Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳукумат тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли 2019 баррасӣ шуд


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Мақомоти тоҷик мегӯянд, будҷаи давлатӣ барои соли 2019 бо назардошти ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, бехатарии озуқаворӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суръат бахшидан ба рушди иқтисодиёт таҳия шудааст. Ин нукта дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки шоми 30-уми октябр баргузор шуд, зикр шудааст.

Ҳамасола дар остонаи фарорасии фасли зимистон ҳукумати Тоҷикистон буҷаи соли ояндаро баррасӣ ва сипас барои тасдиқ ба порлумон мефиристад. Вале, тибқи қоидаҳо, то замони тасвиби буҷа дар порлумон, мушаххасоти он ба ҷомеа эълон намешавад. Тибқи иттилои дастрас, маблағи буҷаи соли 2017 ҳудуди 20 миллиард сомонӣ буд ва касри он низ то ним фоиз пешбинӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG