Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтаре, ки дар таваллудхона аз баҳраш гузаштанд, модарашро меҷӯяд. ВИДЕО


Умеда Каримова соҳиби ду фарзанд аст.
Умеда Каримова соҳиби ду фарзанд аст.

Як духтари тоҷик, ки солҳои ҷанги дохилӣ модараш дар таваллудхона аз ӯ даст кашид, аз мардум мехоҳад, дар пайдо кардани модар ба ӯ кумак кунанд.

Агар ӯро ёбам, аввал ба оғӯш мегирам ва ташаккур мегӯям, ки маро ба дунё овардааст. Агар ба кумаке эҳтиёҷ дорад, ёрӣ мекунам. Мехоҳам ба ӯ бигӯям, ки агар бихоҳад, метавонад ба Русия биёяд, наберагонашро нигоҳубин кунад. Агар не, ихтиёр дорад.

Умеда Каримова чаҳор сол аст, занеро ҷустуҷӯ дорад, ки ӯро дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе ба дунё овард, вале бо сабаби номаълум аз ӯ даст кашида. Умеда, ки ҳоло 24 сол дорад ва дар Русия зиндагӣ мекунад, рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳори соли гузашта ҳеҷ иттилое дар бораи модараш пайдо накард.

“Волидонам, ки маро ба фарзандӣ гирифтаанд, нақл карданд, ки рӯзи 4-уми ноябри соли 1994 дар таваллудхонаи рақами 1 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаам. Модарам 16 ва ё 17 сол доштааст. Шояд ҳоло 40 сол дошта бошад. Маро баъди таваллуд бо худ бурдааст, вале як ҳафта баъд баргардонда дар таваллудхона гузоштааст. Дар бораи модарам ҳеҷ чиз намедонам. Фақат ҳаминро медонам, ки 16 ё 17-сола будааст ва ман рӯзи 4-уми ноябри соли 1994 таваллуд шудаам. Фақат ҳаминро медонам”, – гуфт Умеда ба Радиои Озодӣ.

"Дар шаҳодатнома ҷой ва санаи таваллудамро навиштаанд"

Умедаро баъди тақрибан ду моҳ оилаи муҳтоҷи фарзанд, ки яке геолог ва дигарӣ муаллим аст, ба фарзандӣ гирифтанд. Бо умеди ёфтани фарзанд ба ӯ Умеда ном ниҳоданд ва соли 1995 бо худ ба Русия бурданд. “Ман дувуниммоҳа будам, ки ба фарзандӣ гирифтанд. Азбаски баъдан сахт бемор шудам, маро ба Русия оварданд. Бемории сурхакон доштам ва табибон гуфтаанд, ки мумкин аст, зинда намонам, вале волидонам маро наҷот доданд. Дар Русия муолиҷа карданд ва Худоро шукр, онгуна ки мебинед, зинда ҳастам”, – мегӯяд Умеда ва механдад.

Бар асоси муқаррароти қонун, ба волидони Умеда дар таваллудхона ному насаб, киву аз куҷо будани занеро нагуфтаанд, ки ӯро ба дунё овардааст. Ӯ мегӯяд: “Волидонам мегӯянд, дар шаҳодатнома фақат ҷойи таваллуд ва санаи таваллудамро навишта буданд, ки 4-уми ноябри соли 1994 аст.”

Умеда аз соли 2014 ба ҷустуҷӯи модари аслиаш пардохт, дар он сол ба Душанбе рафт, то нишоне аз ӯ пайдо кунад, вале кӯшишҳояш самар надоданд, аз онҷо дасти холӣ ба Русия баргашт.

Таваллудхона сӯхтааст, санадҳо нест?

“Ба таваллудхонаи рақами 1 дархост додам, ки маълумотномаи маро пайдо кунанд, шояд модарамро ёбам. Аммо ҳеҷ маълумоте дар бораи модари ман наёфтанд ва ба ман гуфтанд, ки дар бойгонии таваллудхона соли 2001 сӯхтор ба амал омадааст ва пайдо кардани маълумот амри маҳол аст. Ба сафорати худамон дар Маскав навиштам, ба ман гуфтанд, ки бояд ба Тоҷикистон биравам”, - мегӯяд Умеда.

Умеда, ки ҳоло худаш ҳам модар аст, мегӯяд, аз онки дар ҷустуҷӯи модари аслиаш шуд, волидонаш озурда нашудаанд ва ӯро ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд, ҳарчанд баъзан ғамгин ҳам мешудаанд.

“Аҳли оилаи мо як хонаводаи олӣ ҳастанд. Шукри Худо падару модарам ҳамеша дар бари ман ҳастанд, ба ман кумак мерасонанд. Дар ҳама кор мадад мерасонанд. Вақти суҳбат модарам худро нигаҳ медорад, аммо баъзан падарам мегӯяд, ту агар модаратро ёфтӣ, моро гузошта меравӣ ва ашк мерезад. Ман мегӯям, ҳеҷ гоҳ тарк намекунам, чунки шумо падари ман ҳастед ва ӯ модари ман”, - мегӯяд Умеда.

"Таъна мезаданд, ки фарзанди ӯгай ҳастам"

Волидони Умеда гуфтанд, ки намехоҳанд, дар бораи қазияи духтарашон суҳбат кунанд, чун ӯ худаш мустақил аст ва медонад, чӣ кор мекунад. Худи Умеда ҳам мегӯяд, ҳадаф аз ҷустуҷӯи зане, ки ӯро ба дунё овардааст, фақат як чиз аст, дидану донистани ӯ ва изҳори сипос кардан.

“Ман намехоҳам, бо модаре, ки маро ба дунё овардааст, зиндагӣ кунам, фақат мехоҳам, ба ӯ ташаккур бигӯям, ки маро таваллуд кард. Агар хост метавонад, бо мо муошират кунад. Ман модар дорам, 24 сол аст, ки ӯро модар меномам. Худам модари ду фарзанд ҳастам, ӯро мефаҳмам. Шояд дар вазъи бисёр мушкиле буд, ки маро гузошт. Илова бар ин, 16-17 сол дошт, шояд хатое кард. Фақат мехоҳам, ӯро бубинам ва ба ӯ ташаккур бигӯям”, – мегӯяд Умеда.

Як сабаби дигари ба ҷустуҷӯи модар шуруъ кардани Умеда, амалкарду суханони ноҷои атрофиён ҳам будааст, ки бо фарзанди “ӯгай” номидани Умеда дили ӯро озурда кардаанд.

Умеда, вақте ҳафт сол дошт, бо модараш ба Конибодом баргашт ва се соли аввал дар онҷо таҳсил кард. “Ман дар хурдӣ намедонистам. Дар 18-солагӣ ба ман гуфтанд, ки маро ба фарзандхонӣ гирифтаам. Вақте мактаб мехондам, ҳама ба ман мегуфтанд, ки фарзанди ӯгай ҳастам, вале бовар намекардам. Ҳамсояҳо гап мезаданд. Ҳатто вақте барои хостгорӣ омаданд, гуфтанд, ки ба мо келини фарзанди ӯгай даркор нест ва ин барои ман бисёр дарднок буд. Ба худ мегуфтам, ки чаро ба ман чунин мегӯянд, ман ки падару модар дорам. Оилаи комил дорем, ки бо ҳам зиндагӣ мекунем. Ҳоло аз чунин гуфтаҳо нороҳат намешавам, балки хурсандам.”

Ҳама чиз дорад, ба ҷуз модари аслӣ

Баъди ин ҳама таъна Умеда аз волидон пурсид, ки оё модари аслиаш дигар аст, дар воқеъ ӯро ба фарзандӣ гирифтаанд. Посух ҳам мусбат буд ва волидонаш ба ӯ гуфтанд, ки “азбаски мо фарзанд надоштем, мо туро ба фарзандӣ гирифтем.”

Баъди ду соли ба фарзандхонӣ гирифтани Умеда, волидонаш соҳиби як писар шуданд ва Умеда як бародари 22-сола дорад, ки ба гуфтаи худаш ӯро дӯст медораду эҳтиром мекунад. Айни муносибатро аз ӯ мебинад.

Умеда Каримова издивоҷ кардааст ва бо шавҳараш Шоҳрух, ки дар фурудгоҳи Шереметово кор мекунад, соҳиби ду фарзанданд. Насимҷон якунимсола аст ва Муҳаммад 2-моҳа.

Дар зиндагӣ ҳама чизро дорад, волидони ғамхоре, ки онҳоро дӯст медорад ва шавҳару бародаре, ки ӯро дастгирӣ мекунанд. Фақат модари аслиашро донистан мехоҳад, ки кӣ асту дар куҷо аст.

"Агар ёбам..."

“Агар ӯро ёбам, аввал ба оғӯш мегирам ва ташаккур мегӯям, ки маро ба дунё овардааст. Агар ба кумаке эҳтиёҷ дорад, ёрӣ мекунам. Мехоҳам ба ӯ бигӯям, ки агар бихоҳад, метавонад ба Русия биёяд, наберагонашро нигоҳубин кунад. Агар не, ихтиёр дорад. Муҳимтар аз ҳама бароям ин аст, ки ман ӯро ёфтам ва медонам, ки модарам кист. Агар бародароне дошта бошам ва хоҳанд бо мо дӯстӣ ва муошират кунанд, мухолиф нестам. Хонаводаи ман, волидонам ва бародарам мухолиф нестанд. Ҳама аз диданаш хурсанд мешаванд. Ман ӯро кайҳо бахшидаам. Баъд аз онки модар шудам, бахшидам. Фақат мехоҳам, барои маро ба дунё оварданаш ташаккур бигӯям”, - афзуд ӯ.

Умеда мехоҳад, заноне, ки аввалҳои моҳи ноябри соли 1994 дар таваллудхонаи рақами 1 дар Душанбе фарзанд ба дунё овардаанд, шояд аз қазияи модари ӯ хабар дошта бошанд ва маълумоте ба ӯ дода тавонанд.

Агар касе иттилое дар ин бора дорад, лутфан ба мо нависед. Ба почтаи электронии Радиои Озодӣ: tajik@rferl.org

Ё ба ин шумора занг занед, аз тариқи Вайбер, Вотсапп, ИМО ё Телеграм. Шумораи мо +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG