Дар Тоҷикистон бар асоси қонун дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ қисман ройгон аст, аммо мардум мегӯянд, дар асл барои ҳамаи муолиҷа, чӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва чӣ хусусӣ пул мепардозанд.
Дар ин миён аз ҳама бештар гуруҳҳои осебпазире чун бознишастагон, маълулин ва афроди камбизоат азоб мекашанд, чун пул барои дармону табобат надоранд. Мунаввара Неъматова - cокини 48-солаи Душанбе шаш сол аст, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад ва дар шифохонаи Қарияи Боло сабти ном шудааст.
Баъди чанд марҳилаи табобати кимиёдармонӣ, қудрати кор карданро аз даст додааст. Таъмини хонавода бо се фарзанд ва ҳамсари бемор ба дӯши шавҳари омӯзгораш аст. Баштари маблағҳои ба дастомада, ба гуфтаи Мунаввара Неъматова барои пардохти ҳаққи иҷораи хонае меравад, ки дар як хобгоҳи Душанбе гирифтаанд.
“Хостам барои худам нафақаи беморӣ дуруст кунам, ки 300-400 сомонӣ мешуд, вале рад карданд. Ҳоло 129 сомонӣ нафақа аз рӯйи синну сол мегирам” – мегӯяд, ӯ.
Азбаски сиҳатиаш бад шудааст, маҷбуранд, пули зиёди буҷаи бе ин ҳам касоди хонаводаро барои ташхису табобат сарф кунанд.
“Се моҳ қабл бароям дору таъйин карданд ва гуфтанд, ки вақте хӯрдани доруҳо тамом шуд, бояд ба муоинаи такрорӣ биёям. Чанде пештар бори дигар рафтам, вале боз дору навиштанд ва гуфтанд, ки гурдаҳоям мушкил доранд ва маро барои ташхису таҳлил фиристоданд. Намедонам, ки аз куҷо пул пайдо кунам. Ҳар бор ман бояд барои таҳлилҳо 50 сомонӣ ва 500-600 сомонӣ барои доруҳо бипардозам. Як вақт мехостам пурсам, ки онҳо хидматрасониҳои ройгон доранд, вале шарм доштам” – шикоят кард, Мунаввара.
Тасаввур намекунам, муолиҷа ройгон буда метавонад
Дар мавриди ёрии тиббии ройгон аз тарафи давлат ин зан иттилоъ надорад ва мегӯяд, ҳатто тасаввур карда наметавонад, ки муолиҷа ройгон бошад.
Тоҷикистон бар тибқи Қонуни асосӣ, давлати иҷтимоиест, ки тамоми сарватҳои моддӣ миёни шаҳрвандон тақсим шуда, ба ниёзмандон бар асоси усули адолати иҷтимоӣ ёрӣ расонида мешавад.
Дар қонунгузории кишвар дар мавриди таъминоти иҷтимоӣ баъзе шартҳои хосеро мешавад пайдо кард. Аз ҷумла, тибқи моддаи 38 Қонуни Асосӣ “шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон истифода менамояд”.
Ҳар бор ман бояд барои таҳлилҳо 50 сомонӣ ва 500-600 сомонӣ барои доруҳо бипардозам.
Дар ҳамин ҳол чаҳорчӯбаҳои қонунро дар навбати худ Кодекси тандурустӣ дар қисми 1 моддаи 36 муайян мекунад, ки дар он гуфта шудааст, ки “тартиби таъйини тибби ройгон барои шаҳрвандон салоҳияти ҳукумат аст. Дар Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти шумори 600, ки декабри соли 2008 тасдиқ шудааст, рӯйхати хидматрасониҳои тиббие, ки дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ расонида мешаванд тартиб дода шуда, ҳамчунин қиммати навъҳо ва андозаи хидматрасониҳоро низ муайян намудааст.
Дар ин санад гуфта шудааст, ки “хидматрасонии тиббию санитарии ройгон ба шахсони имтиёздор пешбинӣ шудааст”. Навъҳои асосии кумакҳои тиббии ройгон инҳоянд: ёрии фаврӣ ва муроқибати тиббӣ, ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, ёриҳои махсуси тиббӣ дар шароити амбулаторӣ, таъмини дору, воксин ва фаъолиятҳои озмоишгоҳӣ-ташхисӣ, ёрии тиббӣ дар бистар, ёриҳои дандонпизишкӣ.
Муолиҷаи ройгон ҳаст, аммо на барои ҳама
Коршиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ки аз сӯйи давлат дар сатҳҳои муайян ёриҳо пешбинӣ шудаанд, вале онҳо ҳамаи гуруҳҳои шаҳрвандонро дар бар намегиранд ва асосан ҳангоми ҳодисаҳои изтирорӣ расонида мешаванд. Агар мушкилотии ҷиддии саломатӣ сар бизанад, маҷбур ҳастед, ки пул бипардозед.
“Солҳои ахир дарёфт кардани ёриҳои муносиби тиббӣ хеле мушкил шудааст. Ёрии аввалияи тиббиву санитарӣ ройгон ба шумор меравад, вале барои он ки ҳаққи дарёфти ёриҳои вижаро дарёфт кунӣ, зарур мешавад, як миқдор масраф намоӣ”, - мегӯяд роҳбари созмони ҷамъиятии “Авесто” Фирӯза Абдуллоева.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир барои занҳо ҳангоми ҳомиладории барвақтӣ, агар онҳо то ҳафтаи 12-уми ҳомиладорӣ сабти ном кунанд, тамоми хидматрасониҳои озмоишгоҳӣ ва машваратӣ ройгон пешниҳод мешавад.
Бо мақсади камтар масраф кардан барои табобат ҳам аз тарафи давлат ва ҳам аз сӯйи шаҳрвандон, (беморон) ин фаъоли ҷамъиятӣ пешниҳод менамояд, ки бояд ба корҳои пешгирӣ аз бемориҳоие, ки боиси маргу мир мешаванд, аз ҷумла бемориҳои фишорбаландӣ, бемориҳҳои роҳҳои нафас, диабет, баъзе навъҳои саратон машғул шуд.
Имсол барои соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон 1,5 млрд. сомонӣ (170,1 млн. доллар), ки 7 дар сади буҷаро ташкил медиҳад, ҷудо шуд. Аз ҷумла барои беморхонаҳо 159 млн 636 ҳазор сомонӣ, барои дармонгоҳҳо 4 млн 979 ҳазор сомонӣ, барои ҳифзи саломатии аҳолӣ 32 млн 350 ҳазор сомонӣ.
Вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода дар суҳбат бо хабаргузории “Азия Плюс” дар моҳи июни имсол гуфт, “бештари маблағҳо барои маоши кормандон, хариди таҷҳизот ва дорувориҳо масраф мешаванд. Аз ҷумла барои хариди инсулин барои беморони қанд имсол 3 млн сомонӣ ҷудо шудааст”. Вазир ҳамчунин таъкид кардааст, ки барои як бемори бистарӣ 66 сомонӣ ва барои як бемори саратон 97 сомонӣ аз буҷа ҷудо карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки чанде пеш аз шуъбаи чашми беморхонаи Қарияи Боло мураххас шудааст, гуфт, ки танҳо барои бистарӣ шуданаш, 450 сомонӣ супурдааст. Як рӯзи бистарӣ будан дар ҳуҷраи дорои ду ҷойи хоб 50 сомонӣ масраф доштааст. Барои дору ва “миннатдории пизишк”, ба гуфтаи ӯ, бояд ҷудогона пардохт кард. Қиммати ҳуҷраи муқаррарӣ ба гуфтаи ҳамсуҳбати, мо бидуни доруҳо дар як рӯз 20 сомонӣ аст.
Дар маҷмуъ ҳамсуҳбатҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, барои бистарӣ шудан дар Тоҷикистон, чӣ дар беморхонаҳои давлатӣ ва чӣ хусусӣ бояд барои табобат ва миннатдории пизишкон маблағи муайяне пардохт. Хусусан ин масъала дар муассисаҳои давлатӣ, ки маоши табибон зиёд нест, бисёр ҷиддӣ аст.
Муовини собики вазири тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, давлат барои ба ҳисоб гирифтани он гуруҳи шаҳрвандоне, ки ниёзманди дастрасии ройгон ба хидматрасониҳои тиббӣ мебошанд тамоми чораҳое зарурӣ андешидааст ва корро дар ин самт давом медиҳад.
“Мувофиқи қарори ҳукумат тамоми кӯдакони то 5-сола метавонанд тамоми муоинаҳо ва воксинҳоро ройгон дарёфт кунанд. Ба ҷуз ин қонунгузорӣ гуруҳи аҳолиеро, ки маъюбии дараҷаҳои 1,2 ва 3 доранд муайян намудааст, ки ба онҳо хидматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ, ба ҷуз хидматрасониҳои гарон, ройгон расонида мешаванд” - мегӯяд Ҷаъфаров.
Хонаводаҳои камбизоат, ба гуфтаи Ҷаъфаров, аз ғамхории давлат дар канор нестанд ва дар сурати доштани санади таъйидии мақоми иҷтимоии онҳо, метавонанд, аз хидматрасониҳои ройгон баҳра баранд.
“Пеш аз ҳама, ин гуна одамҳо бояд тавсияномаи маркази саломатии ноҳияи худро дошта бошанд, ҳамчунин бояд аз ниҳоди таъминоти иҷтимои ноҳияи худ соҳиби санад бошанд, ки мақоми камбизоатии онҳоро таъйид кунад”, - гуфт, ӯ.
Илова бар ин ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, ҳоло дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тарҳе коркард мешавад, ки барои таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла маъюбон ва хонаводаҳои камбизоат, доруҳои заруриро дар муассисҳаои тиббии давлатӣ ройгон пешбинӣ мекунад.
Чанде пештар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи буҷаи соли 2019-ро ба тасвиб расонд, ки тибқи он хароҷоти соҳаи тандурустӣ 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки назар ба соли 2018 200 миллион сомонӣ бештар аст.