Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти ВКД ба иддаои Истад Қурбонова. Ҳақ бо кист? ВИДЕО


Истад Қурбонова
Истад Қурбонова

Мақомоти Тоҷикистон қасди худсӯзии як зан дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Айнӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи танқидҳоро ба бор овард, шарҳ доданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал дар изҳороти расмӣ гуфт, Истад Қурбоноваи 68-сола пеш аз интиқол ёфтан ба боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан "асабӣ шуд ва худро дар ҳоҷатхона оташ зад".

  • Сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд Истад Қурбонова рӯзи 2-юми январи имсол бо иттиҳоми ғасби замин дастгир шуд ва баъди даҳ рӯз ӯро бо бадани сӯхта ба бемористон бурданд. Ӯ ва наздиконаш иддао карданд, ки Қурбонова дар боздоштгоҳи пулис шиканҷа шудааст.
Мақомот мегӯянд, Истад Қурбонова аз соли 2000-ум дастикам се дафъа бо ҷурми авбошӣ ва таҳқири намояндаи ҳукумат маҳкум шудааст.

Худи ӯ рӯзи 30-юми январ дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки "ҳафт-ҳашт кас даромаданд. Онҳо табибро низ даъват карда ва гуфтанд, як "укол" кун, то баданаш карахт шавад".

Истад Қурбонова мегӯяд, баъди ин давоми ҳодисаро дар ёд надорад, аммо замоне ки ба худ омад, "куртааш месӯхт".

Нақлҳои Истад Қурбонова дар ин ҷост:

Истад Қурбонова: "Бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

"Ҳолатҳои бадрафторӣ тасдиқ нашуд"

Дар ҳоле ки Қурбонова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ маъмурони милисаро ба азобу шиканҷа муттаҳам кард, мақомот мегӯянд, ӯ аз соли 2000-ум ба ин тараф дастикам се дафъа бо ҷурми авбошӣ, расондани зарари вазнин ба саломатӣ ва таҳқири намояндаи ҳукумат маҳкум шудааст.

Ба иттилои мақомот, ҳоло ӯ ба "худсарона ишғол кардани замин" ва "қасдан нобуд кардани молу мулк" муттаҳам аст. Мақомот мегӯянд, ӯ барои сарпечӣ аз ҳозир шудан ба бозпурсӣ моҳи октябри соли гузашта таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифта ва аввали моҳи январ дастгир шудааст.

Мақомот дар изҳороти худ тасдиқ мекунанд, ки барои ором кардани Истад Қурбонова аз бемористон пизишк даъват кардаанд. Вале мегӯянд, "ҳолатҳои бадрафторӣ ва дағалии маъмурони милиса нисбат ба ин зан тасдиқи худро наёфт."

Барканории се нафар "барои хунукназарӣ"

Дар ҳоли ҳозир се корманди ИВС ё боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ "барои хунукназарӣ ҳангоми адои вазифа, ки боис ба қасди худсӯзии Истад Қурбонова шуд”, аз кор ронда шудаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, бо ҳамин, мақомоти милиса санҷиши худро анҷом доданд, вале таҳқиқи парвандаи Истад Қурбонова аз тарафи додситонӣ ҷараён дорад.

Додситонии ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони корхонаи "Сохтмон СТД" ба ҷавобгарӣ кашидааст. Ин ширкат иддао дорад, ки Қурбонова дар тақрибан 2-3 сотих замини ин корхона анбору ҳоҷатхона сохта ва онро худсарона аз худ намудааст ва бояд бозпас гирифта шавад.

"Барои ҳавлӣ санад дорам"

Истад Қурбонова мегӯяд, барои ҷои зисти худ санад дорад ва дар ягона ҳавлиаш бо панҷ фарзанду бист набера зиндагӣ дорад. Ӯ ва наздиконаш аз мақомот мехоҳанд, ки қазияи ӯро мунсифона баррасӣ карда ва ҳақро ба ҳақдор бирасонанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, кам иттифоқ афтодааст, ки як зани солхӯрда бар асоси баҳси замин ба боздоштгоҳ интиқол ёфта, баъдан бо нишонаҳои сӯхтор дар бадан ба бемористон бурда шавад.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 аъзои ин созмон беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG