Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи сокинони як маҳаллаи Душанбе зери об мондааст


Хонаи сокинони як маҳаллаи Душанбе зери об мондааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Нисфирӯзии 1-уми ноябр дар маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе пас аз борони пай дар пай қубури обгузар банд шуд ва об ба хонаи сокинон даромад. Қурбони Собир, ҳунарманди театру кино, ки дар ин маҳҳала зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “як дарё об буд ва ба ҳавлиҳои ҳамсоя даромад. Ҳама пои луч ба хонаҳо даромада ва дигар берун набаромаданд.”

Нисфирӯзии 1-уми ноябр дар маҳаллаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе пас аз борони пай дар пай қубури обгузар банд шуд ва об ба хонаи сокинон даромад. Қурбони Собир, ҳунарманди театру кино, ки дар ин маҳҳала зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "як дарё об буд ва ба ҳавлиҳои ҳамсоя даромад. Ҳама пои луч ба хонаҳо даромада ва дигар берун набаромаданд."

Баъд аз муроҷиати сокинон кормандони обу корези пойтахт, қубури обгузарро тоза кардаанд. Бо ин вуҷуд, агар мошин надошта бошед, дар кӯча равуо кардан имкон надорад.

Ду рӯз боз дар шаҳри Душанбе борон меборад. Обуҳавошиносҳо идома ёфтани чунин вазъи ҳаворо пешгӯӣ мекунанд.

Ҳал сол дар Душанбе боришот маҷрои оби ҷӯю дарёҳоро зиёд мекунад, ки бар асари он даҳҳо манзили сокинон зарар мебинад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG