Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷик, ки дар ҳодисаи фурӯ рафтани бинои даҳошёна дар шаҳри Магнитогорски Русия маҷруҳ шудааст, ҳанӯз дар бораи марги зану се кӯдакаш дар зери вайронаҳо хабар надорад.
Чанд рӯз пеш Аҳмад дар як маҳфили солинавӣ дар назди Бобои Барфӣ ҳунарнамоӣ карда, шеър хондааст. Фотима дар хона омодагӣ медид ва ба сараш тоҷ ниҳода буд. Шеър аз ёд мекард
Бахтиёр Султонов – тағои Шӯҳрат Улфатов – рӯзи 4-уми январ дар суҳбат бо телевизиони "Настоящее время", як бахши Радиои Озодӣ, гуфт, ӯ дар ҳолати кома ё беҳушии сунъӣ дар бемористони вилоятии Челябинск аст.
Ҷасади Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва Аҳмаду Фотима ва Муҳаммадро рӯзи панҷшанбе аз зери харобаҳо берун оварданд. Султонов мегӯяд, ҷасади онҳоро дар масҷиди шаҳри Магнитогорск шустанд ва ба зудӣ барои гӯручӯб ба вилояти Хатлон мефиристанд.
Навори сӯҳбати Бахтиёр Султонов бо забони русӣ:
"Наздикон баъди ним соати ҳодиса маро хабардор карданд. Онҳо аз ҷойи ҳодиса аксу видео фиристоданд. Шӯҳрат бо хонаводааш дар ошёнаи шашуми бино мезист ва ман гуфтам, ки ба эҳтимоли зиёд зинда намонданд. Чанд рӯз боз дар шаҳри Магнитогорск ҳастам. Ҷасадҳоро дар сардхона шиносоӣ кардам. Келину ҷиянҳоро шинохтам", - гуфт Султонов.
Ӯ афзуд, Шӯҳрат Улфатов бо кумаки як муҳоҷир аз Узбекистон аз зери вайрона зинда берун оварда шудааст:
"Ин муҳоҷир ҳангоми ҷустуҷӯи қурбониёни ҳодиса Шӯҳратро дар ошёнаи севум пайдо мекунад. Вале натавонистааст ба танҳоӣ ӯро ба берун барорад, чун як қисми бадани Шӯҳрат зери бетонпораҳо монда буд. Баъдан ӯ бо ёрии афсарони хадамоти наҷот Шӯҳратро аз зери вайронаҳо берун кашидааст."
Шӯҳрат Улфатов аввал дар шуъбаи эҳёи шифохонаи шаҳри Магнитогорск қарор дошт ва баъдан барои ҷарроҳӣ ба бемористони вилоятии Челябинск бурда шуд. Тағояш мегӯяд, дар бемористони шаҳри Магнитогорск Шӯҳратро нишон надодаанд. Пизишкон гуфтаанд, ки ӯ набояд ҳаракат кунад ва барои ҳамин дар ҳолати кома ё беҳушии сунъӣ аст.
"Сипас ӯро ба бемористони Челябинск бурданд. Дирӯз боз як ҷарроҳӣ карданд. Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ӯро дидааст ва ба ман хабар доданд, ки вазъи саломаташ дар муқоиса ба рӯзҳои пеш рӯ ба беҳбудӣ аст", - гуфт Бахтиёр Султонов.
Дар аввал ин нигаронӣ вуҷуд доштааст, ки пойи Улфатовро ях задааст. Вале, ба қавли Султонов, рӯзи ҷумъа пойи Шӯҳрат каме ба ҷунбиш омадааст.
Гузориши видеоӣ аз Кушониён:
Шӯҳрат Улфатов солҳо боз дар шаҳри Магнитогорск кору зиндагӣ мекард. Бино ба қавли наздикон, Шӯҳрату ҳамсараш ҳаққи иқомат ва кӯдакони онҳо шаҳрвандии Русияро доштаанд.
Бахтиёр Султонов мегӯяд, Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад дар шаҳри Магнитогорск таваллуд шуда, ба яке аз боғчаҳои кӯдакона мерафтанд.
"Чанд рӯз пеш Аҳмад дар як маҳфили солинавӣ дар назди Бобои Барфӣ ҳунарнамоӣ карда, шеър хондааст. Фотима дар хона омодагӣ медид ва ба сараш тоҷ ниҳода буд. Шеър аз ёд мекард. Онҳо чанд рӯз пеш ин видеоҳоро ба ман фиристода буданд”, - нақл кард Бахтиёр Султонов.
Интизор меравад, тобути Рачабмоҳ Исоева ва Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад шоми шанбе ё рӯзи якшанбе ба Тоҷикистон оварда шавад. Қарор аст, онҳоро дар ноҳияи Кушониёни вилояти Бохтар дафн кунанд.
Таркиш дар бинои истиқоматии даҳошёна дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабр рух дод ва даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷо гузошт. Ба қавли мақомоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, аз таркиши шадид 35 манзил комилан ва 10 хонаи дигар қисман хароб шуд. Дар ин бино 110 нафар, аз ҷумла ду хонавода аз Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд.
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Сафар Сафаров қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки оилаи Маҳмадрозиқ Самиев пурра наҷот дода шудаанд. Маҳмадрозиқ Самиев ва ҳафт узви хонаводаи ӯро тариқи “кран” саломат берун овардаанд. Худи Маҳмадрозиқ Самиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, наҷот ёфтани ӯ ва фарзандонаш дар ин ҳодиса “муъҷиза буд”.