Мақомоти Ҷумҳурии Белорус Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро, ки дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ муттаҳам мешуд, озод карда ва ба Украина бозпас фиристодаанд. Парвиз Турсунов рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯро ба шарти бозгашт ба Украина раҳо карданд.
- Турсунови 43-сола рӯзи 18-уми сентябри имсол ҳангоми кӯшиш барои муҳоҷират дар фурудгоҳи Минск дастгир шуд. Ӯ ҳафт сол пеш барои риши дарозаш аз ҳайати тими “Хайр”-и Ваҳдат берун андохта шуд ва тавре хонаводааш мегӯянд, солҳои охир дар Дубай ва Туркия зиндагӣ мекард.
Дар Белорус ба ман рафтори маъмулӣ доштанд. Дар боздоштгоҳ мушкиле надоштам. Ягона масъалае, ки дар боздоштгоҳ буд, ришам буд.
"Намедонистам, ки дар ҳудуди ИДМ таҳти ҷустуҷӯ ҳастам"
Футболбози собиқи тоҷик дар суҳбат бо бахши белорусии Радиои Озодӣ қабл аз парвоз ба Украина гуфт, ба мақомоти Белорус ҳеҷ эътироз надорад.
"Онҳо бар асоси созишномаҳои миёни кишварҳои муштаракулманофеъ амал карданд. Вақти сафар ба Белорус намедонистам, ки дар кишварҳои муштаракулманофеъ таҳти ҷустуҷӯ ҳастам. Фақат ҳаминро медонистам, ки Интерпол аз паси ман нест. Чаро мақомоти Белорус маро ба Тоҷикистон надоданд. Тавре ба ман гуфтанд, барои чунин кор асосе вуҷуд надошт. Маро ба кишваре мефиристанд, ки аз онҷо ба Белорус омадам. Акнун ман 10 сол ба кишвари шумо омада наметавонам", - афзуд ӯ.
"Дар ниҳоят розӣ шуданд, ки ришамро кӯтоҳ кунам"
Ба гуфтаи вакили дифоаш, Парвиз Турсунов аз ариза барои паноҳандагӣ дар Белорус даст кашидааст, чун хостааст, зудтар озод шавад. Акнун мехоҳад дар Украина дархости паноҳандагӣ кунад.
Ӯ ба хабарнигори бахши белорусии Радиои Озодӣ гуфт, дар боздоштгоҳ ягона мушкилӣ бо ришаш будааст.
"Дар Белорус ба ман рафтори маъмулӣ доштанд. Дар боздоштгоҳ ва дар тавқифгоҳ мушкиле надоштам. Ягона масъалае, ки дар боздоштгоҳ буд, ришам буд. Гуфтанд, ки онро тарошам, вале дар ниҳоят розӣ шуданд, ки ман онро кӯтоҳ кунам. Ба дини ман коре надоштанд. Ҳамутоқҳоям мепурсиданд ва суол мекарданд", - гуфт Парвиз Турсунов.
Зидди Парвиз Турсунов парванда дуруст кардаанд
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22-юми феврали 2018 алайҳи Парвиз Турсунов бар асоси моддаи 307, замимаи 1-и қонуни ҷиномии Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” – парванда боз кард.
Мақомоти Тоҷикистон бо ирсоли ин далел аз Белорус хоста буданд, ки Парвиз Турсуновро ба Душанбе таслим кунад. Аммо созмонҳои байналамилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Минск хоста буданд, ки ӯро ба Тоҷикистон надиҳад.
- Қонунҳои Тоҷикистон барои "даъват ба ифротгароӣ" аз ҷаримаҳои ҳангуфт то ба панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Давоми як соли ахир садҳо нафар сокинони Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароӣ боздошт шудаанд, ки аксари онҳо пайравони равияи "Салафия" ҳастанд.
Аммо пайвандонаш иттиҳомот дар бораи салафигарӣ ва ифротгароии ӯро рад мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мехостанд, Белорус ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад.
Парвиз Турсуновро, ки яке аз футболбозони асосии тими “Хайр”-и Ваҳдат буд, ҳафт сол пеш ба бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ надодаанд. Сипас ӯ бинобар риши дарозаш аз дастаи футболи ноҳиявӣ хориҷ карда шуд ва дар сархатти ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт.