Созмони Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders) аз шеваи бархӯрди мақомоти Тоҷикистон ба ҳодисаҳои хабарсоз дар кишвар "шигифтзада" шудааст. Ин созмон рӯзи 15-уми ноябр дар изҳороте гуфт, мақомот ба ҳама гуна мушкилот аз роҳи маҳдуд кардани интернет ва бастани вебсайтҳо ҷавоб медиҳанд. Ин ҳолат, ба навиштаи Гузоришгарони бидуни марз, ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро барои дастрасӣ ба иттилоъ маҳдуд мекунад.
Тоҷикистон соли 2018 дар шохиси озодии матбуот аз миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор гирифт.
На расонаҳои хабарӣ, на паёмрасонҳо
Дастрасӣ ба баъзе расонаҳои интернетии мустақил, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва барномаҳои интернетии садшикан (филтршикан) аз 6-уми ноябр боз дар Тоҷикистон маҳдуд аст. Дар миёни онҳо вебсайти хабаргузории Asia-Plus, Facebook, YouTube, шабакаҳои иҷтимоии русии VKontakte ва Odnoklassniki, паёмрасонҳои телефонии WhatsApp ва Telegram ном бурда мешаванд.
Бисёре аз корбарон гузориш доданд, ки барномаҳои маъруфи садшикан (VPN) низ дастрас шудаанд.
Йоҳанн Бир, раҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Гузоришгарони бидуни марз гуфт, "масдудшавии фарогири интернет ғайри қобили қабул аст". Ӯ мегӯяд, "мақомоти Тоҷикистон бояд дарк кунанд, ки посух додани онҳо ба ҳама гуна мушкилот бо сензура ва масдудкуниҳо боис ба эҷоди овозаҳо мешавад. Ҷомеаи байналмилалӣ набояд бо тавсеа ёфтани таҷрибаи маҳдудкуниҳои чинӣ розӣ шавад".
Рӯзи 17-уми ноябр вебсайти "Азия-Плюс" ва баъзе дигар аз расонаву паёмрасонҳо дар дохили Тоҷикистон баста аст. Масъулони Гузоришгарони бидуни марз мегӯянд, дастнорас шудани ин вебсайт ба чопи мақолае дар бораи тиҷорати доираҳои наздик ба ҳукумат ва ҳам ҳодисаҳои ахир дар чанд гӯшаи кишвар рабт дорад.
"Бастани пойгоҳҳои хабарӣ ҷойро барои овоза мегузорад"
Аз ҷумла, рӯзи 6-уми ноябр дар маркази шаҳри Хоруғ сокинон барои ибрози норизоият аз ҳузури пулис дар шаҳр гирди ҳам омада, дар Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябр дар натиҷаи ошӯб даҳҳо нафар кушта шуд. Мақомот то ҳол ин ду ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.
Зебо Тоҷибоева, раиси иҷроияи медиаҳолдинги “Азия-Плюс” рӯзи 17-уми ноябр гуфт, "ҳеч вақт дақиқ нест, ки сомонаи моро бо кадом сабаб масдуд мекунанд. Ин худаш як нақзи ҳуқуқ, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи сокинон барои дастрасӣ ба маълумот аст. Вақте манбаъҳои алтернативии хабарӣ вуҷуд надорад, ҳамеша ҷои онро овоза мегирад. Одамон дар бораи ҳодисаҳои мавриди назари худ хабар ёфта наметавонанд. Баста будани кори пойгоҳҳои хабаррасони фаъолияташон расмӣ ба манфиати ҳеч ҷонибе нест.”
"Феодализми маъмурӣ"
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва яке аз ҳамкорони созмони Гузоришгарони бидуни марз дар шарҳи чунин ҳолат аз истилоҳи “феодализми маъмурӣ” истифода кардааст. Ӯ гуфтааст, “борҳо таъкид кардаем, ки масдудкунии пойгоҳҳои интернетӣ ва манбаъҳои алтернативии хабарӣ ҳаққи конститутсионии шаҳрвандонро нақз мекунад”.
Мисли ҳамеша, мақомот шикоятҳо аз масдудкунии вебсайтҳоро рад карда, ҳамаро бори “мушкили фаннӣ” мекунанд.
Дастрасӣ ба Интернет шурӯъ аз соли 2008 тадриҷан ба "монополияи давлат" табдил шуд ва ин ба он маъност, ки мақомот метавонанд бидуни пурсидани назари провайдерҳо ё ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар ин маврид тасмим бигиранд.
Ин таҷриба тобистони имсол баъди дар ноҳияи Данғара мавриди ҳамла қарор гирифтани чаҳор сайёҳи хориҷӣ ҳам ба кор бурда шуд. Мақомот, ба қавли Гузоришгарони бидуни марз, талош карданд пӯшиши хабари куштори хориҷиҳоро маҳдуд кунанд.
Мақомот: "Амният ҳама вақт дар ҷои аввал аст"
Мақомоти тоҷик то ин вақт маҳдудияти дастрасӣ ба сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро бештар ба “мушкили фаннӣ” рабт медиҳанд. Аммо ишораҳое ҳам аз сӯи мақомот садо додаанд, ки ин кор баъзан барои таъмини амният зарур аст.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ низ ба ин назар аст, ки “ба хотири таъмини амният баъзан маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет амали ногузир аст”. Ба гуфти Сафаров, "амният ҳама вақт дар ҷойи аввал аст ва ин барои тамоми шаҳрвандон аст. Дар ҳолате ки масъалаи амният пеш меояд, инҷо ҳуқуқи мардум вайрон намешавад."
Дар солҳои охир масдуд шудани Интернет ва ҳам дастрасӣ ба вебсайту шабакаҳоро созмону кишварҳои дигари ҳамкори Тоҷикистон, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо интиқод кардаанд. Тоҷикистон соли 2018 дар шохиси озодии матбуот аз миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор гирифт.