Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чӣ хеле хостанд, ҳамон хел мошин меронанд". ВИДЕО


"Беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷруҳ шудаанд". Ин омори майдонҳои ҷанг не, балки натиҷаи садамаҳои нақлиётиест, ки тайи тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст.

Мақомот мегӯянд, аксари садамаҳо дар натиҷаи аз меъёр баланд кардани суръати мошин будааст. Дар ҳама ҷо дурбинҳои назоратӣ насб шудаанд, кӯчаҳо аз нозирон холӣ нест, вале боз ҳам сокинон мошинҳоеро мебинанд, ки ба истилоҳ “парвоз” мекунанд.

Дар суҳбати сарироҳии рӯзи 28-уми ноябр баъзе аз сокинони пойтахт чунин гуфтанд:

  • “Чӣ хеле хостанд, ҳамон хел меронанд. Як рӯз бо таксӣ ба бозори “Корвон” рафтам. Ҳамин хел тез ронд, ки фикр кардам, чаппа мешавем”
  • “Аксаран ҷавонҳо тез меронанд”
  • “Ҳафтае се-чаҳор садама аст”
  • “Ҳар ҳафта ба шаҳри Норак меравам ва дар ҳақиқат ронандаҳо бо суръати баланд меронанд. Вақте эрод мегирӣ, аҳамият намедиҳанд. Дар роҳҳо мебинам, ки мошинҳо ба якдигар задаанд.”

Навори видеоро дар инҷо тамошо кунед:

"Чӣ хеле хостанд, ҳамон хел мошин меронанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Ронандаҳо, ба хусус ронандаҳои мусофиркашон бори масъулиятро аз шонаҳои худ холӣ мекунанд. Бархеи онҳо рӯзи 28-уми ноябр дар як таваққуфгоҳи пойтахт гуфтанд, чунин вазъ бо дархости худи мусофирон пеш меояд.

  • “Айби ронанда нест. Айби муштарие аст, ки мегӯяд вақт надораду бояд зудтар биронед”
  • “Мусофире ҳаст, ки мегӯяд, зудтар моро ба дарс бирасон. Маҷбур мешавем, онҳоро 10-15 дақиқа зудтар расонем”
  • “Баъзеи одамон ба ҷаноза мераванд ва маҷбур онҳоро тезтар мерасонем”

Ронандаҳо мегӯянд, ки бештари роҳҳо аломати огоҳкунанда надоранд. Ҳамчунин, онҳо мехоҳанд, нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бояд дар қади роҳҳо биистанд, на дар паскӯча ва пушти дарахтон, ки ронадаҳо бо диданашон аз пахш кардани “газ” истиҳола кунанд.

Ҳоло сокинон талаб доранд, ки боз ҳам меъёри суръати мошин дар ҳудуди пойтахт поин оварда шавад. Ҳоло аз 20 то 50 километр-соат рондани мошин дар кӯчаҳои шаҳр иҷозат аст.

XS
SM
MD
LG