Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Данғара корхонаи истеҳсоли маводи мунфаҷираи эмулсионӣ ифтитоҳ шуд


Нигоҳе ба сехҳои корхонаи нав дар маросими муаррифии рӯзи 5 ноябр
Нигоҳе ба сехҳои корхонаи нав дар маросими муаррифии рӯзи 5 ноябр

Дар Тоҷикистон нахустин корхонаи истеҳсоли маводи тарканда ва ё мунфаҷира барои соҳаи сохтмон ба истифода дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр дар ноҳияи Данғара дар расми ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Муосир» ширкат варзид.

Ин корхонаи муштарак маводи мунфаҷираи эмулсионӣ истеҳсол мекунад, ки барои истифода дар соҳаи сохтмон, аз ҷумла сохтмони роҳу нақбҳо истифода мешавад. Корхона қодир аст дар як сол то 20 ҳазор тонна маводи тарканда истеҳсол кунад.

Вебсайти президенти Тоҷикистон менависад, ашёи хом ба корхона аз дохили мамлакат ва инчунин аз Русия, Чин ва Ӯзбекистон дастрас мешавад. Ба иттилои ин манбаъ, дар корхонаи “Муосир” се намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол мешавад.

Корхонаи муштараки «Муосир» бо харҷи ҳудуди 20 миллион доллар дар ноҳияи Данғара сохта шуд. Беш аз нисф ва ё 51 дарсади саҳмияҳои ин корхона ба сармоягузорони Чин ва 49 дарсади он ба ҷониби Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи тарканда соли 2017-ум шурӯъ шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор воридоти таҷҳизот барои бунёди ин корхонаро аз андоз ва боҷи гумрукӣ озода карда буд. Ин корхона ҳамчунон дар давоми 5 соли фаъолияташ аз пардохти андоз аз даромад озод шудааст.

XS
SM
MD
LG