Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи об боло рафт, аммо мушкили мардум ҳал нашуд. ВИДЕО


Яке аз биноҳои баландошёна дар ноҳияи Рӯдакӣ
Яке аз биноҳои баландошёна дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сокинони баъзе аз хонаҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди он ки имсол нархи оби ошомиданӣ гарон шуд, ҳанӯз мушкили дастрасӣ ба ҳал нагардид. Равшан Тӯйчизода, муовини раиси корхонаи "Хоҷагии манзиливу коммуналии Тоҷикистон" рӯзи 19-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, арзиши об ба ҳисоби миёна 20 дарсад афзоиш ёфтааст. Агар дар гузашта як метри мукааб об дар минтақаҳои кишвар 91 дирам арзиш дошт, ҳоло ба 1 сомониву 8 дирам расидааст. Ин нарх дар ҳар маҳалла вобаста ба шеваи дастрас кардани об ба манзилҳо фарқ мекунад.

  • Мақомот як сабаби боло бурдани нархи обро "беҳбуди вазъи хидматрасонӣ" ва "пардохти қарз" номиданд. Вале сокинон аз вазъи нохуби дастрасӣ ба об шикоят доранд.
Мақомот мегӯянд, барои таъмини пурраи мардум бо об 2 миллиард доллар зарур аст.

Об дар зарф, дар баландошёнаҳо​

Зебуннисо Сафарова, сокини кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, дар як шабонарӯз ба хонаашон тақрибан 4-5 соат оби ошомиданӣ меояду бас. Ӯ мегӯяд, ҳолатҳое мешавад, ки то се рӯз бе об мемонанд.

"Нархро боло бурданд, вале мушкили мо боқӣ монд. Ваъда дода буданд, ки ба таври доимӣ об медиҳанд. Иҷро накарданд. Аз бозор зарфи калон харида, дар хона гузоштем. Ҳар вақте об омад, зарфро пур мекунем, то дар рӯзҳои беобӣ истифода барем. Беобӣ дар манзили бисёрошёна мушкил аст", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Оби гарон, аммо дастнорас дар Рӯдакӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Боми хона: Моҳвора, "бушка"...

Сафарова гуфт, бар иловаи онки нархи об гарон аст, барои харидану насби зарфи калон дар хонаашон тақрибан 200 доллари дигар харҷ кардааст. Вале бархеи дигар "бушка"-ҳои бузургро дар болои боми манзили баландошёна часпондаанд.

"Бушка"-ҳои зиёд дар шафати антеннаҳо дар болои боми баландошёнаҳо саҳнае дар маҳаллаи "Истиқлол 1"-и ноҳияи Рӯдакӣ аст. Ин маҳалла дар паҳлӯи роҳи асосие, ки Душанберо бо маркази ноҳияи Рӯдакӣ мепайвандад, ҷойгир буда, ба пойтахти Тоҷикистон хеле наздик аст. Ҳангоми гузаштан аз роҳ "бушка"-ҳо дар болои боми сокинон намоёнанд.

Амонулло Худойназаров, раиси яке аз биноҳои кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, мақомот натанҳо масъалаи таъмини обро пурра ҳал накардаанд, балки қубури обро низ солҳо боз иваз наменамоянд. "Фарсуда шудаанд ва агар суръати об баланд шавад, эҳтимол бикафанд. Инҳоро бояд иваз кунанд. Дар замони Шӯравӣ хонаҳои бисёрошёна бо оби гарму хунук таъмин буд. Ин вазъият баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба мерос монд", - афзуд ӯ.

"Ду миллиард доллар зарур аст"

Ноҳияи Рӯдакӣ танҳо ноҳияе нест, ки сокинонаш аз мушкили дастрасӣ ба обу пардохти ҳаққи он шикоят мекунанд. Дар шаҳру навоҳии дигари кишвар ҳам шикоятҳо аз вазъи бисёр бади дастрасӣ ба оби ошомиданӣ борҳо садо додааст.

Масъулони корхонаи "Хоҷагии манзиливу коммуналии Тоҷикистон" аз шарҳи бештар дар бораи вазъи дастрасии сокинон ба оби ошомиданӣ ва миллионҳо доллар қарзашон дар назди ниҳодҳои молӣ худдорӣ карданд.

Як мақоми ин ниҳод ба шарти фош нашудани номаш гуфт, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз қарздиҳандаҳои асосӣ барои таъмини аҳолии кишвар ба об буда, айни ҳол қарзи корхона дар назди ин бонк ба 37 миллион доллар расидааст. Вай гуфт, "ин қарзҳои дарозмуддат буда, марҳила ба марҳила пардохт хоҳем кард."

Қаблан масъулони Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон", гуфта буданд, ки 57 дарсади сокинон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд ва барои таъмини пурраи мардум бо об 2 миллиард доллар зарур аст.

XS
SM
MD
LG