Академики тоҷик ва яке аз вакилони Маҷлиси миллӣ бо интиқод аз шеваи номгузорӣ ба баъзе аз ноҳияву маҳаллаҳои Тоҷикистон аз мақомот хостааст, дар оянда чунин ба чунин “хатоҳо” роҳ надиҳанд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллӣ гуфтааст, теъдоди зиёди номҳои ҷамоатҳо ва деҳот дар Тоҷикистон такрор меёбанд, ки дуруст нест. Ӯ дар муҳокимаи порлумонӣ дар Маҷлиси миллӣ дар бораи асосҳои ҳуқуқии номгузорӣ ва тағйири номи маҳаллаҳо дар Тоҷикистон гуфтааст, дар кишвар 31 маҳаллаву ноҳия Ваҳдат ном гирифтаанд, 41 Гулистон, 25 Истиқлол, 15 Баҳористон, 26 Бӯстон вуҷуд дорад.
Ба қавли Муҳаммадюсуф Имомзода, даҳҳо маҳаллаву кӯчаро меёбед, ки мақомоти масъул Лолазору Зарнисору Навобод ном гузоштаанд. Муҳокимаи порлумонӣ дар Маҷлиси миллӣ рӯзи 19-уми декабр сурат гирифтааст ва вакилони палатаи болоии порлумон ба мақомоти иҷроия тавсия додаанд, ки зимни номгузорӣ ба нозукиҳои қонуну муқаррарот аҳамият бидиҳанд.
Истифода аз қоидае, ки тоҷикон ҳеҷ гоҳ истифода накардаанд
Муҳаммадюсуф Имомзода, ки адабиётшинос аст, ҳамчунин гуфтааст, аъзои баъзе аз комиссияҳои номгузорӣ баъзе аз қолабҳоеро интихоб кардаанд, ки тоҷикон “дар ягон аср” истифода накардаанд.
Ба қавли донишманди тоҷик, комиссияҳои мазкур “хусусиятҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, геологӣ, биологӣ ва касбу кори мардуми маҳалҳои аҳолинишин ва деҳоти навбунёдро ба назар нагирифта, дар қолаби ғайримеъёрӣ номҳоеро пешниҳод менамоянд, ки дар таъриху суннати номгузории миллии мо аз чунин қолаби номгузорӣ дар ягон асру замон истифода накардаанд. “
Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Имомзода, номгузории шаҳраку деҳот бо номи Наврӯз, Меҳргон, Намуна, Орзу, Саховат, Ҷавонӣ хатост, зеро чунин номҳо “ҳаргиз ифодакунандаи номи маҳал ё шаҳраку деҳот шуда наметавонанд.”
Ҳукумати Тоҷикистон чанд соли пеш ба тағйири номи шаҳру ноҳияву маҳаллаҳо шурӯъ кард ва пештар аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод. Аз ҷумла бузургтарин вилоят, ки Ленинобод буд, номи қадимаи Суғдро гирифт.
Ноҳияи Москва – Ҳамадонӣ, Совет – Темурмалик, Ленин – Рӯдакӣ, Фрунзе – Сино, Октябр – Исмоили Сомонӣ, Чкаловск – Бӯстон, Орҷоникидзеобод –Ваҳдат ва Ленинград — Муъминобод шуд. Ҳадаф аз тағйири номҳоро баргашт ба асолати миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ номиданд.
Тағйири номҳои туркӣ ва озурдагии кишвари ҳамсоя
Муҳаммадюсуф Имомзода гуфтааст, “Номвожаҳои ҷуғрофӣ ҳамчун ҷузъи устувору камтағйирёбандаи воҳидҳои забонии минтақаҳои гуногуни таърихӣ нисбат ба забони зинда дар худ марҳилаҳои махталифи рушду густариши забонҳои бостониро таҷассум менамоянд.
Ин хусусияти муҳиму мубрами номвожаҳои ҷуғрофӣ метавонад андешаи моро дар бораи равандҳои гуногуни таърихӣ, бавижа дарки масъалаҳои таърихи забон ва ташаккули миллат дар тӯли таърих густариш диҳад.”
Аммо солҳои ахир номҳои деҳаву шаҳракҳоро иваз мекунанд, ки аксарияташон решаҳои туркӣ доранд. Маҷлиси миллии Тоҷикистон соли 2015 қарореро тасвиб кард, ки бар асоси он бояд номи 52 деҳа тағйир дода мешуд.
Масалан номи деҳаи “Юмсуроқ”- ро бояд аз харита мебардоштанд ва дар ҷояш “Файзрез” менавиштанд. Номҳои аҷибу ғариб ба мисли рустои Гургхӯрда ва деҳаи Пӯстхӯр ҳам бояд ислоҳ мешуданд.
Агарчӣ табдили номи шаҳру ноҳияҳо дар Тоҷикистон тарафдор дорад, аммо табдили номҳои туркии ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон дар гузашта дар Узбекистони ҳамсоя ба вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шудааст.
Бархе аз корбарони узбак дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо озурдагӣ навиштаанд, ки пас мақомоти Узбекистон низ бояд номҳои тоҷикиро ба узбакӣ иваз кунад. Яке аз онҳо навиштааст, ки исми Сиёҳбозори Самарқандро - ба Қарабозор, Шаҳрисабзро - ба Яшилшаҳар ва Деҳнавро ба Янгиқишлоқ иваз кунанд.