Як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта номи фаъолтарин хабарнигор, фаъолтарин ҳомии ҳуқуқ ва фаъолтарин созмони ғайриҳукуматиро эълон кард. Беҳтаринҳои арсаҳоеро, ки кор барояшон солҳои ахир назар ба ҳар соҳаи дигар дар Тоҷикистон сахту душвор шудааст.
Маросими тақдими ҷоизаҳоро ҳар сол Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояти қонун баргузор мекунад ва маросими имсола рӯзи 7-уми декабр дар Душанбе сурат гирифт. Наргис Зокирова, раиси созмон мегӯяд, ҳадаф аз тақдими ҷоиза ташвиқи хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ ба фаъолияте мушкилест, ки онҳо пеша кардаанд.
Имсол Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерка”- ро “барои мавқеи шаҳрвандӣ дар журналистика” хабарнигори фаъолтарини соли 2018 эълон шуд. Гуфта шуд, ки ин хабарнигор пайваста барои ҳаққи занону кӯдакон фаъолият мебарад ва мушкилоти рӯзмарраи онҳо дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос мекунад.
Худи Гулнора дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 2018 мисли чанд соли ахир барои хабарнигорон осон набуд, чун дахолати мақомот ба кори онҳо назар ба гузашта бештар шуд.
“Сол то сол ин зуҳурот бештар мешавад. То замоне, ки мо инро таҳаммул мекунем ва коре накунем, ин фишор идома меёбад. Барои рафъи ин мушкилот бояд муттаҳид шавем ва ба якдигар кумак намоем. Танҳо дар ин ҳолат метавонем, ки ба фишорҳо муқовимат нишон диҳем ва барои ҳуқуқи худ барои озодии баён, ки касе ҳақ надорад маҳдуд кунад, мубориза барем” -гуфт, ӯ.
“Ин ки журналист имрӯз аз кадом ҳаво нафас мегирад ва дар кадом фазо пар мезанад, ба ҳама маълум аст
Хуршеди Атовулло, хабарнигори шинохтаи тоҷик ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ журнализм солҳои ахир ба коре табдил шудааст, ки азобаш бештар асту қадраш камтар.
“Ин ки журналист имрӯз аз кадом ҳаво нафас мегирад ва дар кадом фазо пар мезанад, ба ҳама маълум аст. Баҳсҳои зиёди додгоҳӣ, ки бисёре аз онҳо бо ҷаримаҳои ҳангуфт барои нашрияҳо анҷом гирифтанд, эҳсоси худсензура дар байни хабарнигорон ва сардабиронро зиёд кард” – гуфт, ӯ.
Бешак дар матбуоти Тоҷикистон солҳои ахир матолибе, ки дар он камбудиҳои ҷомеа ва ё ҳукумат инъикос ёфта бошад, камтар дида мешавад ва онро як паёмади таҳдиду фишори мақомот медонанд, ки барои ҳар матлаби танқидӣ ба сари хабарнигорон меоянду арзу даъво мекунанд.
Соли равон, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ ва хабарнигори собиқ Хайрулло Мирсаидов ба зиндон маҳкум шуд ва баъдан зери фишори ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ӯро бо пардохти ҷаримаи азиме озод карданд. Худи ӯ ба Гурҷистон рафтааст ва ба хабарнигорон гуфт, ки азми баргаштан ба Тоҷикистонро надорад.
Аз тарафи дигар ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, дастрасии хабарнигорон ба иттилло дар Тоҷикистон мисли убур кардан аз кӯҳи Қоф шудааст.
“Дастрасӣ ба иттилоот яке аз мушкилоти асосӣ барои журналистон боқӣ мемонад, зеро дар баъзе аз вазоратҳо, масалан вазорати тандурустӣ агар ба як бунгоҳи тиббии оддӣ бо суол муроҷиат кунед, онҳо мегӯянд, ки мо барои посух додан ба шумо бояд ҳатман аз вазорат иҷоза бигирем” – гуфт ӯ, ба Радиои Озодӣ.
Баръакси солҳои гузашта...
Имсол баръакси солҳои гузашта на ҳомии ҳуқуқе аз созмонҳои мустақил, балки як намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистонро “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол” эълон карданд.
Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояти қонун имсол Раъно Каримова, сардори Раёсати созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аҳзоби сиёсиро сазовори ин унвон донист, зеро ба гуфтаи муассисони ҷоиза “Раъно Каримова бо назму адолат аз дигарон фарқ мекунад. Бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҳамкории зич дорад ва барои фароҳам кардани шароити мусоид барои кори онҳо талош меварзад”.
Дар байни созмонҳое, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон кор мекунанд, Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояти қонун имсол бахши суғдии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар Тоҷикистонро сазовори ҷоиза донист.
Ба гуфтаи намояндагони бюро гурӯҳи кормандони ин созмон имсол “барои таъмини риояти ҳуқуқи инсон” дар Тоҷикистон саҳми хос гузоштаанд.
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ба афроде, ки дар натиҷаи амалкарди нодурусти сохторҳои давлатӣ зиён дидаанд, кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад ва ё ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ ҳимоят мекунад.
Хуршеди Атовулло мегӯяд, фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон чун фаъолияти хабарнигорон солҳои ахир мушкил шудааст. Онҳо аз тарси таъқиби мақомот эҳтиёткор шудаанд, “зеро боздошти онҳо бо баҳонаи гирифтани ришва дида шудааст.
Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, боздошти чанд вакили дифои тоҷик, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, ки ҳоло паси панҷара аст, ҳушдоре ба ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон шуд, ки қадамашонро санҷида бардоранд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ҳам борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба ҳомиёни ҳуқуқ танқид кардаанд. Аз ҷумла созмони Афви Байналмилал аввали имсол гуфт, “ҳукумат ба маҳдуд кардани саросарии озодии баён ва гирдиҳамоии сулҳомез идома медиҳад, то даҳони мунтақидонро бубандад.