Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз мақомоти Русия дар бораи сабабҳои марги муҳоҷири 38-солаи тоҷик Илҳомиддин Шоев дар яке аз идораҳои пулиси Маскав шарҳ хостааст. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барқия рӯзи 28-уми ноябр ба унвонии Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия ирсол шуд.
- Ба қавли манбаъ, Раҳимзода аз мақомоти Русия ҳамчунин хостааст, ки санҷиши қазияи мазкурро зери назорат бигиранд.
Ҳодисаҳои мушобеҳ дар Русия зуд-зуд рух медиҳад. Аммо дар аксар ҳолат ҷустуҷӯи адолат аз тарафи муҳоҷирон бо ихроҷ ва ё депортатсияи онҳо хатм мешавад.
Илҳомиддин Шоев, сокини деҳаи Баҳористони ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 21-уми ноябр баъди боздошт дар идораи пулиси Вешнякии Маскав ҷон дод. Мақомоти Русия мегӯянд, бино ба хулосаҳои ибтидоӣ, ӯ аз дарди қалб фавтидааст.
Ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд. Пулис гуфт, ки Шоев дар роҳзанӣ гумонбар мешуд. Чизе, ки наздикони ӯ комилан рад мекунанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш ҳеҷ гоҳ бемории дил надошт.
Ҷасади ин муҳоҷир рӯзи 27-уми ноябр ба Тоҷикистон интиқол ёфт ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд. Аз Илҳомиддин чаҳор фарзанди ноболиғ мондааст, ки калониаш 14-сола аст. Наздиконаш мегӯянд, Илҳомиддин то замони ба муҳоҷират рафтан дар Тоҷикистон ронандаи мусофиркаш буд.
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, қазияи марги Илҳомиддин Шоевро пайгирӣ дорад ва мунтазири натиҷаҳои ташхис ҳастанд.
одисаҳои мушобеҳ дар Русия зуд-зуд рух медиҳад. Аммо дар аксар ҳолат ҷустуҷӯи адолат аз тарафи муҳоҷирон бо ихроҷ ва ё депортатсияи онҳо хатм мешавад.
ҶУЗЪИЁТИ БЕШТАРИ ҲОДИСАРО ДАР ИНҶО БИХОНЕД: