Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти ҳавопаймоҳо баъди як сол. Фурудгоҳи Бохтар дигарбора фаъол шуд


Ширкати ҳавопаймоии русии «Nordwind» («Северный ветер») ба парвозҳо дар хатсайри Маскав-Бохтар шурӯъ кард. Нахустин парвоз аз Бохтар ба Маскавро ҳавопаймои «Боинг»-и «Nordwind» рӯзи 27 декабр анҷом дод ва 100 мусофир ба Русия парвоз карданд.

Боз шудани хатсайри Маскав-Бохтар барои Фарҳод Абдураҳмонзода, раиси фурудгоҳи шаҳри Бохтар хушҳолкунанда аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати русӣ, ки собиқаи 10-солаи корро дорад, ҳафтае ду бор сокинони Хатлонро ба фурудгоҳи байналмилалии «Шереметево» мебарад.

Фарҳод Абдураҳмонзода афзуд, умедворанд, парвозҳо аз Бохтар дар оянда зиёд мешаванд ва аз маркази вилояти Хатлон соли оянда ҳавопаймоҳо ба дигар шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Екатеринбург ва Санкт-Петербург парвоз кунанд.

Фарҳод Абдураҳмонзода гуфт, ки ҳавопаймои “Боинг 730”-и ширкати русӣ тавони интиқоли 182 мусофирро дорад. Ба гуфтаи Абдураҳмонзода, шурӯи парвозҳо аз Бохтар ба Маскав мушкил ва харҷи сокинони Хатлонро сабуктар мекунад, чунки аксари мусофирон муҳоҷирони корӣ мебошанд ва дигар маҷбур нестанд, барои сафар ба Русия аввал ба Душанбе бираванд ва сипас сафарашонро идома бидиҳанд.

Дар чанд нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки арзиши билетҳо ба як самт 1580 сомонӣ мебошад ва ин нарх, ба гуфтаи як сокини шаҳри Кӯлоб, ки тавассути Бохтар парвоз мекард, 200 сомонӣ арзонтар будааст.

Мақомоти фурудгоҳ шурӯи парвозҳо бо ширкати навро имкони ҷон додан ба кори ҳам фурудгоҳ арзёбӣ мекунанд. То як сол пеш фурудгоҳ бо як ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ мекард, ки он ҳам касод шуд ва дигар кори фурудгоҳ мутаваққиф шуд. Кормандонашро ҳам ба рухсатии бемузд фиристоданд. Баъзе аз онҳо ҳоло ба ҷои кори худ баргаштаанд.

Анвар Ҳасанқулови 35-сола сокини ноҳияи Вахш аст. Ӯ дар Маскав кор мекунад ва соле ду бор барои дидан оилааш ба Тоҷикистон меояд. Давоми як соли охир маҷбур буд, билетро аз Маскав ба Душанбе бихарад ва аз он ҷо боз 100 сомонӣ ба мошини роҳ пардохт карда ба назди оилааш ба деҳа бирасад. Ҳоло вақту пул ҳам сарфа мешавад, мегӯяд ӯ.

Чанд сол пеш фурудгоҳи Бохтар як нуқтаи хеле фаъоли интиқоли мусофирон ба шаҳру манотиқи мухталифи Русия маҳсуб мешуд, ки қариб ҳар рӯз машғули пешвозу гусели ҳавопаймоҳо буд.

Дар идораи андози вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки воқеан ҳам фурудгоҳ шартномаҳои кориро бо ширкати русии “Северный ветер” имзо карда, қарор аст 800 ҳазор сомонӣ қарзи андозашро бисупорад. Ин ниҳод гуфт, ки бо сабаби набуди парвозҳо ва бефаъолиятии фурудгоҳ ҳисоби бонкии ин муассисаи нақлиётӣ ҳам баста буд.

XS
SM
MD
LG