Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабри барфӣ - сарвати кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон. ВИДЕО


Бабрҳои барфӣ - дар ҳолати шикор, дар оғӯши кӯҳҳои пурбарф ва гаштугузори онҳо дар дили шаб. Ин намунаи аксҳои ин ҷонвари нодир аст, ки дар аввалин намоишгоҳе дар Душанбе пешкаши дӯстдорони табиат шуд.

Шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз 50 соли пеш манъ шудааст. Пӯсти ин ҷонвар пурқимат буда, шикори ғайриқонунии бабри барфӣ маҳз ба ҳамин вобаста аст. Қонунҳои Тоҷикистон барои шикори ғайриқонунии бабрҳо нӯҳ ҳазор сомонӣ ҷарима муаяйн кардааст

Намоишгоҳи аксҳои бабри барфиро гурӯҳе аз дӯстдорони табиат бо пуштибонии молии барномаи рушди СММ роҳандозӣ карданд. Ҳадаф аз ин иқдомро ҳимоя аз ин ҷонвари нодир, ки шумори ками онҳо дар Тоҷикистон боқӣ мондааст, унвон мекунанд.

Мино Маҳмадюсуфова, як сокини пойтахт, ки аз тамошои табиат ва ҷонварону паррандаҳо хушаш меояд, ин намоишгоҳҳо бо диққат тамошо мекард. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо он ки дар табиати Тоҷикистон чунин ҷонварони нодир ҳам вуҷуд доранд, аммо сокинон дар бораи онҳо кам маълумот доранд ва ин иқдомҳо метавонад барои ҳифзи ин ҷонварони нодир мусоидат кунад.

"Mazza" макони намоишгоҳи акси бабри барфӣ шуд

Мино гуфт, идеяи ташкили ин намоишгоҳҳо ҷолиб аст ва барои мисол баргузории он дар як қаҳвахона, ки ҳатто вақти нӯшидани қаҳва ҳам метавонед онро тамошо кунед -- ҳам истироҳат мекунед ва ҳам маълумот мегиред. "Ман аз иқдомҳо пуштибонӣ мекунам", - афзуд вай.

Баргузории ин намоишгоҳ мисли Мино даҳҳо дӯстдори табиатро дар Душанберо ба худ ҷалб кардааст. Дар ин намоишгоҳ, ки дар каҳвахонаи "Mazza" ва бо ҳамдастии барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, бештар аз даҳ акси гуногуни Бабри барфӣ, ки аз ҷониби тасвирбардорони тоҷик аксбардорӣ шудаанд, ба намоиш гузошта шуд.

Бабрҳои барфӣ - сарвати кӯҳҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Бабрҳо дар ин аксҳо дар ҳолатҳои гуногун, аз ҷумла яке дар ҳолати шикор ва дигари дар оғӯши кӯҳҳои пурбарф инъикос ёфтаанд. Ин аксҳо ба гуфтаи Акмал Зоҳидов - як масъули ин намоишгоҳ, аз сӯи аксбардорон дар минтақаҳои гуногун гирифта шудаанд, ки зиндагии ин ҷонвари нодирро, ки дар баландкӯҳҳо сукунат доранд, бозгӯ мекунад.

Акмал Зоҳидов аз ҷумла гуфт, дар инҷо аксҳое интихоб шудаанд, ки аксбардорон худашон бабрҳои барсиро ҳангоми гаштугузор ва ҳам сайд дар кӯҳҳо дидаанд ва акс бардоштаанд. Ба гуфтаи вай, ҳадафи аслии баргузории намоишгоҳи аксҳои бабр ҳам дар он, ки ин ҷонвар нодир аст ва бояд барои ҳимоят аз он мо ҳам иқдом кунем ва ба дигарон таблиғ созем, ки бояд бабрҳоро нигоҳ дошт, то ба нестӣ нараванд"

Ҳоло дар доираи аввалин намоишгоҳ, ки бо номи "Аз пайи бабрҳои барфӣ" ва ҳимоят аз ин ҷонвари нодир баргузор шуд, барои дӯстдорони он дар ин қаҳвахона ҳам ширинӣ ва коктейлҳоеро бо шакли рӯи бабр пешкаш мекунанд ва барои дӯстдорони табиат тақвимҳоро бо акси ин ҷонвар тавзеъ менамоянд.

Бадахшон -- қаламрави Бабри барфӣ

Ҳамин тавр, дар доираи Рӯзи ҷаҳонии бабри барфӣ дар баробари аксар кишварҳои дигар дар Тоҷикистон ҳам дар доираи "Ҳафтаи ҳифзи озодапаланг" чорабиниҳои таблиғотӣ ба хотири ҳифзи ин ҷонвари нодир роҳандозӣ шуда, то як ҳафтаи дигар идома мекунад.

Бабри барфӣ, ки сокинони маҳаллӣ онро "паланги ширмол" ё "озодапаланг" низ меноманд, аз нодиртарин ҷонварон аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳудуди 300 бабри барфӣ сабт шудааст ва он ҳамчун ҷонвари махсус ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст.

Муҳофизони табиат мегӯянд, макони аслии зисти бабрҳои барфӣ, дар шарқи Бадахшон буда, ин ҷонвари нодир то баландиҳои 6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр сукунат дорад ва ба сардии ҳаво тобовар аст. Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд. Тибқи иттилои созмонҳои зистмуҳитӣ низ дар ду соли ахир, бабрӣ барфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба деҳаҳо даромадааст.

Манъи шикори бабри барфӣ

Аммо омили аслиро масъулини соҳа, ҳарчи тангтар шудани маҳалли зисти ин ҷонварон медонанд. Абдуқодир Маскаев, масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфт, солҳои ахир мардум наздик ба маҳалли зисти ҷонварони нодир хона бунёд мекунанд ва ин ҷонварон ҳам, ки дар фасли сармо маҷбуранд аз баландиҳо поинтар раванд, ба оғилхонаву чорпоҳо ҳамла мекунанд.

Зимнан, шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз 50 соли пеш манъ шудааст. Пӯсти ин ҷонвар пурқимат буда, шикори ғайриқонунии бабри барфӣ маҳз ба ҳамин вобаста аст. Қонунҳои Тоҷикистон барои шикори ғайриқонунии бабрҳо нӯҳ ҳазор сомонӣ ҷарима муаяйн кардааст.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, аз ин хотир дар панҷ соли охир ҳодисаи шикори ғайриқонунии ин ҷонвари нодир ба қайд гирифта нашудааст, аммо "ҳуҷум"-и ин гурбаи ваҳшӣ ба чорвои хонагии сокинони маҳаллӣ дар зарфи се соли охир чор маротиба сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG