Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар бозорҳо ва марказҳои тиҷории шаҳри Ишқободи Туркманистон фурӯши мавҷгирҳои моҳвораӣ манъ шудааст.
"Мавҷгирҳои моҳвораӣ асосан дар бозори "Гулистон", "Суммар" ва "Олтин Аср"-и шаҳри Ишқобод фурӯхта мешуданд. Ҳоло чунин мавҷгирҳо дар фурӯш нестанд, мегӯянд манъ шудааст", - иттилоъ дод хабарнигор. Соҳибкорон дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки мавҷгири моҳвораӣ нафурӯшанд, дар ғайри сурат аз ҳаққи фаъолияти тиҷоратӣ маҳрум мешаванд.
Ба иттилои шоҳидон, манъи фурӯши мавҷгирҳо ним сол пеш роҳандозӣ шуда буд. Он замон мақомот дар бархе минтақаҳои Ишқобод хона ба хона гашта, мавҷгирҳои моҳвораияшонро канда буданд.
Туркманистон афкори омма ва ҳамин тавр дастрасии сокинон ба манбаҳои пахши хабарро шадидан назорат мекунад ва пӯшидатарин кишвари Осиёи Марказӣ номбар мешавад.