Вуруди якҷояи марду зани бегона ва, ҳамин тавр, истироҳату ҳузури онҳо дар ҳаммом ваё "сауна"-ҳои шаҳри Душанбе манъ шудааст. Масъулони ҳаммомҳо гуфтанд, ки аз ҷуфтҳои талабгори гармоба ҳатман нусхаи шиноснома ваё хатти ЗАГС пурсида мешавад.
- "Агар тасдиқ шавад, ки зану шавҳар ҳастанд, бе ягон гап ба онҳо иҷозаи истироҳат ва истифода аз ҳаммом дода мешавад. Вагарна, ҳаққи вурудро нахоҳанд дошт. Ин қоида тоза роҳандозӣ шудааст", - гуфт як манбаи огоҳ рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Зоҳиран тарси масъулони ҳаммомҳо дар Душанбе аз он аст, ки ба ташкили фоҳишахона муттаҳам нашаванд.
"Зану шавҳарии худро тасдиқ карда натавонистем"
Дилшод, як сокини шаҳри Душанберо ҳафтаи гузашта ба хотири онки дар даст санаде надошт, нагузоштанд, ҳамроҳи ҳамсараш ба ҳаммом дарояд. Ӯ рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъмулан ҳар моҳ ҳамроҳи оила ба ҳаммом мерафт ва ин қоида барояш наву ногаҳонӣ аст.
"Мо аз чунин қоидаи нав бехабар будем. Рости гап, ҳуҷҷат надоштем ва зану шавҳарии худро исбот карда натавонистем. Ночор ҳаммомро тарк кардем. Масъулони ҳаммом гуфтанд, ки ин дастури раҳбарияташон аст ва бояд иҷро шавад", - нақл кард ин сокини пойтахт.
Дилшод мегӯяд, мақомот бояд аз қабл мардумро бо дастури нав ошно мекарданд, вагарна ин як навъ поймол кардани ҳуқуқи ҷуфтҳоест, ки нияти истифода аз хадамоти ҳаммомҳоро доранд, вале ҳамон лаҳза бо худ ҳеч санад надоранд.
"Дастур аз болост"
Алишер, корманди ҳаммоме дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби хатти ЗАГС ваё муҳри он дар шиноснома дастури моликони ҳаммом аст. Ӯ гуфт, онҳо бо тасдиқи ҳуҷҷатҳо метавонанд дилпур бошанд, ки "касе аз ҳаммом ба ҳайси фоҳишахона истифода намекунад".
Зоҳиран тарси масъулони ҳаммомҳо дар Душанбе аз он аст, ки ба ташкили фоҳишахона муттаҳам нашаванд. Чун дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки соҳибони баъзе "сауна"-ҳо барои робитаи ҷинсии мардону занони бегона ваё бе никоҳи расмӣ шароит фароҳам кардаанд ва аз рӯи қонунгузории Тоҷикистон "ин аъмол ташкили фоҳишахона ҳисоб меёбад".
"Муштариҳоро ҷиддӣ назорат мекунанд"
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин дастур дар пайи назорат аз болои танфурӯшҳо ва ҷилавгирӣ аз ташкили фоҳишахонаҳо дар маконҳои алоҳида гирифта шудааст. Дар ин қатор соҳибони ҳаммомҳо низ муваззаф шудаанд, ки назоратро аз болои муштариҳои худ сахттар кунанд.
Сабаб ин будааст, ки маъмулан мардон дар чунин маконҳо аз хидмати занони сабукпо истифода мекардаанд.
"Ҳатто ҳодисаҳое буд, ки маъмурони милиса дар хонаҳои истиқоматӣ, ҳаммомҳо, маконҳои ба ном осоишгоҳ занони танфурӯшро боздошт карда, аз тариқи телевизион намоиш дода буданд", - афзуд Умарҷони Эмомалӣ.
Дар меҳмонхона: "Якҷоя будани зану марди номаҳрам манъ аст"
Дар баробари ҳаммомҳо, ин шабу рӯз меҳмонхонаҳо низ ин талаботро ҷорӣ кардаанд. Маҳваш, як сокини шаҳри Душанбе, барои анҷоми чанд кораш дар Хуҷанд қарор дорад. Ӯ гуфт, ҳоло аксар меҳмонхонаҳои хусусӣ дар даромадгоҳ навиштаанд, ки "дар як утоқ будани зану марди номаҳрам манъ аст".
Ин дастур аз ҳоло тарафдорон ва мухолифони худро дорад. Тарафдорон чунин рафтори мақомотро аз рӯи ахлоқи мусалмонӣ ва қобили таҳсин медонанд. Аммо мухолифон мегӯянд, ки Тоҷикистон кишвари демократист ва ҳар кас ҳаққи интихобро дорад, аз ҷумла барои истироҳат ё будубош бо ҳамсар ваё ҳар шахси писандидааш дар ҳаммом ваё меҳмонхона ё ҷойи дигар.
Намояндагони баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ низ мегӯянд, ки "эҷоди монеа дар истифода аз хидматрасонии маконҳое ба мисли меҳмонхонаву гармобаҳо як навъ маҳдудкуни ҳуқуқи хонаводаҳо ва сокинон аст".
Сахттар шудани назорат аз фаъолияти кори ҳаммомҳо дар Душанбе дар ҳолест, ки дар гузашта кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар осоишгоҳу "сауна"-ҳо ва марказҳои маҳси бадан, ба гуфтаи онҳо, "фоҳишахона"-ро кашф кардаанд.
Бар асоси омори расмии Вазорати корҳои дохилӣ танҳо дар соли 2017 дар Тоҷикистон 716 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст, ки 80 дар сади онҳо аз тарафи афроди аз 18 то 30-сола содир шудааст. Ҳамчунин дар як сол фаъолияти 288 фоҳишахона ошкор шудааст.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, қаблан дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ ҳудуди ду ҳазор зан бо ҷурми ҷиноятҳои ахлоқӣ ё танфурӯшӣ сабт шудаанд.