Наздикони Илҳомиддин Шоев, муҳоҷири тоҷик, ки дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Маскав ҷон дод ба иддаои тафтишот дар бораи бемори қалб будани ӯ бовар надоранд. Онҳо мегӯянд, Илҳомиддин ҳеҷ гоҳ бемори қалб набуд ва эҳтимол дар зери зарбу лат ҷон додааст.
Илҳомиддин Шоев, сокини деҳаи Баҳористони ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 21-уми ноябр баъди боздошт дар идораи пулис ҷон дод. Мақомоти Русия мегӯянд, бино ба хулосаҳои пешакӣ, ӯ аз дарди қалб даргузаштааст.
Полиси Маскавгуфт, ки шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Маскав "аз бемории дил" ҷон дод. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд. Полис гуфт, ки Шоев дар роҳзанӣ гумонбар мешуд. Чизе, ки наздикони ӯ комилан рад мекунанд.
"Духтур ҳам аз худашон орган ҳам, чӣ кор кунем"
Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин рӯзи 26-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, се сол шуд, ки писараш дар Русия кор мекард ва қарор буд рӯзҳои наздик ба ватан баргардад. Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, иддаои тафтишот дар бораи бемори қалб доштани писарашро рад мекунад.
Қарор аст шаби 26-уми ноябр ҷасади Илҳомиддин Шоев ба ватан интиқол ёбад. Ба гуфтаи наздикон, ин муҳоҷири тоҷикро дар зодгоҳаш деҳаи Баҳористони ноҳияи Рӯдакӣ дафн мекунанд.
"Вай ҳеҷ гоҳ бемории дил надошт. Қории Қуръон ва варзишгар буд. Аммо дар тақдирамон ҳамин хел будаст, чӣ кор кунем? Ман худам ба Русия рафтанӣ будам, ки наздиконам гуфтанд, зарурат надорад. Ба рафтан гапи мо намегузарад. Духтур ҳам аз худашон асту орган аз худашон, аз дасти мо чӣ меояд", - афзуд падари муҳоҷири фавтида.
Шарофиддин Шоев ҳамчунин гуфт, бори охир бо писараш рӯзи 21-уми ноябр суҳбат доштанд. Аз Илҳомиддин чаҳор фарзанди ноболиғ мондааст, ки калониаш 14-сола аст. Наздиконаш мегӯянд, Илҳомиддин то замони ба муҳоҷират рафтан дар Тоҷикистон ронандаи мусофиркаш буд.
"Агар касалии дил бошад, ин сиёҳӣ аз куҷост?"
Қарор аст шаби 26-уми ноябр ҷасади Илҳомиддин Шоев ба ватан интиқол ёбад. Ба гуфтаи наздикон, турбати ин муҳоҷири тоҷикро дар зодгоҳаш деҳаи Баҳористони ноҳияи Рӯдакӣ дафн мекунанд.
Наздикони Илҳомиддин Шоев зоҳиран ба тантанаи адолат дар қазияи ӯ зиёд бовар надоранд. Аммо мегӯянд, умед доранд, ки омилони марги писарашон муҷозот мешаванд.
Дар аксҳое, ки наздикони муҳоҷири фавтида дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, осори лату кӯб дар симои ӯ дида мешавад. Бахусус дар ноҳияи чапи рӯйи ӯ осори сиёҳӣ ва хобидани хун мушоҳида мешавад.
"Агар ӯ касалии дил дошта бошад, пас ин сиёҳӣ дар сару рӯяш аз куҷост? Мо бовар дорем, ки ӯро латту кӯб кардаанд", - гуфт яке аз наздикони Илҳомиддин Шоев.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, қазияи марги ин муҳоҷирро пайгирӣ доранд ва ба зудӣ сабабҳои марги Шоев маълум хоҳанд шуд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхиси дақиқи марги муҳоҷири тоҷик қарор аст имрӯз муайян шавад.
Ба гуфта ҷаноби Аҳмадов, натиҷаҳои ташхис расман ба тафтишот ва ҳам ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия ирсол мешаванд. Ин масъули Хадамоти муҳоҷират афзуд, дар робита ба қазияи марги Илҳомиддин Шоев тафтишот идома дорад.
Қаблан Максим Колосветов, афсари хадамоти матбуоти пулиси шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфта буд, рӯзи 21-уми ноябр як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон ба идораи пулиси ноҳияи Вешняки оварда шуданд, ки бо ҷурми роҳзанӣ айбдор мешуданд.
"Вазъи саломатии шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон бад шуд ва дар идораи пулис фавтид. Пизишкони "Ёрии таъҷилӣ" даъват шуданд ва тибқи ташхиси ибтидоии онҳо, ин нафар бар асари бемории дил даргузаштааст", - афзуд ӯ.
Ҳодисаҳои мушобеҳ дар Русия зуд-зуд рух медиҳад. Аммо дар аксар ҳолат ҷустуҷӯи адолат аз тарафи муҳоҷирон бо ихроҷ ва ё депортатсияи онҳо хатм мешавад.
Се сол қабл дар шаҳри Санкт-Петербург нозирони пулис дар шуъбаи корҳои дохилӣ тифли панҷмоҳаро аз дасти модараш гирифтанд ва баъди як рӯз ҷасади беҷони ӯро ба волидон доданд. Талошҳои ин хонавода барои ба ҷавобагарӣ кашидани корманди пулис бенатиҷа анҷом ёфт, чун модари тифл билофосила аз Русия ихроҷ карда шуд.