Ин фаъоли ҷамъиятӣ рӯзи 5 декабр дар кӯчаҳои Душанбе бо иттифоқи ҳамсараш – журналисти дигари радиои давлатӣ Ҷумъаи Мирзо ба мардони раҳгузар якдонагӣ гул тақдим кард, то ки ба хонаҳояшон рафта, дили модару хоҳар ва ҳамсарони худро ба даст оранд.
Тақдими як дона гули садбарг ба мардони тоҷикро Сурайё Шуҷоат ҳамчун як иқдоми шаҳрвандиву инсонии худ бо ин умед роҳандозӣ кард, ки метавонад зеҳни ҳадди аққал 101 марди тоҷикро дигар кунад ва онҳоро барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо хушунати занон водор кунад. Ӯ гуфт, ин саҳми оилавии ӯ дар маъракаи “16 рӯзи мубориза бо хушунати занон” дар Тоҷикистон аст.