Маоши вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз 5 ҳазор ба наздики 6 ҳазор сомонӣ (ҳудудан 650 доллар) боло бурда шуд. Вакилон яке аз баландтарин маошҳоро дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд, аммо фаъолияташон ҳамеша мавриди интиқод қарор дорад. Бо ин, ки маоши расмии депутатҳои маҷлиси Тоҷикистон назар ба моҳонаи депутатҳои порлумонҳои кишварҳои дигар камтар аст, боз ҳам дар қиёс бо маоши дигар кормандони бахши буҷавӣ хеле баландтар аст. Мизони миёнаи маош дар Тоҷикистон беш аз 1200 сомонӣ (муодили 120 доллар)-ро ташкил медиҳад. Cокинон дар бораи фаъолияти вакилони худ чӣ медонанд?
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир