- Шаҳрдории Душанбе барои беҳбуди вазъи мусофиркашонӣ дар роҳҳои пойтахт, ки борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст, мехоҳад троллейбусҳои беноқил ворид намояд. Ба қавли бахши нақлиёти шаҳрдорӣ, дар назар аст, троллейбусҳои беноқил охири моҳи март вориди Душанбе шуда, мавриди истифода қарор бигиранд.