерасанд, чун мавсими корӣ ба анҷом мерасад ва соҳибони улоғҳо онҳоро бесаробон мегузоранд ва назорат намекунанд.

Ӯ мегӯяд, аз сӯи дигар, вақте садама бо "гуноҳи" улоғ ва ё ягон ҳайвони хонагӣ рух медиҳад, соҳиби он ҳатман ронандагонро гунаҳгор карда, ҷуброн талаб мекунад. Аммо Шамсов иқдоми ҳукумати ноҳияи Данғараро ҷонибдорӣ кард ва гуфт, ки дигар ҳар ронанда бояд донад, ки дар сурати садама ба соҳибони ҳайвонот ҷуброн пардохт накунад.

"Вақте ҳаво камтар хунук шуд, чун асфалт гарм аст, омада онҷоро ҷои хоб интихоб мекунад. Шоҳиди чандин садамаҳо натанҳо бо гуноҳи хар, балки гов низ дар ин шоҳро будам, аммо бечора ронандаҳо аз дасти молдор то ҷуброни онро барқарор намекард, халос намехӯрд. Яъне, ду тараф зарар медид. Ҳоло ҳам ҳамин мушоҳида мешавад ва аксар вақт гову молашонро ҳини ба саҳро бурдан, аз васати роҳ мебаранд. Иқдоми ҳукумати Данғара хуб аст ва инро бояд ҳама донад, ки ҳодиса бо сабаби ҳайвон рух дод ва ронанда гунаҳгор нест",-гуфт мусоҳиби мо.

Зимнан, ин бори аввал аст, ки баъди қарори раиси ноҳияи Данғара, ҳафт сокинро муҷозот карданд. Масъулони ҳукумати ноҳияи Данғра низ мегӯянд, ки чун ин қарор соли пеш ба тавсиб расида буд, аз ин рӯ, то ҳол корҳои таблиғотӣ миёни сокинон идома дорад, то онҳо огоҳ бошад, ки дар сурати беназорат мондани улоғ ва ҳайвонҳои хонагиашон дар шоҳроҳ, муҷозот мешаванд.

Аммо аксари ронандаҳо мегӯянд, ки аз ин иқдоми ҳукумати ноҳияи Данғара огоҳ набуданд ва замоне, ки бо сабаби улоғ ва ё гови сокинони шоҳроҳи Данғара садама рух медод, онро ҷуброн карда, баъдан аз дасти он халос мехӯрданд.

XS
SM
MD
LG