Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии қазияи як муаллими забони англисӣ ва шогирдони ӯ шуруъ кард, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд.
Чаҳор шогирди навраси ин муаллим дар роҳ ба сӯи Афғонистон боздошт шуданд. Мақомот мегӯянд, ин нафарон қасд доштанд, ки ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” бипайванданд.
“Тарғиби ифротгароӣ дар зери ниқоби омӯзгори англисӣ”
Муаллими англисӣ ба шогирдон талқин кардааст, ки “аввал ҷиҳод, баъд падару модар.” Маҳз ба ин хотир як ҷавон модари бемори рӯи ҷогаҳашро тарк карда, ба ақидаҳои муаллими тундраваш гаравид.
Рӯзи 2-уми ноябр назди Додгоҳи шаҳри Душанбе серодам буд. Наздикони 10 ҷавони муттаҳам ба ифротгароӣ ба инҷо омада буданд, то дар мурофиаи додгоҳии фарзандонашон ширкат кунанд.
Муттаҳами аслӣ дар қазия Ҷаҳонгир Қосимов, омӯзгори 22-солаи забони англисӣ сокини шаҳри Душанбе мебошад. Мақомот Қосимовро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар зери ниқоби муаллими забони англисӣ наврасонро ба ифротгароӣ ҷалб кардааст. Ба мурофиа танҳо волидони боздошшудаҳо ва вакилони дифоъ роҳ ёфтанд.
Иштирокдорони мурофиа баъди берун шудан аз толори додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Ҷаҳонгир Қосимов дар додгоҳ иқрор шудааст, ки наврасонро барои омӯзиши забони англисӣ ҷалб карда, дар байнашон ақидаҳои ифротиро тарғиб мекард. Иштирокдори ин мурофиа мегӯянд, омӯзгори ҷавон дар посух ба суоли додрас, ки худаш чӣ гуна ифротӣ шудааст, гуфт: “Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо мубаллиғони гуруҳи “Давлати исломӣ” суҳбат мекард ва оҳиста-оҳиста ақидаи онҳоро қабул кард.”
Аммо наздикони Ҷаҳонгир Қосимов ба ифротӣ будани ӯ бовар надоранд. Модари ин омӯзгор баъди берун шудан аз толори додгоҳ дар суҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳар кас худаш ва ақидаи худаш аст. Ҷаҳонгир ин бачаи инхелӣ нест.” Модари Қосимов дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки вақтҳои ахир дар рафтори писараш ягон тағйироте мушоҳида кардааст ё на, посухи рад дод.
Гуфта мешавад Ҷаҳонгир, яке аз мактабҳои маъруфи пойтахтро бо баҳои аъло хатм карда, дар Донишгоҳ ихтисоси барномасозро меомӯхтааст. Манобеи наздик ба тафтишот мегӯянд, Ҷаҳонгир Қосимов ба доми гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” афтидааст.
“Мегуфтаст, аввал ҷиҳод, баъд падару модар”
Ба қавли наздикони боздошшудаҳо, Ҷаҳонгир Қосимов барои таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ дар байни шогирдони ӯ се амалро анҷом додааст. Ба қавли Одинамо Давлатова, холаи яке аз боздошшудаҳо, Қосимов ба шогирдон ҳадисҳоро бо забони англисӣ нишон дода, онҳоро ба тоҷикӣ тарҷума мекардааст. Ӯ гӯё бо ин роҳ нишон медодааст, ки ба шогирдон забони англисӣ меомӯзонад, аммо ба гуфтаи наздикони боздошшудаҳо талош мекардаст бо мазмуни ин ҳадисҳо ақидаҳои ифротиро таблиғ кунад.
Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, Ҷаҳонгир Қосимов инчунин ба шогирдонаш наворҳои гуруҳи тундравро нишон дода, ба онҳо ваъда додааст, ки гӯё дар Афғонистон зиндагии роҳат онҳоро интизор аст.
Нарзигул Назарова, бибии Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев, яке аз ҷавонони боздошуда ба Радиои Озодӣ гуфт, муаллими инглисӣ ба шогирдон азҷумлаи набераи ӯ талқин кардааст, ки “аввал ҷиҳод, баъд падару модар.” Маҳз ба ин хотир хонум Назарова мегӯяд, наберааш модари бемори рӯи ҷогаҳашро тарк карда, ба ақидаҳои муаллими тундраваш гаравид.
“Иҷрои як хоҳиши дӯст ва...”
Мунаввара Файзуллоева, ҳамсояи Ҷаҳонгир Қосимов мегӯяд, Қосимов дар оилаи одамони барӯманд бузург шуд ва дониши хуби дунявӣ ҳам дошт. Аммо ҳамсоягӣ ва дӯстӣ бо Ҷаҳонгир Қосимов як ҷияни хонум Файзуллоеваро паси панҷара кашид.
Аҳмадҷон Раупов, яке аз даҳ боздошшудаи қазияи омӯзгори забони англисӣ мебошад, ки ба гуфтаи наздикон барои гаравидан ба ақидаи Салафия муттаҳам мекунанд.
Мунаввара Файзуллоева, холаи Аҳмадҷон Раупов мегӯяд, ҷиянаш салафӣ нест ва танҳо аз рӯи дӯстӣ як хоҳиши омӯзгорро анҷом додааст.
“Ягона гуноҳи Аҳмадҷон ин аст, ки бо хости Ҷаҳонгир Қосимов рафта аз оилаи чор наврас пурсидааст, ки онҳо ҳастанд ва ё аллакай рафтанд. Ҳаминро пурсидааст ва ҳамин қадар гуноҳ дорад. Аммо ба ӯ моддаи салафигароиро заданд. Ин бача тамоман салафӣ нест,” - гуфт Мунаввара Файзуллоева.
“Забони англисӣ гуфта, ҳаёти бачаҳоро барбод дод”
Дар кулл наздикони ҷавонони боздошшуда муаллими англисӣ Ҷаҳонгир Қосимовро муқассири аслӣ медонанд. Наздикони Сафармуҳаммад Абдуназарзода, Мустафо Қурбонов, Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев, Муҳаммад Набизода ва Ҳабибулло Давлатов мегӯянд, Ҷаҳонгир Қосимов бо баҳонаи омӯзиши забони англисӣ ҳаёти ҷавононро барбод дод.
Одинамо Давлатова, холаи Ҳабибулло Давлатов мегӯяд, барои азхуд кардани забони англисӣ ҷиянашро ба назди Ҷаҳонгир Қосимов равон кард, аммо дер фаҳмиданд, ки ин омӯзгор ба онҳо «дарси дигар» медодааст. Хонум Давлатова мегӯяд, “мо бовар карда, фарзандонамонро барои омӯзиши забони англисӣ равон мекунем. Аз куҷо медонем ки онҳоро таълимӣ динӣ медиҳад.”
Пайвандони боздошшудаҳо мегӯянд, Ҷаҳонгир Қосимов ба шогирдонаш дар манзилаш дар маҳаллаи “Профсоюз”-и Душанбе дарс медод. Ба гуфтаи наздикони боздошшудаҳо, онҳо дар додгоҳ аз кардаи худ пушаймонӣ карда гуфтаанд, онҳо гумроҳ шуданд. Пайвандони ҷавонони боздошшуда аз додгоҳ дархост доранд, ки ҷавонии боздошшудаҳоро ба инобат гирифта, дар нисбаташон ҳукми одилона содир кунад.
“Ифротӣ шудан аз бесаводӣ аст ё аз...”
Зимнан, Ҷаҳонгир Қосимов ягона нафаре аз қишри ҷавонони фаъол ва босавод нест, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт мешавад. Пеш аз ин Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гуруҳе, ки ба сайёҳон ҳамла карданд аз ҷавонони босавод гуфта мешуд. Чун модараш гуфта буд, Абдусамадов донандаи чанд забон аст. Боздошти ин ду ҷавон ақидаеро зери суол бурд, ки ба доми гуруҳҳои ифротгаро бештар ҷавонони камсавод ва бетаҷриба меафтанд. Коршиносон ҳам мегӯянд, ифротгароиро танҳо дар байни ҷавонони мазҳабӣ ҷустан нодуруст аст. Чун, ба қавли таҳлилгарон, дониши баланди дунявӣ ҳам наметавонанд ҷавононро аз ифротгароӣ эмин нигоҳ дорад.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, ифротгаро шудани ҷавонони босавод хатарноктар аз он аст, ки як ҷавони камдониш ба ин гуруҳҳо мепайвандад.
Зеро ба гуфтаи ҷаноби Ҳодизода, таҷрибаҳои зиёд нишон медиҳад, ки ҷавонони босавод метавонанд қишри камдонишро ба сӯи худ ҷалб кунанд.
Ифротгароӣ дар Тоҷикистон аз мушкилиҳои умдае мебошад, ки тайи панҷ соли ахир давлат ба он муборизаи беамон мебарад. Дар ин муддат даҳҳо нафар бо ин ҷурм пушти панҷара рафтанд. Мавзӯи ифротгароӣ барои Тоҷикистон пас аз он доғ шуд, ки беш аз як ҳазор шаҳрванди кишвар ба сафи гуруҳи даҳшатафкани бо ном “Давлати исломӣ” пайвастанд. Ҳамла ба сайёҳон дар моҳи июл дар ҷануби Тоҷикистон дубора масъалаи гароиши ҷавонон ба ифротгароиро дар ҷомеа доғ кард.