Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзалшоҳ Шодиев эҳтимоли аз мақом сабукдӯш шуданашро рад кард


Афзалшоҳ Шодиев
Афзалшоҳ Шодиев

Ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Вазорати фарҳанг хостааст, ки дар Филармонияи давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварда ва нафари огоҳ аз сиёсатро ба роҳбарии он таъйин кунад. Айни замон Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик раёсати Филармонияи давлатии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.

Хуб кор кунед, чаро бояд тағйирот шавад? Коре, ки дар 50 соли охир касе накарда буд, анҷом додем. Филармонияро пурра таъмир кардем.

Раҷабгул Толибова – сардори раёсати кадрҳои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон – рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дастрас шудани чунин номаро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "ин масъала ҳоло дар баррасӣ аст. Феълан роҳбари Филармонияи давлатӣ иваз нашудааст. Бо ба амал омадани тағйироти кадрӣ ба Шумо маълумот хоҳем дод."

Толибова дар мавриди номзадҳои эҳтимолӣ ба ин мақом ва кай таъйин шудани раиси нави Филармонияи давлатӣ иттилоъ надод.

Афзалшоҳ Шодиев, овозхони шинохтаи тоҷик ва роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон, рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, овозаи аз кор рафтани ӯро “бархе аз бадгӯён” паҳн кардаанд ва он ҳеҷ асос надорад.

Ӯ гуфт, “ман дар вазифаи худам ҳастам ва кор мекунам. Чаро бояд тағйироти кадрӣ шавад? Хуб кор кунед, чаро бояд тағйирот шавад? Коре, ки дар 50 соли охир касе накарда буд, анҷом додем. Филармонияро пурра таъмир кардем. Баъзе баддаҳонҳо овоза карданд, ки ана Афзалшоҳ аз кор меравад. Ин як овоза аст ва ягон асос надорад”.

Шодиев гуфт, се сол боз дар мақоми раиси Филармонияи давлатӣ фаъолият дорад ва корҳояш хуб пеш мераванд. Ин овозхон гуфт, ба наздикӣ муовини аввали ӯро иваз кардаанд.

“Вазифаи муовини аввали раиси филармонияро Баҳром Тошев ба ӯҳда дошт. Ӯро ҳоло ба Иттиҳодияи консертии Вазорати фарҳанг гузаронидем ва ба ҷойи ӯ Нуралӣ Шоев, як шахси донишмандро таъйин кардем”, - шарҳ дод ӯ.

Афзалшоҳ Шодиев гуфт, бо ин ҳол дар ояндаи наздик ният дорад баъзе аз тағйироти кадриро дар дохили Филармония амалӣ кунад. Ӯ гуфт, ният дорад, баъзе аз роҳбарони ансамблҳоро иваз карда, бархе кормандоне ҳам, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд, аз вазифа сабукдӯш намояд.

Афзалшоҳ Шодиев моҳи августи соли 2014 раиси Филармонияи давлатӣ эълон шуд. Саидбухорӣ Маҷидов, раҳбари пешини ин идора баъд аз эълони барканорияш бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

XS
SM
MD
LG