Як назарсанҷии саросарӣ нишон додааст, ки муносибати мардуми Русия ба муҳоҷирон дар 5 соли гузашта андаке беҳтар шудааст, вале айни замон 15 дар сади онҳо намехостаанд, тоҷиконро ба кишварашон роҳ диҳанд.
Аввал ин ки русҳо ба муҳоҷирон одат кардаанд. Барояшон маълум шудааст, ки онҳо барои кор кардан меоянд, на танг кардани ҷойи онҳо
Бо вуҷуди беҳтар шудани муносибат бо муҳоҷирон, шаҳрвандони Русия онҳоро ҳамчунон сарчашмаи «мусибатҳо» ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварашон мешуморанд.
Назарсанҷиро Маркази таҳқиқи афкори умуми дар Русия моҳи декабр анҷом додааст ва рӯзи 19-уми декабр дар вебсайташ нашр кард. Дар назарсанҷӣ 39 дар сад аз мардум гуфтаанд, ки муҳоҷират барои рушди иқтисоди Русия нақши мусбат дорад.
Дар панҷ соли пеш ва дар соли 2013 фақат 37 фоизи аҳолии Русия чунин ақида доштаанд. Андак беҳтар шудани муносибати мардуми таҳҷоӣ ба муҳоҷирон ба гуфтаи муаллифони гузориш чанд сабаб дорад ва яке аз сабабҳояш аз байн рафтани тарсу ҳароси мардуми Русия аз муҳоҷирон будааст.
Сабабҳои беҳтар шудани муносибат кадомҳоянд?
“Аввал ин ки русҳо ба муҳоҷирон одат кардаанд. Барояшон маълум шудааст, ки онҳо барои кор кардан меоянд, на танг кардани ҷойи онҳо. Дуввум унсурҳои созанда ва муносибати дуруст пайдо шуд, ҷой ва мақоми муҳоҷирон таъйин аст, ҳар кас ҷояшро медонад” – гуфтааст, Степан Лвов, раиси бахши назарсанҷӣ дар Маркази таҳқиқи афкори умум дар Русия.
Назари ҳомиёни ҳуқуқ ва худи муҳоҷирони тоҷик дар бораи хулосаҳои назарсанҷӣ дар Русия гуногун аст. Баъзе аз онҳо мегӯянд, баръакс муносибат ва рафтори сокинони Русия бо муҳоҷирон бадтар шудааст, қисмати дигар мегӯянд, тағйири зиёде накардааст ва ё хуб ҳам шудааст.
Муҳаммад Собиров, яке аз ҳомиёни ҳуқуқест, ки ҳамарӯза бо санаду мушкилоти муҳоҷирон сару кор дорад. Ӯ мегӯяд, муносибати мардуми оддӣ бо муҳоҷирон манфӣ нест, аммо дар мақомоти расмӣ бархӯрд комилан баръакс аст. Тамоюл дар байни мақомот нишон медиҳад, ки зоҳиран онҳо ба ҳамон 15 дар саде шомил мешаванд, ки хоҳиш надоранд, “шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия биёянд.
Муносибат беҳтар шудааст, нашудааст, бетағйир мондааст
“Муҳоҷирон ҳар рӯз ба ман занг мезананд, як мушкили ҷиддӣ доранд. Меоянд, худро сабти ном мекунанд, барои гирифтани патент санадҳояшонро месупоранд, дар хадамоти муҳоҷират ба онҳо мегӯянд, ки шуморо дар рӯйхати сабтиномшудаҳо намеёбем ва як сол патент гирифта наметавонед. Худашон ба сари муҳоҷирон мушкилот меоранд”, мегӯяд, Муҳаммад Собиров.
Радиои Озодӣ барои маълум кардани онки оё муҳоҷирони тоҷик дар воқеъ дар чанд соли гузашта шоҳиди беҳтар шудани муносибат бо онҳо шуданд, дар чанд гуруҳи муҳоҷирони тоҷик дар Вотсапп пурсид, ки оё дар воқеъ рафтору бархурд бо онҳо беҳтар шудааст?
Патент дорӣ, ҳамаи санадҳоро дорӣ, бо ҳарчизе, ки шуморо дастгир кунанд, ду лагад мезанад ё ихроҷ мекунанд.
Алишер, яке аз аъзои ин гуруҳи “Садои муҳоҷир” чунин посух дод: Ончӣ ки онҳо дар хабарҳо мегӯянд, ки муносибати мардуми Русия дар 5 соли гузашта ба муҳоҷирон хуб шудааст, дуруст нест. Ҳеҷ чиз хуб нашудааст. Рӯз ба рӯз ҳоли муҳоҷирон бадтар мешавад. Патент дорӣ, ҳамаи санадҳоро дорӣ, бо ҳарчизе, ки шуморо дастгир кунанд, ду лагад мезанад ё ихроҷ (депортатсия) мекунанд ва ё мардуми тоҷикро зери по мекунанд. Ҳеҷ чиз беҳтар нашудааст” гуфт, яке аз ин муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ. Яке дигар аз аъзои гуруҳ гуфт, ки “беқадртарин кас дар Русия муҳоҷирон ҳастанд”.
Аммо на ҳамаи муҳоҷирон ба ин ақида мувофиқанд. Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, “Муносибат бо муҳоҷир аз худи ӯ вобаста аст, ҳаргуна ки рафтор кардӣ, ҳамон гуна бо шумо муносибат мекунанд”.
Ҳаким, яке муҳоҷири дигари тоҷик, ки чанд сол боз дар Русия кор мекунад, дар суҳбати видеоӣ тавассути Вотсапп гуфт, “Ман ҳаққи иқомати Русияро дорам ва кор мекунам, аз муносибати бад шикоят надорам. Масалан як сол шудааст, ки ҳеҷ касе маро дар Русия боздошта ва пурсида бошад, кӣ ҳастиву аз куҷо омадӣ”.
"Муаллиму ронанда ва табиби муҳоҷир намехоҳем"
Дар воқеъ назарсанҷӣ нишон додааст, теъдоди зиёди аз шаҳрвандони Русия мухолифи онанд, ки муҳоҷирон дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла мақомоти давлатӣ кор кунанд. Масалан 58 дар сад намехостаанд, ки ронандаи автобуси мусофиркаш тоҷик, узбек, ё қирғиз бошад. Бештар аз нисф яъне 51 дар сад табибон аз Осиёи Марказиро дар шифохонаҳои кишварашон дидан намехостаанд. Тақрибан 60 дар сад майл надоштаанд, ки фарзандони онҳоро муҳоҷирони муаллим дарс бидиҳанд.
Аммо дар ин байн мардуми Русия бо муҳоҷирон аз Белорус, Украина, Олмон ва Қазоқистон чандон мушкилоти зиёде надоштаанд. Дар назарсанҷии Маркази таҳқиқи афкори умуми Русия омадааст, ки мухолифони роҳ додани шаҳрвандони ин кишварҳо ба ватанашон нестанд.
Понздаҳ дар сади назардодагон гуфтаанд, ки беҳтар аст, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия роҳ надиҳанд, 4 дар сад гуфтаанд, ки хуб аст, тоҷикон ба ватанашон биёянд ва кор кунанд.
Муҳоҷирон биёянд, аммо аз Тоҷикистону Узбекистон камтар
Чаҳордаҳ дар сад муҳоҷирони узбекро дар кишварашон дидан намехостаанд ва сипас аз Украинаву, Амрикову Чинро. Ба ақидаи 51 дар сади мардуми Русия, муҳоҷирон бо худ ҷурму ҷиноят меоранд ва 49 дар сад ба ин назаранд, ки хориҷиён омада ҷойи кори онҳоро мегиранд ва мушкилоти иқтисодиву иҷтимоиро зиёд мекунанд.
Русия яке аз кишварҳои бузурги муҳоҷирпазири ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар он 10 миллион нафар муҳоҷир кору иқомат мекунанд. Тақрибан нисфи онҳоро муҳоҷирони тоҷику узбек ташкил медиҳанд ва умдатан дар бозору сохтмонҳо ва дигар соҳаҳои каммузд кор мекунанд.