Мақомоти Тоҷикистон интиқоли ҳарчи зудтари ҷасади Раҷабмоҳ Исоева ва се кӯдаки ӯро аз шаҳри Магнитогорск ба Душанбе баррасӣ доранд. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 3-юми январ гуфт, “дар ин маврид кумакҳои зарурӣ аз тарафи намояндагиҳои расмии Тоҷикистон расонда хоҳад шуд.”
Тибқи иттилои ахири мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Русия, аз зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи Магнитогорск то ҳол ҷасади 37 нафар пайдо шудааст.
"Ҷасадҳоро ба сардхона бурданд"
Ҷасади Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва се кӯдакаш, ки дар зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи шаҳри Магнитогорски Русия монда буданд, пайдо шуд.
Сафар Сафаров, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, ки рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадҳо ба сардхона интиқол ёфтаанд. Ба қавли Сафаров, хешовандон ҷасади Раҷабмоҳ Улфатова ва кӯдакони ӯ - Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсини 3-соларо шиносоӣ кардаанд.
"Баъди машварат бо наздикони қурбониён, қарор аст, ҷасади онҳо ба Тоҷикистон фиристода шавад", - афзуд консули генералии Тоҷикистон.
"Оилаи Самиевҳо наҷот ёфтанд"
Фурӯ рафтани қисме аз як бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорск субҳи 31-уми декабри соли 2018 рух дод. Дар пайи он шаҳрванди Тоҷикистон Шӯҳрат Улфатови 28-сола аз зери харобаҳо зинда пайдо шуд. Аммо ҳамсар ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар ин ҳодиса ҳалок шуданд. Онҳо сокинони ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон мебошанд.
Тибқи иттилои ахири мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз зери харобаҳои бинои фурӯрафтаи Магнитогорск то ҳол ҷасади 37 нафар пайдо шудааст.
Консули Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳамчунин гуфт, дар он қисмати бино, ки фурӯ рафт, ду оилаи тоҷик зиндагӣ мекарданд, ки як оила пурра наҷот дода шудаанд. Сафар Сафаров гуфт, оилаи ҳафтнафарии Маҳмадрозиқ Самиев бо фарзандонаш тариқи кран саломат берун оварда шуданд.
Маҳмадрозиқ Самиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, наҷот ёфтани ӯ ва фарзандонаш аз ин ҳодиса "муъҷиза буд". Биное, ки фурӯ рафт, дар маркази Магнитогорск воқеъ аст.
Вазъи саломатии Шӯҳрат "вазнин аст"
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Аз ӯ пештар Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулода ва Вероника Сквортсова, вазири тандурустӣ ба Магниторгорск рафта буданд.
Дар ҳамин ҳол вазъи саломатии Шуҳрат Улфатов вазнин гуфта мешавад. Ба қавли консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, Улфатовро шаби гузашта ба беморхонаи вилоятии Челябинск бурдаанд.