Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки рушди мунтазами равобити Тоҷикистону Русия, дар сиёсати хориҷии кишвараш мавқеи вижа дорад. Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро рӯзи 5-уми феврал дар мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, баён дошт. Оқои Лавров бо сафари расмии дурӯза дар Душанбе қарор дорад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ин ду шарики стратегӣ, баррасӣ шудааст.
Тоҷикистон аз Русия умдатан маводи сӯхт харидорӣ карда, ба ин кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содир менамояд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров дар робита ба ҳамгироии сиёсӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои низомӣ, мубориза бо терроризм, ҳифзи марз, вазъ дар Афғонистон ва амалӣ шудани барномаи навсозии артиши Тоҷикистон, гуфтугӯ кардаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо оқои Лавров ҳамчунин ба ҳалли масоили байниминтақавии тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби технология барои коркарди маҳсулоти саноатӣ, коркарди пахта, мева ва сабзавот, ҳамчунин афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Русия, таъкид шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Лавров дар ин мулоқот ба масъалаи сохтмони мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони рус ба мактабҳои Тоҷикистон низ дахл кардаанд. Ҳамчунин масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин мулоқот баррасӣ шудааст. Дар ин дидор масъалаи сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия баррасӣ шудааст. Вале таърихи муайяни ин сафар эълон нашудаст.
Қарор аст Сергей Лавров имрӯз бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ мулоқот кунад. Дар поёни ин мулоқот ҳар ду вазири Тоҷикистону Русия ба саволҳои хабарнигорон посух хоҳанд дод.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дода буд, ки дар мулоқоти Сергей Лавров бо мақомоти тоҷик масоили ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши сиёсиву амниятӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва чорабиниҳои марбут ба дидорҳои сиёсии мақомоти баландпояи ду кишвар баррасӣ мешаванд.
Сергей Лавров баъд аз анҷоми сафараш ба Қирғизистон шоми 4 феврал аз Бишкек вориди Душанбе шуд. Хабаргузориҳо аз қавли Сергей Лавров дар Бишкек навиштааст, Русия омода аст ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ ҳамроҳ шавад.
"Ширкатҳои мо омодагии худро барои пайвастан ба лоиаҳои CASA-1000 ва ТАПИ, ки аз лиҳози энержӣ ҷолибанд, дар марҳалаи аввали татбиқи ин лоиҳаҳо эълон дошта буданд. Онҳо гуфта буданд, ки дар сурати манфиатдории кишварҳои дахлдор омода ҳастанд ба ин тарҳҳо ҳамроҳ шаванд",- гуфтааст Сергей Лавров.
Тарҳҳои CASA-1000 интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад. Пешбинӣ шудааст, ки 70% интиқоли қувваи нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон сурат хоҳад гирифт. Дар маҷмӯъ, тавассути ин хатти интиқоли нерӯи ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Тарҳи ТАПИ бошад сохтмони хатти лӯлаи гази табиии дарозиаш 1735 километр аз Туркманистон ба Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон бо зарфияти солонаи интиқоли то 33 млрдметри мукааб гази табииро дар назар дорад. Маблағи иҷрои ин тарҳ $8 -10 млрд арзёбь мешавад.
Тоҷикистон ва Русия шарикони стратегӣ маҳсуб мешаванд ва аз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201 Русия вуҷуд дорад. Дар соли гузашта Тоҷикистон ва Русия ба маблағи беш аз як миллиард доллор доду гирифт кардаанд. Тоҷикистон аз Русия умдатан маводи сӯхт харидорӣ карда, ба ин кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад.
Гузашта аз ин, тӯли чанд соли ахир Русия кишвари умдаи мизбони муҳоҷирони кории тоҷик дониста мешавад. Ҳамасола ҳудуди як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ва маоши муносиб ба минтақаҳои мухталифи Русия сафар мекунанд.
Ҳарчанд дар чанд соли ахир мизони маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик ба далели бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Русия коҳиш меёбад, вале бо ин вуҷуд коршиносон ин маблағҳоро баробари ҳудуди 40 дарсади маблағи Маҷмаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бароварда месозанд.